Мавҷуда Соҳибназарова, узви фаъоли гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби Тоҷикистони навро ба шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ даъват кардаанд.

Як узви ин гурӯҳ ба Озодӣ гуфт, ки тақрибан соати 11:30 дақиқаи рӯзи 26--уми декабр Мавҷуда Соҳибназарова ба онҳо занг зада дар мавриди даъвати худ ба идораи пулис хабар додааст. Ин манбаъ гуфт, ки пас аз он тамос бо хонум Соҳибназарова қатъ шуд ва онҳо дақиқ намедонанд, ки ӯ ба куҷо бурда шудааст.

Аз ин қабл ва ба дунболи эълони таъсиси ҳизби Тоҷикистон нав, Мавҷуда Соҳибназарова чанд дафъа аз тариқи телефон ва дарёфти нома таҳдид шуда буд.

Мавҷуда Соҳибназарова дар моҳи август бо ҷурми ширкат дар як флешмоб бо талаби раҳоии Зайд Саидов ба маблағи 280 сомонӣ ҷарима баста шуд. Додгоҳ ширкати ӯву ҳамсафонаш дар ин эътирозро бар асоси Кодекси маъмурӣ майдаавбошӣ ҳукм кард, чунки ба гуфтаи мақомоти пулис, онҳо бо сар додани пуфаку кабӯтарҳо аз боми маҷмаъи тиҷории “Пойтахт гӯё тартиботи ҷамъиятиро халалдор кардаанд.

Мавҷуда Соҳибназарова ба унвони хабарнигор ва таҳлилгари масоили иқтисодӣ  дар Радиои Тоҷикистон ифои вазифа кардааст. Баъдан дар вазорати маорифи Тоҷикистон, маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” ҳам фаъолият намуда, дар моҳи сентябр аз мақоми мудири бахши тиҷоратии маҷалла барои ҷавонони “Истиқбол” (Машъал”-и қаблӣ) канор рафт. Хонум Соҳибназарова он замон гуфт, ки на зери фишори масъулони маҷалла, балки бо хоҳиши худ тарки кор кардааст.

Ozodi

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер