Шӯрои Васоити ахбори омма (ВАО)-и Тоҷикистон мегӯяд, аз аввали сол то ҳозир ба ин созмон 27 арзу шикоят ва хоҳишҳо ворид гардидаанд, ки марбут ба нақзи ҳуқуқи журналистон аз ҷониби мақомот, корфармо ва сӯиистифодаи рӯзноманигорон аз мавқеи касбияшон мебошанд. 

Қироншоҳ Шарифзода, раиси Шӯрои ВАО, рӯзи 12 декабр ҳангоми ҷаласаи ҳисоботӣ гуфт, аввали сол ба Шӯро Абдуқаюми Қаюмзод, собиқ хабарнигори Радиои Озодӣ, муроҷиат карда, аз сабти ном нашуданаш дар Вазорати умури хориҷӣ шикоят намуд. Шарифзода афзуд, дар ин робита муштаракан бо созмонҳои дигари журналистӣ ба вазири собиқи умури хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ нома навиштаанд, "вале мактуб бепосух монду масъалаи сабти номи Қаюмзод дар ин ниҳод ҳалли худро наёфт". 

Раиси Шӯрои ВАО инчунин гузориш дод, ки имсол ба ин созмон Баротов.З, мудири Маркази миллии саратоншиносии Тоҷикистон муроҷиат намуда, шикоят кардааст, ки як хабарнигори Оҷонсии миллии иттилоотии “Ховар” аз мавқеи касбияш сӯиистифода кардааст. Шарифзода афзуд, дар мавриди сӯистифодаи хабарнигори “Ховар” бо роҳбарияти ин оҷонсӣ суҳбат баргузор гардид ва хоҳиш карда шуд, ки аз ҳолатҳои сӯиистифодаи хабарнигорон ҷилавгирӣ карда шавад. 

Раиси Шӯрои ВАО инчунин аз нашри матлаб зери унвони “Секс дар ҳоҷатхона” дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” зикр карда, аз нақзи меъёрҳои касбию ахлоқӣ дар он интиқод намуд. Шарифзода гуфт, бо назардошти фишорҳои бардавом алайҳи ҳафтаномаи "Тоҷикистон" Шӯрои ВАО тариқи як номаи пӯшида ба Абдумудассир Аҳмадзода, сармуҳаррир ва Фарангиси Фармон, муаллифи ин матлаб хоҳиш кард, ки дар матраҳи масоили маҳрамона касбияту арзишҳои ахлоқиро риоя кунанд.

Дар охири ин нишаст, Қироншоҳ Шарифзода бори дигар ба ҳайси раиси Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ва се нафари дигар -- Акбаралӣ Сатторов, Шаҳло Акобирова ва Хуршеди Атовулло ба унвони аъзои нави ин шӯро интихоб гардиданд.

Аз сомонаи "Озодагон"

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер