Ҳафтаномаи «Нигоҳ» ва Шӯрои Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон “Ёддошти ҳусни тафоҳум дар бораи ҳамкориҳо дар самти рушди худтанзимкунии ВАО”-ро ба имзо расониданд.

Ин санади ҳамкорӣ имрӯз, 6-уми декабр дар идораи ҳафтаномаи «Нигоҳ» аз ҷониби Саймуддин Дӯстов, раиси Шӯрои муҳарриррони «Нигоҳ» ва Қироншо Шарифзода, раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ба имзо расид.

Дар асоси санади мазкур ҷонибҳо бояд ҷиҳати татбиқи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон, дар чаҳорчӯбаи қонунҳои амалкунандаи кишвар, санадҳои ҳуқуқии дохилии идоравӣ ба асосӣ усулҳои ҳамдигарфаҳмӣ ҳамкорӣ кунанд.

 

Дар он гуфта мешавад, ки ҳаҷму андоза, шакл, фаъолият ва меъёрҳои ҳамкории ҷонибҳо баҳри татбиқи “Ёддошти ҳусни тафоҳум дар бораи ҳамкориҳо дар самти рушди худтанзимкунии ВАО”, ки бо таври муколламаву машваратҳои мунтазам, муаяйн гардидаанд, ҷараён меёбад.

Саймуддин Дӯстов дар расми ба имзо расондани Ёддошт иброз дошт, ки ду нукта моро водор намудааст, ки Шӯро и ВАО-и Тоҷикистонро эътироф намоем.

Аввал, гузарондани мониторинги расонаҳо оид ба риояи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» аз ҷониби ин шӯро мебошад.
Дуюм, умед мебандем, ки Шӯро и мазкур дар шинохт ва баҳогузории касбияти фаъолияти журналистӣ мустақил ва муваффақ бошад.

Қироншо Шарифзода, дар навбати худ таъкид ба он кард, ки эътирофи «Меъёрҳои ахлоқӣ» аз ҷониби ҳафтаномаи «Нигоҳ» дар арафаи 7-солагии ин нашрия аз муҳим будани ин санад дарак медиҳад.

Ман фикр мекунам, ки “Нигоҳ” баъди омӯзиш ва ниҳоят огоҳӣ дар ин масъала ин ёддошти ҳусни тафоҳумро имзо кард, ки бояд ба расонаҳои дигари Тоҷикистон як навъ таҷриба бошад.

Шӯрои ВАО аз соли 2009 ин ҷониб фаъолият дорад. Он аз сӯи як қатор созмонҳои журналистӣ, аз ҷумла, Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, Асотсиатсияи миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ), устодони донишгоҳҳо ва хабарнигорони мустақили Тоҷикистон баъди қабули “Кодекси ахлоқи журналист” таъсис ёфтааст.

TojNews

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер