Масъулони Додгоҳи шаҳри Душанбе шоми 26 декабр Абдураҳим Шукуров, наворбардори “Озодагон”-ро бо 320 сомонӣ ҷарима аз боздошт озод кард. Оқои Шукуров шаби 26 декабр, дар ҳоле ки вакили мудофеъ надошт ва аз латту кӯб шуданаш аз тарафи маъмурони пулис шикоят мекард, барои 7 рӯз ҳабси маъмурӣ шуда буд.

Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Абдураҳим Шукуров, гуфт, дар қарори додгоҳи шаҳри Душанбе омадааст, ки гӯиё наворбардори “Озодагон” дар рӯзи эълони ҳукми Зайд Саидов “бо наворбардории худ ба талаботи қонунии кормандони милиса ҳангоми таъмини тартиботи ҷамъиятӣ итоат накардааст.”

Бино ба қарори додгоҳ, ин амали наворбардори “Озодагон” оромии шаҳрвандон -- Эмомалӣ Раҳимбердиев, Амина Каримова ва чандеи дигарро халалдор намуда, таваҷҷуҳи ҷомеаро ба мурофиаи "Зайд Саидов" ҷалб намудааст. 

“Дар натиҷа, ин амалаш боиси халалдор намудани ҳаракати васоити нақлиёт дар роҳи мошингарди кӯчаи Мирзо Турсунзода шуд”,-омадааст дар қарори додгоҳ. Аммо Абдураҳим Шукуров баъд аз раҳоияш аз боздошт гуфт, худро ба ҳеч ваҷҳ гунаҳкор намеҳисобад, чун барои фаъолиятҳои касбияш боздошт шудааст. Шукуров гуфт, баръакс, ҳуқуқи ӯ аз тарафи маъмурони пулиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ нақз шуда, мавриди зарбу лат қарор гирифтааст. “Онҳо ҳатто дар вақти боздошт маро дашномҳои қабеҳ гуфтанд, ки баёнаш он қадар кори осон нест",-афзуд ӯ. 

Дар ҳамин ҳол, Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, изҳор дошт, ки озодии Шукуров маънои онро надорад, ки ҷомеаи журналистӣ ба нақзи ҳуқуқи ӯ аз сӯи маъмурини пулис чашм мепӯшад: "Мо муборизаро идома медиҳем, зерои ҳуқуқҳои журналист ҳангоми адои вазифаи хидматияш поймол шудаанд." Қаршибоев ҳамчунин изҳори умед кард, ки талаби онҳо барои мулоқоти раҳбарони созмонҳои журналистӣ ва срадабирони нашрияҳои мустақил бо Рамазон Раҳимов баргузор шуда, ӯ ба суолашон посух хоҳад дод. 

Рӯзи 26 декабр як гурӯҳ аз раҳбарони созмонҳои журналистӣ ва бархе аз сардабирони нашрияҳои мустақил дар пайи ин қазия аз Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, хостанд, то онҳоро барои як сӯҳбати рӯбарӯ бипазирад ва омилони латту кӯби Шукуровро муҷозот намояд.

Абдураҳим Шукуров, наворбардори хабаргузории “Озодагон”, ҳангоми наворбардорӣ аз рафти таҷаммӯи наздикон ва ҷонибдорони Зайд Саидов дар назди боздоштгоҳи муваққати шаҳри Душанбе дастгир шуд. Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршиноси тоҷик, ҳамон вақт барои раҳоии ӯ талош карда, аммо маъмурони пулис Шукуровро дар худрав шинонда бо худ бурдаанд.

 

Ozodagon.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер