Раёсати Суди вилояти Суғд ҳукми Суди сайёри ноҳияи Мастчоҳро дар бораи 11 сол ҳабс намудани Муҳаммадюсуф Исмоилов бетағйир гузоштааст.

Садриддин Саидов, вакили дифоъи рӯзноманигор мегӯяд, рӯзҳои наздик аз болои ин ҳукм ба Суди олии Тоҷикистон шикоят мебарад.

Мавриди зикр аст, ки дар таърихи 27-уми ноябр Коллегия оид ба парвандаҳои ҷиноии Суди вилояти Суғд ҳукми Суди сайёри ноҳияи Мастчоҳро дар нисбат ба  Муҳаммадюсуф Исмоиловро бетағйир боқӣ гузошта буд.

Бино ба иттилои вакили дифоъ, пас аз баррасӣ Коллегия оид ба парвандаҳои ҷиноии Суди вилояти Суғд ҳукми Суди ноҳияи Мастчоҳро дуруст ҳисобид ва онро бетағйир гузошт.

5-уми ноябр Садриддин Саидов, вакили дифои Муҳаммадюсуф Исмоилов, аз болои ҳукми Суди ноҳияи Мастчоҳ ба Коллегияи Суди вилояти Суғд шикояти кассатсионӣ бурда буд.

Ба ин тартиб Раёсати Суди вилояти Суғд зинаи дуввуми суд аст, ки ҳукми Муҳаммадюсуф Исмоиловро бетағйир гузошт.

Муҳаммадюсуф Исмоилов, ки дар таърихи 28-уми октябри соли равон бо ҳукми Суди ноҳияи Мастчоҳ барои тамаъҷӯӣ ва қаллобӣ ба мӯҳлати 11 сол аз озодӣ маҳрум шуд, ҳукми судро ноодилона арзёбӣ карда буд.

Мувофиқи ҳукми Суд, Муҳаммадюсуф Исмоилов баъд аз раҳоӣ аз зиндон наметавонад тӯли панҷ сол ба фаъолияти хабарнигорӣ машғул шавад.

Айбдоркунандаи давлатӣ барои Муҳаммадюсуф Исмоилов, ки ба тамаъҷӯӣ айбдор мешавад, аз Суд 14 соли зиндонро талаб карда буд.

Адвокати рӯзноманигор - Садриддни Саидов - дар мурофиа гуфт: "Айбҳои эълоннамуда нисбати Исмоилов дар ҷараёни мурофиаҳои судӣ исботи худро наёфтанд ва далели сабти овоз аз сӯҳбати телефонии Муҳаммадюсуф Исмоилов, ки гӯё тамаъҷӯӣ кардааст, фикри айбдориро собит накардааст".

Худи Муҳаммадюсуф Исмоилов дар рӯзи аввали мурофиаи судиаш, ки 22-юми октябр шурӯъ шуда буд, гуфт, ки "худро гунаҳкор намеҳисобад".

TojNews

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер