gazeta

Субҳи имрӯз – 15 январи соли 2014 нахустин шумораи нашрияи нави «Ҳафта» аз чоп баромад.

Тавре ба мо муҳаррири ин ҳафтанома Ҳикматуллоҳи Ҳикматзод хабар дод, ин ҳафтаномаи тозанашри тоҷик, ки дар гузашта бо номи “Овоза ва Ҳақиқат” ба табъ мерасид, моҳи октябри соли 2013 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйири ном кард ва дубора фаъолияти худро аз сар гирифт.

-Нашрияи «Ҳафта» дар матбааи «Интишор» бо теъдоди  1000 нусха ба чоп расидааст, - гуфт Ҳикматуллоҳи Ҳикматзод. Дар шумораи нахустини он матолиби сиёсию иҷтимоӣ ва динӣ  ба монанди «Исфара – 2014 такрори соли 1992»  нашр гардида, ҳамчунин хонандагон метавонанд мусоҳибаи рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Абдуқаюми Қаюмзодро бо шоири халқии Тоҷикистон устод Мӯъмин Қаноат мутолиа намоянд. Дар ҳафтаномаи «Ҳафта» рӯзноманигорони чирадасти дигар, ба монанди Салими Аюбзод, Раҷаби Мирзо ва Насибҷони Амонӣ  мақолаҳои худро нашр кардаанд, - илова намуд ӯ.

Ҳотирнишон мекунем, ки муассиси ин ҳафтаномаи нав Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди “Марям” мебошад.

odob.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер