Масъулони Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе мегӯянд, парвандаеро алайҳи Абдураҳим Шукуров, наворбардори “Озодагон”-ро дастрас накарда, қарореро низ барои ҳабси ӯ содир нанамудаанд.

Ин нуктаро Темур Ҳафизов, муовини раиси Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, рӯзи 26 декабр дар суҳбат бо “Озодагон” баён дошт. Вай афзуд, мақомоти пулис ҳақ надоранд, аз пеши худ, бидуни қарори додгоҳ шаҳрвандро барои ҳафт шабонарӯз ҳабс намоянд: “Мақомот метавонад, танҳо ба муҳлати 3 шабонарӯз барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ шаҳрвандро бе қарори додгоҳ боздошт намояду бас”. Дар дафтархонаи умумии Додгоҳи Исмоили Сомонӣ, ки тамоми парвандаҳоро аввалин шуда ба қайд мегиранд, ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки парвандаи Абдураҳим Шукуров ба ин додгоҳ ворид нагардидааст. Абдураҳим Шукуров, наворбардори “Озодагон” зӯҳри 25 декабр дар наздикии боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ аз сӯи мақомоти пулиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ боздошту латукӯб шудааст.

Ozodagon.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер