Абдураҳмон Қодирӣ, раиси нави вилояти Суғд, шимоли Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 6 декабр хабарнигоронро барои сӯҳбати рӯбарӯ хондааст. Дафтари матбуоти ҳукумати Суғд бо тасдиқи хабар гуфт, ин дидори нахустини оқои Қодирӣ ба ҳайси раиси вилоят бо хабарнигорон мебошад.

Бино ба иттилои манбаъ, ин вохӯрӣ дар бинои ҳукумати Суғд баргузор гардида, дар он хабарнигороне, ки дар маркази вилоят фаъолият доранд, даъват шудаанд. “Аммо муҳим нест, ки онҳо дар расонаҳои давлатӣ, хусусӣ ва ё хориҷӣ кор мекунанд. Ҳамаи онҳоро ба мулоқот даъват кардаем”,-афзуд манбаъ. Абдураҳмон Қодирӣ рӯзи 23 ноябр бо фармони раисиҷумҳур ба курсии раиси вилояти Суғд такя зад ва дар ин мақом Қоҳир Расулзодаро иваз намуд. Оқои Қодирӣ зодаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, 60 сол дорад ва тӯли тақрибан панҷ сол муовини авали раиси вилояти Хатлон буд.  Аз ин пештар, раиси тозатаъини вилояти Хатлон -- Давлатшо Гулмаҳмадов низ бо хабарнигорон сӯҳбат орост, вале ба дидори ӯ танҳо хабарнигорони расонаҳои ҳукуматӣ роҳ ёфта буданд. Оқои Гулмаҳмадов дар ин дидораш бо хабарнигрон аз телефонбозӣ дар кишвар нигаронӣ карда, барномаи “Орел и решка” дар бораи Тоҷикистонро ба боди танқид кашида буд. Вай инчунин гуфта буд, тамоми талоши ҳукумат барои беҳбудии рӯзгор ва ободии кишвар набояд аз мадди назари журналистон дур намонад.

Ozodagon

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер