27 ноябр-09 декабри соли 2012:

«Чархи гардун», (Сармуҳаррир: Муҳаммадалӣ Мақсадуллоҳ). № 49 (900), 4 .12.2013:

Дар шумораи навбатии ҳафтаномаи «Чархи гардун» ин ҳафта маводе ба табъ расидаанд, ки онҳо аз рафти ҳаводиси кишвар: сиёсат, иҷтимоъ, фарҳанг таѓйиротҳои кадрӣ дар кишвар ахбори мухталифе рӯи чоп омадаанд, ки дар онҳо назокати сухан, одоби нгигорандагӣ риоя гардидааст. Кормандони ҳафтанома дар рафти омодасозии хабару гузоришҳояшон «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро арҷ гузоштаанд.

«Муҳаббат ва оила», (Муҳаррир: Нуъмон Низомӣ). № 49(653), 3-9. 12.2013:

«Зино накун, оча!», ки идомае аз қиссаҳои нотамоми ҳафтанома аст, бо овардани саҳнаҳои фаҳшу фуҷур ба иффату фарҳанги миллӣ иснод овардааст ва он ҳама таблиѓи касифиҳо буда, сабабгори косташавии бандҳои 5 ва 10-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» гардидааст.

Тавсия:

Ба аҳли эҷоди ҳафтаномаи «Муҳаббат ва оила» тавсия мешавад, то ба  «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» рӯ оварда, нигоштаҳояшонро дар чаҳорчӯби  меъёрҳо рӯи чоп меоварданд.

«Оила», (Сармуҳаррир: Фирӯза Сатторӣ). № 49(721), 4.12 .2013:

Нигорандаи қиссаи давомдори «Қуръонзада», ки саропо таблиѓи фаҳш аст,  чун ҳамешагӣ бар он кӯшидааст, ки иффату фарҳанги миллиро нодида гирифта,  ҳамзамон дар ин қисса алфози қабеҳро истифода бурда, «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро халалдор кардааст.

Қиссаҳои офаридаи ҳафтаномаи «Оила», ки аз доираи ахлоқу одоби нигорандагӣ берунанд, бо чунин тарзи пешниҳоди мавод, бештар хусусияти таблиѓотӣ доранд ва барои заифгардонии ахлоқу маънавиёти мардуми кишвар равона гардидаанд.

Дар қиссаи дигари ин ҳафтанома, ки бо қалами Гулнисои Ҳикматулло  бо номи «Найрангҳои Марҷонаи бачабоз», рӯи чоп омадааст,  аз саҳнаи фисқу фуҷур лаболаб аст, ки дар он иффату маданияти миллӣ коста гардидааст.

«Ишқи тиллоии муҳоҷири тоҷик», ки аз ишқварзии тоҷикписаре бо русдухтар нақл мекунад,  бо овардани саҳнаҳои пур аз лаззати шаҳвонӣ, иффат ва фарҳанги миллиро коста намудааст.

Чун қиссаи «Мамарозаро Худо зад»-ро дар ин ҳафтанома мехонӣ, ба тамоми ҳиссиёт бар он меандешӣ, ки ин миллатро чӣ шуда? Наход то андозае саросари ин кишвар дар гирдоби фисқу фуҷур ѓарқида бошад, ки ҳар шумораи ҳафтаномаи «Оила» бо чунин қиссаҳо лаболаб мегардад? Дар тамоми нигоштаҳои ин ҳафтанома як хатти маш аст, ки он аз нопокии ахлоқӣ ва таблиѓгароии саҳнаҳои номатлуб дарак медиҳад.

Тавсия:

Агар ҷои кормандони ҳафтаномаи «Оила», нафарони дигаре сари кор мебуданд, шояд бо чунин нуктагириҳову тавсияҳои мо тоб наоварда, аз шарму ҳаё сурх мешуданд. Вале тавре  ки маълум мегардад, ҳар қадаре, ки мо оид ба чунин фаҳшнигориҳои кормандони ҳафтанома шадидтар дида надӯзем, гӯё қасд кардагӣ барин, онҳо низ ҳамон қадар иффату фарҳанги миллиро зери по гузошта, ба меъёрҳои ахлоқӣ беэътиноӣ зоҳир менамоянд.

Ба идораи ҳафтаномаи «Оила» бори дигар тавсия мешавад, то ба хотири пос доштани ормонҳои миллӣ, ба иффату фарҳанги он арҷ гузошта, «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро риоя намоянд.

«Ману ту», (Сармуҳаррир: Парвина Бухориева). № 49(294), 4.12.2013:

Ҳафтанома дар навиштаҳои ин ҳафтаинааш кӯшиш ба харҷ  додааст, то онҳоро бо назардошти «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» пешкаши муштариёнаш гардонад.

«Зан ва мард», (Сармуҳаррир: Меҳрафрӯз Неъмонзода). № 47(412), 4.12.2013:

Ҳафтаномаи «Зан ва мард» дар саҳифаи дуюми худ зери рубрикаи «Номаҳо» маводеро бо номҳои «Ҳаётамро сӯхтӣ язна!», «Агар духтари соз мебуд…» рӯи чоп овардааст, ки дар онҳо оид ба паст задани иффату фарҳанги миллӣ сухан меравад. Дар ин ҷо бо овардани саҳнаҳои фаҳш одоби нигорандагӣ риоя нагардидааст.

Чаро ва боз чаро ин гуна ҳафтаномаҳои мо ба ҷуз чирки зери нохунро кофтану касифиашро нишон додан, намехоҳанд, ки бештар дар бораи ахлоқи ҳамидаву шарру ҳаё нависанд ва гоҳ-гоҳ аз ин сияҳкориҳои рӯзгори ноосудаи нокомон?! Зеро мо ҳар чи бештар дар бораи фисқу фуҷур нанависем, ҳамон қадар фаҳш рушд менамояд ва мо бо ин нигоштаҳоямон бо тамоми маънӣ мегӯям таблиѓгари ин саҳнаҳои номатлуб байни ҷомеа ҳастем.

Маводи дигари ин ҳафтанома бо номи «Занамро дар баѓали марди дигар доштам…», ки асосан бо лаҳни кӯчагӣ иншо шудааст, низ маводи фоҳиш мебошад. Ё худ назар афканед ба маводи дигари ин ҳафтанома, бо номи «Устоди арӯсбоз». Дунёро бе дарвоза дидану озодиро сипар карда, ҳар он чизи дар майна ба гардиш омадаро рӯи коѓаз рехтану бо ин нигоштаҳо як миллатро бо чунин тарзи нигориш паст задану иффату фарҳангашро нодида гирифтан, хилофи бандҳои 5 ва 7-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» мебошад, ки ин амал маънои зери суол қарор додани маданият ва фарҳанги миллиро дорад.

Тавсия:

Ба идораи ҳафтаномаи «Зан ва мард» тавсия дода мешавад, ки нисбат ба касбияти хеш серталабу масъулиятшинос буда, «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро риоя намоянд.

«Мушфиқӣ», (Сармуҳаррир: Ҳ.Амир). № 48(484), 5.12.2013:

Ҳафтаномаи «Мушфиқӣ» дар баёни хабару гузоришҳояш, ин ҳафта ба риояи  «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» рӯ овардааст.

«Нигоҳ», (Котиби масъул: Эраҷи Амон). № 37(365), 4.11.2013:

Ҳафтаномаи «Нигоҳ» дар шумораи навбатии худ чандин маводи хубу ҷолиберо бо маҳорати касбӣ ва дар чаҳорчӯбаи меъёрҳои ахлоқӣ рӯи чоп овардааст, ки басо хонданбобанд. Масалан, «Қарори 540», муроҷиати вакилони Зайд Саидов бо номи «Моро қабул кунед», «Мушкилии қочоқи муқаддас», «Яѓнобӣ жута, шумох рити мирум», аз қабили ин гуна маводи ҳафтанома ба шумор мераванд.

Тавсия:

БРАВО «Нигоҳ»! Аз аҳли эҷоди ҳафтаномаи «Нигоҳ» хоҳиш мешавад, ки ба «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» арҷ гузоштанро ба дигар ҳамкасбон низ омӯзонанд!

«Тоҷикистон», (Муҳаррир: Абдумудассир Аҳмадзода). № 49(1039), 4.12.2013:

Ҳафтанома дар шумораи навбатии худ бо инъикоси масоили гуногуни рӯзмарра, аз қабили сиёсат, иҷтимоъ ва фарҳанг, хабару гузоришҳояшро бо назардошти одоби касбии нигорандагӣ омода намудааст, ки ҳамагӣ дар чаҳорчӯби «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»  рӯи чоп омадаанд.

«Рӯзгор», (Сармуҳаррир: Султони Ҳамад). № 26(026), 27.11.2013:

«Рӯзгор» дар шаклу мазмун як аст. Яъне, ба гуфти шайх Саъдӣ «Сурату сирати зебо…». Дар ин ҳафтанома ҳамеша кӯшиш бар он равона шудааст, ки мизони суханро риоя намоянду барои рушди маънавиёти ҷомеаи имрӯзи кишвар хидматеро саранҷом бидиҳанд. Аминем, ки ин ҳафтанома бо нигоштаҳои бисёр бофарсатонаву боодобонааш, бо ҳамон нармгуфтории забонаш, дар қалбҳо маскан хоҳад гирифт. Дар чаҳорчӯби «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» рӯи чоп овардани хабару гузориш ва иттилооти мухталифи баҳсноку мубрам  аз ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар дар ҳафтанома, бозгӯи инанд.

Хулоса, дар ин ҳафта нашрияҳои «Муҳаббат ва оила», № 49(653),4.12-2.12.2013; «Оила», № 49(720), 4.12-2.12.2013; «Зан ва мард», № 49(412), 4.12-2.12.2013; дар баёни ҳодисаву воқеаҳо бандҳои 5,7,10-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро нақз кардаанд.

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер