Шурӯъ аз соли нав нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон - «Ҷумҳурият», ки имсол ҷашни 90-умин солгарди таъсисёбиаш таҷлил мегардад, дар як ҳафта 5 маротиба ба табъ мерасад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз идораи нашрия хабар доданд, бинобар сабаби «хеле зиёд будани мавод ва имкон надоштани газета ба чопи саривақтии он», тасмим гирифта шудааст, ки ҳар ҳафта 5 шумораи газета ба чоп хоҳад расид.

«Дар замони шӯравӣ нашрия дар як ҳафта 6 маротиба чоп мешуд ва дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ чопи он ба 1 шумора дар як ҳафта расид. Аз соли 2000-ум дар як ҳафта рӯзнома 3 маротиба ба нашр мерасид. Айни замон имконоти молии кишвар хубтар буда, мутаносибан талаботи аҳолӣ ба газета низ меафзояд», - гуфт манбаъ.

Нахустин шумораи газета 15-уми марти соли 1925 бо номи «Иди тоҷик» ва шумораи дуюм таҳти унвони «Бедории тоҷик» ба табъ расид. Аз соли 1928 то 1-уми январи соли 1955 газета «Тоҷикистони Сурх» ва аз 1-уми январи соли 1955 то моҳи сентябри соли 1991 «Тоҷикистони Советӣ» ном дошт. Аз моҳи сентябри соли 1991 то имрӯз газета таҳти унвони «Ҷумҳурият нашр мешавад.

Аваз Юлдошев, "Азия-Плюс"

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер