Иттифоки журналистони Тоҷикстон тасмим гирифтааст, дар мӯҳлати наздиктарин як гурӯҳи кориро таъсис диҳад, ки он ба  омӯзиши масъалаи тарҳи осорхонаи журналистикаи тоҷик машғул хоҳад шуд.

Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов  ба мо дар ин бора хабар дода, қайд намуд, ки Ҷаласаи солонаи Раёсати ИЖТ, ки ба наздикӣ баргузор гардид,  дар ин бобат қарори дахлдор қабул кардааст. Ҳамчунин дар ин ҷаласа таъкид гардидааст, ки соли ҷорӣ корҳои омодасозии Энсиклопедияи журналистикаи тоҷик  ба анҷом расонида шавад.

ИЖТ ният дорад, ки соли равон дар назди Иттифоқ маҳфили сармуҳаррирон ва шӯъбаи фотожурналистикаро созмон диҳад.

odob.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер