(Суханрони Раиси Шӯрои ВАО-и ҶТ Шарифзода Қироншоҳ дар мулоқот бо намояндагони созмонҳои донор, Дафтари Бюрои САҲА дар Тоҷикистон, 13 декабри с.2013)

Худтанзимкунии матбуот ба ҳайси як усули фаъолияти озоди ВАО дар кишварҳои демократӣ, тавассути Кодекси одоб ё ахлоқи касбии журналист  сурат мегирад, ки чунин санади хислати ғайриюридикидошта бо ибтикори худи журналистон таҳия ва қабул мегардад. Кодекси одоби журналист дар аксари кишварҳои демократии олам қабул гардида, бо хусусияти доираи амал аз ҳам фарқ мекунанд, яъне яке метавонад фарогири як редаксия бошад, дуюмӣ хусусияти минтақавӣ дошта бошад ва дигарӣ хусусияти умумимиллиро ба худ гирад.

Аввалин кӯшишҳои ҷомеаи журналистӣ барои таҳия ва қабули санади худтанзимкунии ВАО шурӯъ аз аввали солҳои 2000-ум, бо сабабҳои гуногун амалӣ нагардид, вале ҳамоно омили аслии татбиқи усули худтанзимкунӣ – ҳавасмандӣ ба “худислоҳкунӣ” дар қиболи “бо зӯрӣ ислоҳшавӣ” бинобар ҳанӯз начашидани таъми озодиву таъсиргузорӣ аз ҷониби ВАО, ба хусус нашрияҳои ғайриҳукуматӣ, заминагузор набуд. Ба ибораи дигар, тавозуни майлу хоҳиши озодипарастии ВАО ва дахолати мақомоти расмӣ ба фаъолияти онҳо вайрон нашуда буд, яъне, мавқеи ҳар ду ҷониб ҳамдигарро қонеъ мекард. Аз нимаҳои солҳои 2000-ум, баъди таъқибу фишорҳо, иҷборан аз фаъолият бозмондани нашрияҳои мустақили “Нерӯи сухан”, “Рӯзи нав”, “Оламу одам”, ҳодисаҳои лату кӯб ва бо ҳар баҳона ба суд кашиданҳои журналистон, соҳибони ВАО, рӯзноманигорон ва созмонҳои журналистиро ҷиддан ба андеша водор намуданд.

Зеро усули худтанзимкунии ВАО ҳангоме ба зарурат табдил меёбад, ки дар баробари афзудан ва эҳсос гардидани неруи таъсиргузорӣ дар ҷомеа, ба ҳамон андоза тазъиқу фишор аз ҷониби мақомоти расмӣ, норозигию бадгумонӣ аз ҷониби аҳли ҷомеа низ сурат бигирад. Таври маълум, чунин зарурат тобистони соли 2009 аз худ дарак дод.

Ҷомеаи журналистӣ пас аз баҳсу мунозираҳои зиёд, 30 октябри соли 2009 санади худтанзимкунии “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон”-ро таҳия ва қабул намуд ва ба хотири танзими риояи он ниҳоди ҷамъиятии Шӯрои ВАО-и ҶТ-ро таъсис дод. Шӯрои ВАО-и ҶТ дар Вазорати адлияи ҶТ 14 январи соли 2010 ба ҳайси ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ, таҳти №1254  сабти ном шуда, соли чорум аст, ки фаъолият дорад.

Натиҷаҳои соли чоруми фаъолияти Шӯрои ВАО-и ҶТ ва камбудиву проблемаҳои он дирӯз, 12 декабри соли 2013, дар Ҷаласаи солонаи Шӯрои ВАО баррасӣ гардид. Чун аксари ҳозирини гиромӣ дар Ҷаласаи мазкур ҳузур доштанд, ҳоло аз дастовардҳо сухан гуфтанӣ нестем, танҳо бо ёдрас шудани чанд мушкили пешомада, таваҷҷӯҳи шуморо ба зарурати ҳалли онҳо ҷалб намуданӣ ҳастем.

Ҷомеаи журналистӣ пас аз баҳсу мунозираҳои зиёд, 30 октябри соли 2009 санади худтанзимкунии “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон”-ро таҳия ва қабул намуд ва ба хотири танзими риояи он ниҳоди ҷамъиятии Шӯрои ВАО-и ҶТ-ро таъсис дод. Шӯрои ВАО-и ҶТ дар Вазорати адлияи ҶТ 14 январи соли 2010 ба ҳайси ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ, таҳти №1254  сабти ном шуда, соли чорум аст, ки фаъолият дорад.

Аъзои Шӯрои ВАО-и ҶТ

(12 декабри соли 2013 интихоб шуданд):

 

Р/т

Ному насаб

Вазифа

Телефон

1

Шарифзода Қироншоҳ

Раиси Шӯро

90-4010110

2

Исмоилов Зиннатулло

Узви Шӯро

91-9323402

3

Боқизода Мухтор

Узви Шӯро

95-1510075

4

Сафарова Асалмо

Узви Шӯро

91-8899103

5

Дадобоев Маҳмудҷон

Узви Шӯро

92-8155510

6

Мараимов Раҷаб (Раҷаби Мирзо)

Узви Шӯро

93-5808855

7

Сатторов Акбаралӣ

Узви Шӯро

93-5769999

8

Акобирова Шаҳло

Узви Шӯро

93-5943490

9

Ниёзов Хуршедҷон (Хуршед Атовулло)

Узви Шӯро

98-5142700

 

 

Муассисони Шӯрои ВАО-и ҶТ

 

Р/т

Ташкилот

Тел.тамос

Шахси масъул

1

НАНСМИТ

935-04-30-13

Каршибоев Нуриддин

2

ҶДММ «Оила»

918-63-90-26

Ҳамдамов Шариф

3

ҶДММ «Чархи гардун»

93-576-99-99

Сатторов Акбаралӣ

4

Хазинаи гиромидошт

95-151-00-75

Боқизода Саидмухтор

5

ТОҶАНСМИТ

93-500-07-62

Асозода Мусо

6

ТВ «СМТ»

919-32-34-02

Исмоилов Зиннатулло

7

«Азия плюс»

935-03-20-15

Мамадшоев Марат

8

Маҷ. «Бонувони Тоҷикистон»

918-93-75-25

Ализода Ҳуринисо

9

ИЖТ

93-576-99-99

Сатторов Акбаралӣ

 

 

Фаъолият вобаста ба рушди Шӯрои ВАО

- То 06 декабри с.2013 “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон”-ро 65 редаксияҳои ВАО ва созмонҳои журналистӣ расман эътироф намудаанд (то соли 2013 ин адад 54 буд);

- Бо кӯмаки коршинос Айжамал Дуйшебаева (Қирғизистон), ки бо даъвати Дафтари Душанбегии САҲА барои машварат аз 17 то 20 сентябри с.2013 дар Дафтари Шӯрои ВАО қарор дошт, Нақшаи рушди Шӯрои ВАО-и ҶТ барои солҳои 2014-2015 таҳия гардид;

- Тавассути дархости Лоиҳаҳои пешниҳодӣ аз САҲА барои татбиқи Лоиҳаи “Меъёрҳои ахлоқӣ” бурси хурд (малый грант) барои фаъолияти 5 моҳа (15 июл- 15 ноябри с.2013) дастрас гардид, ки барои иҷрои вазифаҳои зайл пешбинӣ шуда буд:

- Таҳияи Базаи иттилоотӣ барои пешбурди худтанзимкунии ВАО, аз ҷумла тавассути роҳандозии сомонаи Шӯрои ВАО  - www.Odob.tj;

- Мониторинги риояи“Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” дар ВАО-и чопӣ ва электронӣ;

- Таҳия ва чопи 2 шумораи Бюллетени “Одоби сухан”.

Бояд гуфт, ки Лоиҳаи дигари пешниҳоднамудаи Шӯрои ВАО “Устуворгардонии рушди Шӯрои ВАО – и ҶТ”, мутаассифона, аз ҷониби Комиссияи рушди демократияи Сафорати ИМА дастгирӣ наёфт.

 

 

Мушкилоти Шӯрои ВАО-и ҶТ

-          Фаъол набудани Дастгоҳи иҷроияи Шӯрои ВАО бинобар камбуди маблағ (дар тӯли сол ба ҷойи 4 нафар кормандони Дастгоҳ 1 Раис кор кард);

-          Набудани манбаъи доимии маблағгузорӣ барои Дастгоҳи иҷроияи Шӯрои ВАО (пардохти иҷорапулӣ, хизмати коммуналӣ, хидмати алоқа, Интернет...) барои моҳҳои август-декабри с.2013 аз ҳисоби аъзои Шӯрои ВАО пардохт гардид);

-          Напардохтани ҳаққулузвият аз ҷониби аксарияти идораҳои ВАО ва созмонҳои журналистӣ;

-          Камфаъолиятии аъзои Шӯрои ВАО, ба хусус аз минтақаҳо.

 

Нақшаҳои соли 2014

- Баланд бардоштани фаъолнокии аъзои Шӯрои ВАО;

- Дар шакли такмилёфта ба роҳ мондани фаъолияти сомонаи Шӯрои ВАО -  www.odob.tj ;

-  Иҷрои вазифаҳои дар Нақшаи рушди Шӯрои ВАО-и ҶТ барои солҳои 2014-2015.

- Барои иҷрои ин ва дигар вазифаҳои дарпешистода, барқарор намудани фаъолияти Дастгоҳи иҷроияи Шӯрои ВАО-и ҶТ ҳатмӣ мебошад, ки харҷи яксолаи он ҳудуди 20 ҳазор  Евро  аст.

 

Намояндагони гиромии Фондҳо ва созмонҳои байналмилалӣ!

Ин маблағ барои шумо шояд чандон зиёд набошад, вале барои мо, як ташкилоти ҷамъиятии навкор, маблағи кам нест.

Албатта, тавре ки дар Ҷаласаи солонаи Шӯрои ВАО, дирӯз, чанд нафар аз вакилон гуфтанд, харҷи фаъолияти Шӯрои ВАО-ро худамон, яъне, ҷомеаи журналистии Тоҷикистон ба ӯҳда бигирем. Вале дар шароити воқеии Тоҷикистон, ки низоми давлатдорӣ ба ормонҳои низоми ҷомеаи шаҳрвандӣ чандон ҷавобгӯ нест ва ба фаҳмиши мо, ростӣ, бе ҳамдастӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳои муқими Тоҷикистон давлати демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро устувор намудан ва рушд додан мушкил аст, мо ба кӯмаку ҳамкории созмонҳои байналмилалӣ ниёз дорем.

Аз ҷониби дигар, дар Тоҷикистони мо созмонҳои байналмилалие фаъолият мекунанд, ки на бо мо - ниҳодҳои (институтҳои) ҷомеаи шаҳрвандӣ, балки бо Ҳукумати Тоҷикистон созишномаҳои ҳамкорӣ доранд ва вазифаву масъулияти тарафайнро ба ӯҳда гирифтаанд.

Ҳамкорӣ бо ниҳодҳои (институтҳои) ҷомеаи шаҳрвандӣ инчунин дар  қатори вазифаҳои Сафоратхонаҳои давлатҳои хориҷии муқими Тоҷикистон низ ҷой доранд.

Бинобар ин, Шӯрои ВАО-и ҶТ ба ҳайси як созмони ҷамъиятӣ, аз шумо хоҳиш ва тақозо дорад, ки кӯмаку дастгириатонро барои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ (Ҷомеаи шаҳрвандӣ) дарғ надоред.

Албатта, Шӯрои ВАО-и ҶТ ба ҳайси як созмони ҷамъиятӣ бо ташаббуси ҷомеаи журналистии Тоҷикистон ва дастгирии маънавию молии Дафтари САҲА (ОБСЕ)  дар Душанбе таъсис шуда, инак, соли чорум фаъолият дорад.

Вале мехоҳем мавқеъгирӣ ва муносибати дигар намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ ва Фондҳои байналмилалии кӯмакрасони Тоҷикистонро вобаста ба ин масъала таъкид намоем. Яъне, Шӯрои ВАО-и ҶТ, тавре ки дар намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ ва Фондҳои байналмилалии кӯмакрасониТоҷикистон тасаввуроти ғалат пайдо шудааст, танҳо “Фарзанди нозпарвари САҲА” ва “Фарзанди ӯгайи дигар созмонҳои байналхалқӣ” нест, балки як созмони ҷамъиятиест, ки дар самти нисбатан нави фаъолияти журналистӣ - татбиқи меъёрҳо ва ё  принсипҳои худтанзимкунии ВАО фаъолият дорад. Ва агар, шумо, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва Фондҳои байналмилалии кӯмакрасони Тоҷикистон, ба принсипҳои ойинномавиатон дар бораи ҳамкориҳо бо Давлату Ҳукумати Тоҷикистон сидқан пайравӣ карданӣ бошед, мо ҳамкорӣ ва ҳамдастии шуморо дар роҳи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла бо Шӯрои ВАО-и ҶТ, хоҳонем.

 

Аз таваҷҷӯҳатон сипосгузор!

 

Шарифзода Қироншоҳ,

Раиси Шӯрои ВАО-и ҶТ.

Поч. эл.: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

тел: 238-54-07;   904010110

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер