(11 декабр - 25 декабри соли 2013):

«Чархи гардун», (Сармуҳаррир: Муҳаммадалӣ Мақсадуллоҳ). № 50 (901), 11 .12.2013:

Дар шумораи навбатии ҳафтанома«Чархи гардун» ин ҳафта маводе ба табъ расидаанд, ки онҳо аз рафти ҳаводиси кишвар: сиёсат, иҷтимоъ, фарҳанг тағйироти кадрӣ дар ҳукумати кишвар иттилоъ медиҳанд. Дар онҳо назокати сухан, одоби нгигорандагӣ риоя гардидааст. Кормандони ҳафтанома дар рафти омодасозии хабару гузоришҳояшон «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро арҷ гузоштаанд.

 

«Чархи гардун», (Сармуҳаррир: Муҳаммадалӣ Мақсадуллоҳ). № 51 (903), 18 .12.2013:

Аз шумора то шумора мо дарк менамоем, ки дар рафти инъикоси ҳодисаву воқаҳои кишвар ҳафтаномаи «Чархи гардун» бо назокат сухан гуфта, меъёрҳои ахлоқиро риоя менамояд. Дар маводи қаблие, ки аз ҷониби ВКД пешкаш мегардиданд, баъзе ҳолатҳои вайроншавии «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» ба назар мехурд, ки басо нигаронкунанда буданд. Хушбахтона, тайи ду ҳафтаи охир ҳафтанома хабару гузоришҳои ВКД-ро бо шаклу услуби нав пешкаши хонандагон мегардонад, ки қобили қабул аст.

«Муҳаббат ва оила», (Муҳаррир: Нуъмон Низомӣ). № 51(655), 17-23. 12.2013:

Мо аз он чи дар ин ҳафтанома тули зиёда аз чор моҳ мутоила намудем, пурфаҳштар аз қиссаи «Зино накун, оча!», ки идомае аз қиссаҳои нотамоми ҳафтанома аст, надидаем. Дар ин қисса бо овардани саҳнаҳои фаҳшу фуҷур ба иффату фарҳанги миллӣ иснод овардааст ва он ҳама таблиғи касифиҳо буда, сабабгори косташавии бандҳои 5 ва 10-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» гардидаст.

Қиссаи дигари давомдори ин ҳафтанома «Оча, моро бикуш!» аст, ки дар он бо овардани алфози қабеҳ ва носазо, фарҳанг ва маънавиёти миллиро зери суол мебарад. Ин қисса низ ҷо-ҷо бо овардани саҳнаҳои фаҳш, таблиғи фаҳшро бозгӯ буда, хилофи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» мебошад.

Дар қиссаи «Ба каси дигар намерасам» низ, алфози қабеҳ, калимаву ибораҳои носазо, ки хоси матбуот нестанд, рӯи саҳифа оварда шуда, пешкаши муштарӣ гардидаанд, ки ин хилофи одоби нигорандагӣ мебошад.

Тавсия:

Бо назокат сухан гуфтан, маданият аст. Ин маданиятро мо, рӯзноманигорон бояд муҳофиз бошем ва тавониста бошем, ки боадабона ва бо назокат сухан гӯем. Аз ин рӯ, ба аҳли эҷоди ин ҳафтанома тавсия мешавад, ки дар раванди кори пурмасъули хеш, ба «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» рӯ оварда, нигоштаҳояшонро дар чаҳорчӯби меъёрҳо рӯи чоп меоварданд.

«Муҳаббат ва оила», (Муҳаррир: Нуъмон Низомӣ). № 52(655), 24-30. 12.2013:

Ин шумораи ҳафтанома «Муҳаббат ва оила»-ро агар бидуни ҳамон қиссаи давомдори «Зино накун, оча!», тасавур намоем, дар нигориши дигар қиссаву мавод «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» риоя гардидаанд. Аммо боз ҳамон «Зино накун, оча!» ҳусну қубҳи ҳафтаномаро коста гардонида, ба нақзгардии бандҳои 5-10-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»  сабаб гардидааст.

Тавсия:

Ба идораи ҳафтаномаи  «Муҳаббат ва оила» тавсия дода мешавад, ки дар раванди кори эҷодии худ, ба «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» арҷгузор бошанд.

«Оила», (Сармуҳаррир: Фирӯза Сатторӣ). № 51 (723), 18.12 .2013:

Қиссаи наву нангину даҳшатбори ҳафтаномаи «Оила» «Бародари ҷаллод» ном дорад, ки оид ба таҷовузи хоҳар аз ҷониби бародарро рӯи саҳифа оварда, дар косташавии ахлоқи мардум саҳмгузор аст. Ин қисса, ки саропо бо лаҳни дурушт ва саҳнаҳои фисқу фуҷур пешкаши хонанда гардидааст, бидуни шакку шубҳа, таблиғи фаҳш буда, хилофи одоби нигорандагист. Борҳо хотиррасон шудем, ки нашрияҳо бояд аз таблиғи ин гуна мавод даст кашанд, зеро ин ҳама боиси афзоиши чунин ҳодисаҳои нангин мегарданд. Вале мутаассифона, кормандони ҳафтаномаи «Оила» дар ин бобат худро ба нодонӣ зада, тамоми фисқу фуҷурашонро болои саҳифа рехта, ба муштарӣ пешниҳод менамоянд. Ғайр аз ин, расми дар ин саҳифа чоп карда низ хилофи меъёрҳои ахлоқист.

Дар қиссаи дигари ин ҳафтанома, ки «Найрангҳои Марҷонаи бачабоз» ном дорад, низ аз саҳнаи фисқу фуҷур лаболаб буда, косташавии одоби нигорандагӣ ба назар мехурад ва дар дар он иффату маданияти миллӣ коста гардидааст.

Дар саҳифаи 11-уми ҳафтанома қиссаи дигареро бо номи «Магазинчии зандузд» мехонем, ки дар он низ бо овардани саҳнаҳои фисқу фуҷур, меъёрҳои ахлоқиро нодида гирифтаанд.

«Мамарозаро Худо зад» ном қиссаи дигари давомдори ин ҳафтанома, бо овардани саҳнаҳои фаҳш ва ҷо-ҷо алфози қабеҳ, боиси косташавии «Меъёрҳои ахлоқии фаъолитяти журналистӣ дар Тоҷикистон» гардидаанд. Ростӣ, ин гуна маводи носолими ҳафтанома мардумро билкул барои амалҳои шаҳвонии нопоку пур аз касифӣ роҳнамун месозанд.

Тавсия:

Барои кормандони ҳафтаномаи «Оила» гуфтанием, ки дар доираи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» сухан гуфтанро бояд омӯзанд.

«Оила», (Сармуҳаррир: Фирӯза Сатторӣ). № 52 (724), 25.12 .2013:

Дар арафаи соли нав  ҳафтаномаи «Оила» бо ҳамон илҳоми «худодод»-и фаҳшнависӣ, сари қиссаву ҳикоёти хаёлии худро чунон боз намуда, ки ҳар хонандаи ҳушманд бо хондани чунин мавод амбори лаънатро ба суроғаи муаллифи он ирсол хоҳад дошт. Идораи ҳафтанома дар саҳифаи шашум, зери рубрикаи «Навиштам номае…» чандин номаҳоро рӯи чоп овардааст, ки аксари онҳо дар доираи фарҳанги миллӣ намеғунҷанд. Яъне, услубу шакли онҳо бо шеваи кеӯчагӣ буда, дар ин нигошатаҳо алфози қамбеҳ мавриди истифода қарор гирифтаанд. Масалан, хабарҳои «Арӯси Ҳикматуллоро дуздид», «Духтарбозиат саратро мехӯрад. Рухшед!», «Шаби соли нав дугонаи занам ба ҷойгаҳам даромад», аз инқабиланд. Дар баёни ин номаҳо банди 5-и  «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» коста гардидааст.

«Найрангҳои Марҷонаи бачабоз» идомаи қиссаест аз шумораҳои гузаштаи ҳафтанома, ки бо овардани саҳнаҳои фаҳшу баъзе кирдорҳои зишт ва макру ҷодугарӣ ин амалҳоро таблиғ намуда, дар тарғиби хушунату фисқу фуҷур саҳм гузоштааст. Дар инъикоси ин қисса банди 10-и  «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» коста гардидааст.

Қиссаи дигари давомдори ин ҳафтанома бо номи «Магазинчии зандузд» низ, бо овардани саҳнаҳои хушунат ва фаҳш, боис ба косташваии банди 10-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» гардида, фарҳанг ва иффати миллиро зери суол қарор медиҳад.

Ҳафтаномаи «Оила» ҳамчун таблиғгари фисқу фуҷур ва пастзанандаи иффату фарҳанги миллӣ, ҳанӯз аз идомаи ҳамон қиссаи давомдори «Мамарозаро Худо зад» даст накашида, бо баёни лаҳзаҳои шаҳвонӣ ва рафтори номатлуби қаҳрамонони қисса, ба косташавии бандҳои 5-10-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» боис гардидааст.

«Ману ту», (Сармуҳаррир: Парвина Бухориева). № 51(296), 18.12.2013:

«Ману ту» дар навиштаҳои ин ҳафтаинааш, ки басо ҷолибу хонданиянд, кушиш бар он равона кардааст, ки онҳоро то бо назардошти «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» пешкаши муштариёнаш гардонад.

«Зан ва мард», (Сармуҳаррир: Меҳрафрӯз Неъмонзода). № 49(414), 18.12.2013:

Мо дар хусуси он ки кормандони ҳафтаномаи «Зан ва мард» оддитарин одоби нигорандагиро намедонанд, дар гузашта ба такрор гуфта будем. Баробари ба даст гирифтани шумораи навбатии ин ҳафтанома, чун кас ба саҳифаи аввали он дида медӯзад, мебинад, ки болои акси ҳофизаҳо Фаридаи Бахтиёр ва Саидаи Сирорҷиддин навиштаанд: «Арӯс не, ҳофиза овардем!», дар зери сурати чеҳрахандони бону Сарвинози Юсуфӣ нигоштанд: «Никоҳ ва талоқ» ва аз ҳама шигифтовар он аст, ки дар болои акси Шаҳбози Неъмон, Шаҳроми Абӯбакр ва ҳофиза Бунафша Раҷабова ба таҳқир чунин навиштаанд: «Таҷовузи духтари ноболиғ» ва дар поёни сурати ин се омадаст: «Як соли ситораҳо». Яъне, мазмун чунин мешавад, ки таҷовузи духтари ноболиғ як соли ситораҳост. Дигар ин ки чаро ин чеҳраҳо бо чунин фаҳшнигории кормандони идораи ҳафтанома хомӯширо пеша кардаанд? Наход онҳо бо чунин таҳқирҳои ноҷо созиш кунанд?. Аз ин рӯ, ин амали кормандони ҳафтаномаи «Зан ва мард» хилофи бандҳои 2, 7-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» буда, боиси пастзании шаъну шараф ва эътибори шахс гаштаанд.

Мо дар шигифтем, ки чаро сатҳи забони матбуоти имрӯзи мо ба сатҳи забони кучаву бозор, ҳатто пасттар аз он, баробар шудааст? Ин ҳолатро метавон дар маводи «Занам душманам шудааст?» дид, ки он ҳама хилофи одоби нигорандагӣ мебошанд.

Чандест, ки матбуот дар саҳифаҳои худ оид ба таҷовузи ноболиғон сару садоҳо боло мекунад, вале оё ин сару садоҳо ба манфиати кор аст? Магар ин ҳама сару садоҳо боиси авҷгирии ин амали нангин нагардида истодаанд? Зеро ҳар қадаре, ки матбуот ин мавзӯъро оммавӣ намояду байни аҳолӣ доман густурад, ҳамон қадар беимононе даст ба ин амали номатлуб мезананд. Мо қаблан дар нигоштаҳоямон гуфта будем, ки ин омил бояд бо шаклу мазмуни дигар рӯи саҳифаи чопӣ омада, пешкаши хонанда гардад. Вале мутаассифона, ҳол чунонест, ки буд. Дар саҳифаи 5-уми ҳафтаномаи «Зан ва мард» маводе бо номи «Таҷовузи духтари ноболиғ» дарҷ гардидааст, ки манбаи он радиои «Озодӣ» ишора гардидааст. Худи ба ин мавзӯъ баргаштану онро боз гӯшзад намудан, на он қадар хушоянд аст. Зеро ҳар амали зиштро бештар ба ҷилва оварӣ, он ҳамон қадар байни мардум тобишҳои гуногунро ба миён меоварад. Аз ин лиҳоз, бо чопи ин мавод ҳафтанома маърифат ва иффати милиро коста намудааст.

Тавсия:

Ба идораи ҳафтаномаи «Зан ва мард» тавсия дода мешавад, ки нисбат ба касбияти хеш серталабу масъулиятшинос буда, «Меъёрҳои ахлоқии журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро риоя намоянд.

«Зан ва мард», (Сармуҳаррир: Меҳрафрӯз Неъмонзода). № 50(415),25.12.2013:

«Янгаи ҷоҳил», «Бачабоз», «Орзуҳои солинавии ҳунармандон». Ин сатрро хонда кас  ҳайратзада мегардад, ки наход орзуи солинавии  ҳунармандон ҳамин гуна бошад. Боз ҳам дар ин ҷо дар саҳифаи якуми ҳафтанома, ки таблиғи маводи он аст, чунин саҳлангориро дида, бар он шубҳа менамоед, ки кормандони ҳафтанома, аз моҳияти кори худ огоҳие доранд ва ё на? Ин ҷо  бандҳои 2 ва 7-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» коста гардидаанд.

Дар қиссае бо номи «Бачабоз», ки аз кирдорҳои кадом як ҷавони ҳардамхаёлу бадрашк нақл мекунад, гузшоштани чунин сарлаҳва аз рӯи одоби нигорандагӣ нест. Чун қисса нав оғоз мегардад, дар он оид ба бачабозӣ чизе гуфта нашудааст, вале тарс аз он аст, ки дар идомаи он саҳнаҳои номуносиберо ба тасвир кашида, ин амали ноҷоро таблиғ менамоянд, ки хилофи банди 10-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» мебошад.

Тавсия:

Хештаншинос буд, то дар густариши фарҳангу иффати миллӣ саҳми хешро дошта бошӣ. Аз ин рӯ, аз кормандони ҳафтаномаи «Зан ва мард» таманнои онро дорем то бо арҷ гузорӣ ба меъёрҳои ахлоқӣ, дар эъмори ҷомеаи солиму бофарҳанг саҳмгузор бошанд.

«Мушфиқӣ», (Сармуҳаррир: Ҳ.Амир). №51 (487), 19.12.2013:

Хафтанома идомаи қиссаи «Доми духтари «наврас»-ро чоп намудааст, ки дар он бо овардани саҳнаҳои фаҳш, иффату фарҳанги миллӣ коста гардидаанд ва ин хилофи банди 5-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» мебошад.

Тавсия:

Ба идораи ҳафтаномаи «Мушфиқӣ» тавсия дода мешавад, ки дар раванди кори ҳаррӯзаи худ меъёрҳои ахлоқиро риоя намоянд.

«Тоҷикистон», (Муҳаррир: Абдумудассир Аҳмадзода). № 51(1042), 19.12.2013:

Ҳафтаномаи  «Тоҷикистон» дар шумораи навбатии худ бо номи «Иморат кунем, на ин ки фазл бифрӯшем», хурдагириҳои Азизи Сангинро (Дар ҳошияи мақолаи Зафари Суфӣ - «Эътироз» («Озодагон», 22 ноябри 2013), рӯи чоп овардааст, ки хилофи банди 16-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» мебошад. Зеро ҷавоби мазкур аз рӯи одоби касбӣ дар ҳамон рӯзнома ё ҳафтаномае бояд дарҷ карда мешуд, ки дар он маводи асл рӯи чоп омада бошад. Яъне, аз рӯи одоби касбӣ Азизи Сангин бояд ҷавобияи худро дар ҳафтаномаи «Озодагон» рӯи чоп меовард, на дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон». Ин ҷо идораи ҳафтанома ҳамрайъии касбиро нодида гирифта, «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» -ро халалдор намудаанд.

Тавсия:

Ба кормандони ҳафтаномаи «Тоҷикистон» тавсия дода мешавад, ки маводи худро дар такя ба «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» рӯи чоп оваранд.

Хулоса, дар ҳафтаҳои сипаригардида, нашрияҳои «Муҳаббат ва оила», № 51-52(655-56),16-24.12-2.12.2013; «Оила», № 51-52(723-24), 18-24.12-2.12.2013; «Зан ва мард», № 49-50(414-15), 4.12-2.12.2013; «Мушфиқӣ», №51 (487), 19.12.2013; «Тоҷикистон», № 51(1042), 19.12.2013; дар баёни ҳодисаву воқеаҳо бандҳои 2,5,7,10,16-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро нақз кардаанд.

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер