Абдураҳим Шукуров, наворбардори “Озодагон”, ки зӯҳри 25 декабр дар наздикии боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ аз сӯи мақомоти пулис боздошт шуда буд, ҳафт шабонарӯз ҳабс шудааст. Дар ин бора Хуршед Раҳмонов, муовини раиси шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, хабар дод. Мақомот мегӯянд, Шукуров барои гӯиё вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ муттаҳам мешавад.

Ин дар ҳолест, ки қаблан худи Раҳмонов ба масъулони “Озодагон” ваъда дод, ки Абдураҳим Шукуровро барои ташхис ё экспертиза мебарад ва баъдан раҳо хоҳад кард. Зеро наворбардори “Озодагон” дар як дидори кӯтоҳ бо масъулони хабаргузорӣ шикоят кард, ки ӯро баъд аз боздошт дар роҳ ба сӯи Шӯъбаи умури дохилӣ латту кӯб кардаанд ва ноҳияи чашмаш осеб дидааст.  Абдураҳим Шукуров, наворбардори хабаргузории “Озодагон”, ҳангоми наворбардорӣ аз рафти таҷаммӯи наздикон ва ҷонибдорони Зайд Саидов дар назди боздоштгоҳи муваққати шаҳри Душанбе дастгир шуд. Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршиноси тоҷик, ҳамон вақт барои раҳоии ӯ талош карда, аммо маъмурони пулис Шукуровро дар худрав шинонда бо худ бурдаанд. 

Хонум Бобоназарова дар сӯҳбат ба "Озодагон" гуфт, "ман хостам, сӯҳбат кунам ва бигӯям, ки вай ҳеч қонунро вайрон накардааст. Онҳо нагузоштанд ва гуфтанд, ки мо мебарему ҷавоб медиҳем. Ман гуфтам, модоме ки ҷавоб доданӣ ҳастед, чаро мебаред? Яъне, методе ки бояд тарс диҳанд, ҳеч аз он дур намешаванд. Роҳбарияти Вазорати умури дохилӣ бояд ба ин фактҳо аҳамият диҳанд."

Ozodagon.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер