Ҳисоботи Раиси Шӯрои ВАО и ҶТ Шарифзода Қироншоҳ дар Ҷаласаи солонаи Шӯрои ВАО – 12 декабри с.2013

Дар бораи фаъолият аз 30 ноябри соли 2012 то  12 декабри соли 2013

Шӯрои воситаҳои ахбори Ҷумҳурии Тоҷикистон (Шӯрои ВАО и ҶТ) ба ҳайси ташкилоти ҷамъиятии нозир ва танзимгари риоя ва татбиқи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар  Тоҷикистон» (30 октябри соли 2009) дар соли ҳисоботӣ баҳри иҷрои вазифаҳои пешгузошта фаъолият доштанд.

 

Аъзои Шӯрои ВАО-и ҶТ

(30 ноябри соли 2012 интихоб шудаанд):

 

Р/т

Ному насаб

Вазифа

Телефон

1

Шарифзода Қироншоҳ

Раиси Шӯро

90-4010110

2

Аламшоев Қурбон

Узви Шӯро

93-500-45-96

3

Исмоилов Зиннатулло

Узви Шӯро

91-9323402

4

Рустами Ҷонӣ

Узви Шӯро

98-8997373;

640-44-52

5

Сӯҳробшои Фаррухшоҳ

Узви Шӯро

95-1782148;

(83322)31398

6

Боқизода Мухтор

Узви Шӯро

95-1510075

7

Сафарова Асалмо

Узви Шӯро

91-8899103

8

Раҷаби Мирзо

Узви Шӯро

93-5808855

9

Дадобоев Маҳмудҷон

Узви Шӯро

92-8155510

 

Муассисони Шӯрои ВАО-и ҶТ

 

Р/т

Ташкилот

Тел.тамос

Шахси масъул

1

НАНСМИТ

935-04-30-13

Каршибоев Нуриддин

2

ҶДММ «Оила»

918-63-90-26

Ҳамдамов Шариф

3

ҶДММ «Чархи гардун»

93-576-99-99

Сатторов Акбаралӣ

4

Хазинаи гиромидошт

95-151-00-75

Боқизода Саидмухтор

5

ТОҶАНСМИТ

93-500-07-62

Асозода Мусо

6

ТВ «СМТ»

919-32-34-02

Исмоилов Зиннатулло

7

«Азия плюс»

935-03-20-15

Мамадшоев Марат

8

Маҷ. «Бонувони Тоҷикистон»

 

918-93-75-25

Ализода Ҳуринисо

9

ИЖТ

 

93-576-99-99

Сатторов Акбаралӣ

 

Чӣ кардем?

Дар давоми сол ба унвони Шӯрои ВАО 27 арзу муроҷиатҳо ба қайд гирифта шуд:

- шикоятҳо: 9

- арзҳо: 4

- хоҳишҳо: 14

Шикоятҳо аз ҷумла:

Аз журналист Абдуқаюми Қаюмзод (Р. «Озодӣ») дар бораи тамдид нашудани сабти ном дар ВКХ ҶТ (28.01.13)

- Дар якҷоягӣ бо ИЖТ, АМВАОМТ унвони вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ номаи муроҷиатӣ навишта шуд.

Вале ҷавоби хаттӣ нагирифтем.

Аз Сайфуллоева Адолат – журналист аз ноҳияи Қубодиён дар бораи ба нишастҳои матбуотии вилоятӣ роҳ надодани ӯ (15.02.13);

- Бо котиби матбуотии Раиси вилояти Хатлон тавассути сӯҳбати телефонӣ норавоии чунин муносибат фаҳмонида шуд.

Минбаъд ба нишастҳои матбуотии мақомоти давлатии вилояти Хатлон рӯзноманигорони хоҳишманд  аз ноҳияҳои вилоят даъват мешаванд.

Аз Баротов З. – мудири шӯъбаи саратоншиносии Маркази Миллии Тоҷикистон дар бораи суиистифода аз вазифаи касбии журналисти АМИТ «Ховар» Боева Мавзуна (20.02.13);

- Бо қарори Шӯро (28.02.2013), аз роҳбарияти АМИТ «Ховар» хоҳиш шуд, ки рафтори кормандашро дар ҷаласаи ҳайати эҷодии коргоҳ баррасӣ намоянд.

Аз Назири Нусрат- сармуҳаррири рӯзномаи «Нигоҳ» дар бораи пӯшида баргузор шудани мурофиаи газета дар Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ (13.03.13);

- Раиси Шӯро бо раиси Суди шаҳри Душанбе Ҳ.Шарифов дар ин бора сӯҳбат карда, зарурати дар шакли кушода гузаронидани ин гуна мурофиаҳоро таъкид намуд.

Аз муҳаррири нашрияи «Махзани илм»-и Донишгоҳи омӯзгории Панҷакент Анварбеки Абӯнаср дар бораи таҳриф шудани навиштаааш дар рӯзномаи «Зарафшон» (14.08.13);

- Ба редаксияи рӯзномаи «Зарафшон», инчунин ба ВАО тавсия дода шуд, ки ҳангоми ба чоп расонидани навиштаҳои муаллифон таҳрифи мавод ноҷоиз аст.

Аз журналист Мухторова Уғулой дар бораи тӯҳмат задани рӯзномаи «Народная газета» дар ҳаққи ӯ (02.10.133);

- Ба Мухторова Уғулой тавсия дода шуд, ки ҷавобияашро ба идораи нашрия пешниҳод намояд; Дар сӯҳбат бо котиби масъули «Народная газета» зарурати чопи ҷавобияи   Мухторова Уғулой фаҳмонида шуд.

 

Бо ташаббуси Шӯрои ВАО:

21.01.2013:

1.   Дар бораи мақолаи «Секс» дар ҳоҷатхона»-и ҳафтаномаи «Тоҷикистон» (№2(993), 10.01.2013)

Гузоришгарон: аъзои Шӯрои ВАО-и ҶТ Боқизода Саидмухтор ва Раҷаби Мирзо.

 

Ҷаласа қарор кард:

1.         Бо редаксияи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» Қарори Шӯрои ВАО дар бораи «Огоҳ намудани муҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» Аҳмадзода Абдумудассир ва муаллифи мақолаи «Секс» дар ҳоҷатхона» Фарангиси Фармон барои роҳ додан ба халалдоршавии «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» ҳангоми чопи мақолаи «Секс» дар ҳоҷатхона», ирсол гардад.

2.         Ба редаксияҳои воситаҳои ахбори омма тавсия мегардад, ки ҳангоми инъикоси мавзӯву масъалаҳои вобаста ба костагии ахлоқи наврасону ҷавонон, бо назардошти вижагиҳои суннатҳои миллӣ, ба ҷойгоҳу мавқеи ҳарфу сухан таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, ба таҳия ва таҳрири мавод бар асоси риояи принсипҳои фаъолияти касбӣ ҷиддӣ муносибат намоянд;

Бо вуҷуди ҳақдор будан ба ҷалби харидори иттилоот тавассути матолиби пуршару шӯр ва гоҳо ҳангоматалабона, ба қурбонӣ додани пос доштани иффати миллӣ, ки аз меъёрҳои бунёдии сухани катбӣ буда, дар «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» низ сабт гардидааст, набояд роҳ ёбад.

Бо ташаббуси Шӯрои ВАО:

04.07.2013:

Дар бораи матлаби Ольга Тутубалина «Неинтелегентно об интеллигенции» («Азия-плюс», 30 майи с.2013). (Гузориши аъзои Шӯрои ВАО Раҷаби Мирзо ва Боқизода Саидмухтор).

Ҷаласа қарор кард:

1. Азбаски матлаби батабърасонидаи Ольга Тутубалина «Неинтеллигентно об интеллигенции» танҳо назари шахсии муаллиф буда, дар он нишонаҳои таҳқир ба унвони шахси мушаххас вуҷуд надорад ва ба «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» мухолифат надорад, ҳангома сохтан аз ин мавзӯъ ба манфиат нест. Ин дар ҳолест, ки тибқи банди 4-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» «баёни андешаи ашхос мавриди санҷиш ва бозпурсӣ қарор намегирад».

2. Азбаски дар вокунишҳои матбуотӣ вобаста ба матлаби «Неинтеллигентно об интеллигенции» баръакс, ҳолатҳои халалдор шудани аз ҷумла бандҳои 5, 7, 9 –и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» ба чашм мехурад, лозим аст, ки кормандони идораҳои ВАО ҳангоми омода ва интишор намудани ҷавобия ва матолиби мубоҳисавии ҳаммонанд масъулияти бештар зоҳир намоянд.

3. Аз ҳамкасбон хоҳиш карда мешавад, ки дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ меъёри банди 16-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро, ки дар он омадааст - «Журналистон ВАО-ро барои хусумати шахсӣ ва ҷудоиандозӣ миёни ҳамкасбон истифода намекунанд», аз мадди назар дур насозанд.

 

Ширкат дар раванди қонунгузорӣ

- Қонуни нави ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» (19 марти с.2013) қабул гардид, ки дар ҳайати Гурӯҳи кории Парламенти Тоҷикистон оид ба таҳияи Қонуни мазкур раиси Шӯрои ВАО Шарифзода Қироншоҳ ва собиқ узви Шӯрои ВАО Қаршибоев Нуриддин ширкат доштанд.

 

- Дар Конференсияи ҷумҳуриявии «Вазъи имрӯза ва дурнамои озодии ВАО дар Тоҷикистон», ки бо ташаббуси Шӯрои ВАО-и ҶТ, 3 майи 2013 баргузор гардид, пешниҳод шуд, ки М. 330 («Таҳқири намояндаи ҳокимият») ва М.137 («Таҳқири оммавии Президенти ҶТ») аз КҶ ҶТ ба қонунгузориҳои гражданӣ гузаронида шавад;

 

Огоҳнамоии ҷомеаи журналистӣ ва аҳли ҷомеа аз раванди худтанзимкунӣ

- Аз нимаи дуюми моҳи июли соли 2013 сомонаи Шӯрои ВАО  www.odob.tj фаъолияташро барқарор намуд, ки ҳамарӯза доир ба  фаъолияти Шӯрои ВАО, раванди татбиқи принсипи худтанзимкунӣ, проблемаҳои озодии сухан, навигариҳои олами журналистика хабару гузоришҳо ба табъ мерасонад;

- Аз 20 июли соли 2013 Мониторинги риояи “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” ба роҳ монда шуд. Коршиносони соҳа матолиби нашршудаи 40 рӯзномаю маҷаллаҳои ҳукуматӣ, ҷамъиятӣ ва хусусӣ ва 10 сомонаҳои интернетиро ҳар ҳафта вобаста ба риояи меъёрҳои ахлоқи касбӣ баррасӣ намуда, барои ислоҳи камбудиҳо тавсияҳо пешниҳод менамоянд.

То рӯзи 11 декабри соли равон  натиҷаҳои 20 мониторинг ба табъ расидааст. Бояд гуфт, ки дар нашрияҳо нақзи бандҳои 5 (“Иффати миллӣ ва эҳтироми фарҳанги ғайр”), 7 (“Ҳифзи шаъну шараф ва эътибори шахс”), 8 (“Эҳтимоли бегуноҳӣ”), 10 (“гузоришҳои барангезанда ва ҳифзи ноболиғон”) бештар ба назар мерасанд.

- 3 майи соли 2013 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Шӯрои ВАО, дар ҳамдастӣ бо редаксияҳои нашрияҳои пешбар ва созмонҳои журналистӣ, бо ҳамкории Дафтари САҲА дар Душанбе  Конференсияи ҷумҳуриявии «Вазъи имрӯза ва дурнамои озодии ВАО дар Тоҷикистон» баргузор шуд, ки наздики 100 нафар ширкатдорони он оид ба масъалаҳои мубрами вазъи ҷорӣ ва рушди озодии баён дар партави меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ мубоҳиса ва табодули афкор намуданд;

-  6 майи с.2013 дар «Мизи мудаввар»-и ҷомеаи журналистии вилояти Суғд, ки Раиси Шӯрои ВАО Шарифзода Қироншоҳ низ ширкат дошт, вобаста ба татбиқи “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” мубоҳисаи судманд сурат гирифт;

- Зарурат ва вазъи ҷории тадбиқи “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон”  инчунин дар мулоқоти  Раиси Шӯрои ВАО Шарифзода Қироншоҳ бо донишҷӯёни шӯъбаи журналистикаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, 7  майи с.2013 мавзӯи асосии сӯҳбат буд.

- Шӯрои ВАО 10 октябри с.2013 дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернет дар “Мизи мудаввар” бо ширкати намояндагони ҷомеаи журналистӣ лоиҳаи “Одобномаи шаҳрванди электронӣ”-ро баррасӣ намуда, пешниҳодоти мушаххасро барои такмили Лоиҳа ироа намуд.

 

Тадбирҳо оид ба рушди озодии сухан

- Ҷавобан ба Муроҷиати Шӯрои ВАО-и ҶТ ба ифтихори  Рӯзи байналмилалии матбуоти озод аз 25 апрели с. 2013, ба хотири гиромидошти хотираи шаҳидон ва қурбониёни роҳи озодии сухан дар ВАО-и электронӣ (радиоҳои «Азия-плюс», «Ватан») рӯзи 3 май «Лаҳзаи сукут» эълон шуд;

Дар нашрияҳои чопӣ («Фараж», «Чархи гардун», “Самак”, “Ҷавонони Тоҷикистон”) сутун ваа гӯшаҳои махсус бо навиштаҷоти гиромидошти хотираи шаҳидон ва қурбониёни роҳи озодии сухан ба табъ расид.

- Шӯрои ВАО 26.08.2013         бо интишори Муроҷиатномаи пешазинтихоботӣ ба кормандони ВАО, журналистони касбӣ ва алоқамандони ВАО, таъкид  намуд, ки масъулияти ВАО ва журналистон дар назди ҷомеа бо риояи қонунгузории Тоҷикистон, санадҳои байналмилалии эътирофкардаи давлат ва меъёрҳои касбиву ахлоқии журналистӣ муайян мегардад. Журналистон новобаста аз он ки дар ВАО – и гуногун (ҳукуматӣ, ҳизбӣ, хусусӣ, ҷамъиятӣ) кор мекунанд ва сиёсати редаксионии мухталиф доранд, муқаррароти бандҳои қонун ва меъёрҳои мазкурро бояд риоя намоянд.

Аз ин рӯ, ба ҳамаи кормандони ВАО, журналистони касбӣ ва алоқамандони ВАО муроҷиат намуда, иҷрои талаботи зеринро ҳангоми навиштани матлабҳо дар давраи интихобот тақозо дорем:

ВАО ва журналистон бояд ин масъулиятро дарк намоянд, ки матлаби нашру пахш мекардаашон ифодагари дарк, риоя ва эҳтироми қонуну ахлоқи касбӣ аз ҷониби онҳост. Набояд фаромӯш кард, ки хонанда, бинанда ва шунаванда аз матлабҳои нашру пахшкардаи ВАО ва журналистон, сатҳи маърифату эҳтиром ба қонун аз ҷониби онҳоро муайян менамояд.

25 сентябри соли 2013 Шӯрои ВАО якҷоя бо Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Ассотсиатсияи миллии васоити ахбори мустақили Тоҷикистон, Медиа-Алянси Тоҷикистон дар мавриди намоиши филми «Пойбанди нафрат» дар Шабакаи ТВ «Баҳористон» бо Изҳорот баромад карда, қайд намуданд, ки вақтҳои охир шабакаҳои давлатии Телевизиони Тоҷикистон ба намоиш додани барномаҳое иқдом кардаанд, ки боиси таассуфи аҳли ҷомеа гаштаанд ва ба меъёрҳои касбӣ низ мувофиқ нестанд.

Бахусус аз тариқи шабакаи «Баҳористон» намоиш додани барномаи фарогири филми «Пойбанди нафрат», ки ба мавзӯи ахлоқи наврасон ва кӯдакон бахшида шудааст, муносибати ғайрикасбӣ ва қонуннописандии дастандаркорони шабакаҳои давлатии Телевизиони Тоҷикистонро бармало ба намоиш гузошт.

Шабакаҳои давлатии Телевизион, аз ҷумла «Баҳористон», бо намоиш додани чунин барнома меъёри конститутсионии дахлнопазирии ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуҳои фитрии инсон, ҳаққи қонунии кӯдакон ва наврасон оид ба дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, маҳрамона будани асрори ҳаёти кӯдакон ва амсоли онҳоро дағалона поймол намуданд.

- То 1 декабри 2013 вобаста ба масъалаҳои татбиқи “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон”, зарурат ва аҳамияти риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқи касбӣ дар фаъолияти журналистӣ, вазъи ҷорӣ ва мушкилоти озодии сухан дар ҷомеа, дар ВАО-и ватаанӣ ва хориҷӣ 32 мақола, шарҳ ва мусоҳибаҳои Раиси Шӯрои ВАО-и ҶТ Қироншоҳи Шарифзода интишор гардид.

 

Фаъолият вобаста ба рушди Шӯрои ВАО

- То 06 декабри с.2013 “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон”-ро 65 редаксияҳои ВАО ва созмонҳои журналистӣ расман эътироф намудаанд (то соли 2013 ин адад 54 буд);

- Бо кӯмаки коршинос Айжамал Дуйшебаева (Қирғизистон), ки бо даъвати Дафтари Душанбегии САҲА барои машварат аз 17 то 20 сентябри с.2013 дар Дафтари Шӯрои ВАО қарор дошт, Нақшаи рушди Шӯрои ВАО-и ҶТ барои солҳои 2014-2015 таҳия гардид;

- Тавассути дархости Лоиҳаҳои пешниҳодӣ аз САҲА барои татбиқи Лоиҳаи “Меъёрҳои ахлоқӣ” бурси хурд (малый грант) барои фаъолияти 5 моҳа (15 июл- 15 ноябри с.2013) дастрас гардид, ки барои иҷрои вазифаҳои зайл пешбинӣ шуда буд:

- Таҳияи Базаи иттилоотӣ барои пешбурди худтанзимкунии ВАО, аз ҷумла тавассути роҳандозии сомонаи Шӯрои ВАО  - Odob.tj;

- Мониторинги риояи“Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” дар ВАО-и чопӣ ва электронӣ;

- Таҳия ва чопи 2 шумораи Бюллетени “Одоби сухан”.

Бояд гуфт, ки Лоиҳаи дигари пешниҳоднамудаи Шӯрои ВАО “Устуворгардонии рушди Шӯрои ВАО – и ҶТ”, мутаассифона, аз ҷониби Комиссияи рушди демократияи Сафорати ИМА дастгирӣ наёфт.

 

Мушкилоти Шӯрои ВАО-и ҶТ

-  Фаъол набудани Дастгоҳи иҷроияи Шӯрои ВАО бинобар камбуди маблағ (дар тӯли сол ба ҷойи 4 нафар кормандони Дастгоҳ 1 Раис кор кард);

-  Набудани манбаъи доимии маблағгузорӣ барои Дастгоҳи иҷроияи Шӯрои ВАО (пардохти иҷорапулӣ, хизмати коммуналӣ, хидмати алоқа, Интернет...) барои моҳҳои август-декабри с.2013 аз ҳисоби аъзои Шӯрои ВАО пардохт гардид);

-  Напардохтани ҳаққулузвият аз ҷониби аксарияти идораҳои ВАО ва созмонҳои журналистӣ;

-   Камфаъолиятии аъзои Шӯрои ВАО, ба хусус аз минтақаҳо.

 

Нақшаҳои соли 2014

- Баланд бардоштани фаъолнокии аъзои Шӯрои ВАО;

- Дар шакли такмилёфта ба роҳ мондани фаъолияти сомонаи Шӯрои ВАО -  www.odob.tj ;

-  Иҷрои вазифаҳои дар Нақшаи рушди Шӯрои ВАО-и ҶТ барои солҳои 2014-2015.

- Барои иҷрои ин ва дигар вазифаҳои дарпешистода, барқарор намудани фаъолияти Дастгоҳи иҷроияи Шӯрои ВАО-и ҶТ ҳатмӣ мебошад, ки харҷи яксолаи он ҳудуди 20 ҳазор  Евро  аст.

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер