Абдураҳим Шукуров, наворбардори хабаргузории “Озодагон”, рӯзи 25 декабр аз сӯи кормандони пулис боздошт ва ба шуъбаи умури дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт интиқол ёфтааст.

Шукуров ҳангоми наворбардорӣ аз рафти таҷаммӯи наздикон ва ҷонибдорони Зайд Саидов дар назди боздоштгоҳи муваққати шаҳри Душанбе дастгир шудааст. Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршиноси тоҷик, ҳамон вақт барои раҳоии ӯ талош карда, аммо маъмурони пулис Шукуровро дар худрав шинонда бо худ бурдаанд. 

Ҳоло наворбардори мо дар шӯъбаи пулис аст. Мақомот аз ҳар гуна шарҳи боздошти ӯ худдорӣ мекунанд.

Ozodagon.com

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер