Дирӯз 25 декабр, тақрибан соати 14.15, Абдураҳим Шукуров, наворбардори Хабаргузории “Озодагон”, ҳангоми иҷрои вазифаи касбӣ, дар наздикии боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ аз сӯи кормандони шӯъбаи  корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт боздошт шуда, ҳангоми интиқол ба ШКД лату кӯб шудааст. Кормандони ШКД журналист Абдураҳим Шукуровро барои гӯиё вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ муттаҳам намуда, барои ҳафт шабонарӯз ҳабс кардаанд. Ҳол он ки тарзи рафтори муҳофизони тартиботи ҷамъиятӣ, ки журналистро ҳангоми иҷрои вазифаи касбӣ боздошт намуданд, талаботи моддаи Моддаи 162 –и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон - « Монеъ   шудан  ба  фаъолияти қонунии касбии журналистон»-ро нодида гирифтанд ва ҳам бо журналист ҳамчун ба шахси ҷинояткори барои ҷомеа хавфнок муносибат карда, ҳангоми бозгашт ҳуқуқҳои шаҳрвандии ӯро поймол намуданд.

 

Боиси нигаронӣ ва ташвиши мост, ки чунин рафтор ва муносибати кормандони мақомоти ҳифзи тартибот бо журналистон бори аввал набуда, солҳои охир барои мақомоти қудратӣ ҳодисаи маъмулӣ гардидааст. Монеъ шудан ба фаъолияти журналист дар ҷомеаи демократӣ, ки Тоҷикистони мо дар раванди эъмори он қадам мезанад, ба сони поймол кардани ҳуқуқи инсон барои дастрасӣ ба иттилоот арзёбӣ мегардад. Зеро журналистон новобаста аз хушоянд будан ва ё набудани воқеаву ҳодиса, вазифадоранд аз ҳар рӯйдод ба ҷомеа иттилоъ дода, бо ин кори худ ба халалдор нашудани фазои иттилоотии кишвар ва таъмини амнияти иттилоотии ҷомеа мусоидат намоянд.

Мо, ҷомеаи журналистии Тоҷикистон рафтору муносибати кормандони шӯъбаи  корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар нисбати  журналист Абдураҳим Шукуровро зуҳури муносибати ғайрикасбии мақомоти ҳифзи тартибот ҳисобида, аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон  тақозо дорем, ки  журналисти ҷабрдида ба зудӣ аз ҳабсу таъқиб озод карда, дар нисбати кормандони дахлдори қазияи мазкур чораҳои қонунӣ андешида шавад.

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон,

Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори мустақили Тоҷикистон,

Медиа-Алянси Тоҷикистон.

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер