11
Дек 2013
Печать E-mail

Рӯзи 12 декабри соли 2013 дар шаҳри Душанбе, (меҳмонҳонаи «Тоҷикистон») Ҷаласаи солонаи Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон (Шӯрои ВАО-и ҶТ) баргузор мегардад.

Дар Ҷаласаи солона 60 нафар вакилон аз идораҳои ВАО-и чопӣ ва электронӣ, созмонҳои журналистӣ, ки «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро эътироф кардаанд, аз ҳамаи минтақаҳои кишвар ширкат хоҳанд кард. Ҳамчунин ба ин ҷаласа аз  Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, вазорату идораҳо, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, корпусҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ меҳмонон даъват шудаанд.

Дар Ҷаласаи солона Раиси Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Қироншоҳ Шарифзода ва раиси Комиссияи тафтишот Саидмухтор Боқизода ҳисоботи худро пешниҳод ҳоҳанд кард. Ҳамчунин дар назар аст, ки ба ҳуҷҷатҳои асосии Шӯрои ВАО тағйиру иловаҳо ворид карда, ҳайати нави Шӯрои ВАО интихоб гардад.

Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин ниҳоди расонаии худтанзимкунӣ дар Тоҷикистон аст, ки аз соли 2010  ин ҷониб фаъолият мекунад. Шӯрои ВАО-и ҶТ бо мақсади худтанзимкунии фаъолияти воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон, барои қабул, баррасӣ ва натиҷагирӣ аз шикоятҳое, ки ба риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ тааллуқ доранд, ташкил шудааст.  Ҳадаф аз фаъолияти Шӯрои ВАО мусоидат дар рушди озодии баён, баланд бардоштани сифати рӯзноманигорӣ ва таҳкими меъёрҳои ахлоқии байналмилалии рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Ҷаласаи солонаи Шӯрои ВАО-и ҶТ бо мусоидати молиявии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон баргузор мегардад.

 

Телефон барои тамос: 2 38 54 07

Odob.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер