Мониторинги ВАО-и чопӣ (26 ноябр-02 декабри с. 2013):

«Ҷумҳурият», (Сармуҳаррир: Муҳаммад Ғоиб). № 154 (22291), сешанбе, 26 ноябри соли 2013:

Шумораи навбатии «Ҷумҳурият» - ро сездаҳ фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаш қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарҳи қонун, ду хабар, дастурамал «Дар бораи хизматрасонии бонкӣ» ва эълону рекламаҳо оро додаст, ки дар онҳо нақзи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» мушоҳида нашуд.

«Садои мардум», (Сармуҳаррир: Ҷумъахон Наботов). № 149 ( 3134), сешанбе, 26 ноябри соли 2013:

«Садои мардум» дар ин шумораи худ қарору фармонҳо, мулоқоти президент бо фармондеҳи фармондеҳии нақлиётии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико генерал Вилям Фрайзер 3, як тавсияи муҳокимаи парламентӣ вобаста ба иҷрои қонун, барқияи тасаллият, эълони музояда ва ғайраро нашр намудааст, ки дар онҳо «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» риоя шудаанд.

«Народная газета», (Сармуҳаррир: Сироҷиддин Изатуллоев).  № 50 (19916), 28 ноябри соли 2013:

Ин ҳафта «Народная газета» шумораи 8 - саҳифагии худро ба баромади телевизионии Президенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Парчам, «Ҳукумат — 2013», фармонхо ва қарорҳои президент ва эълону рекламаю музоядаҳо бахшидааст, ки дар онҳо нақзи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» мушоҳида нашуд.

«Минбари халқ», (Сармуҳаррир: Бахтиёр Ҳамдамов). № 48 (923), панҷшанбе 28 ноябри соли 2013:

«Минбари халқ» ин ҳафта дар саҳифаҳои худ мақолаҳоеро ҷой додааст, ки дар онҳо бештар дар бораи президент ва аъзои нави ҳукумат сухан меравад. Инчунин матолибе ба монанди «Муҳоҷирони Краснодар-дур аз ватан, вале бо ёди ватан», «Дар гулшукуфти хотираҳои обӣ», «Ду шаб дар ағба» ва ғайра ҷой дода шудаанд, ки дар онҳо «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» риоя шудаанд.

«Ҷавонони Тоҷикистон», (Сармуҳаррир: Самариддин Асоев). № 48 (9318), 28 ноябри соли 2013:

«Ҷавонони Тоҷикистон» дар шумораҳои охир як хаторо такрор мекунад. Дар ин шумора низ, дар саҳифаи охир зери рубрикаи «Фароғат» ҳафт латифа оварда шудааст, ки аз кӣ ва аз куҷо омаданаш номаълум мондааст. Инчунин зери рубрикаи «Оиладорӣ» як матлаби хурд омадааст, ки бесоҳиб аст. Борҳо гуфтему бори дигар мегӯем, ки ин амал хилофи банди 14-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» мебошад.

ТАВСИЯ:

Ба аҳли «Ҷавонони Тоҷикистон» тавсия дода мешавад, ки дар омода намудану интишори матолиби шумораҳои нашрия тақозои «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро ба эътибор гиранд.

«Омӯзгор», (Сармуҳаррир: Ноилшо Нуралиев). №48 (11909), 29 ноябри соли 2013:

Ҳафтаномаи «Омӯзгор» ин ҳафта бо нашри ду матлаб, ки имзокунандагонаш Ҳайати эҷодии ҳафтаномаи «Омӯзгор», Котиботи матбуотии Вазорати маорифи ҶТ ва Гурӯҳи таҳлилии Вазорати маориф мебошанд, «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» -ро нақз кардаанд. Чун ин ду матлаб ҷавоб ба мақолаҳои дар нашрияи «Пайк» ва «СССР» чопшуда мебошанд, Аҳли эҷоди «Омӯзгор»-ро мебоист, ки ҷавобро аввал ба идораҳои номбурда пешниҳод мекарданд. Дар ҳолати нашр накардани онҳо бояд дар ҷое ишора мекарданду баъд дар «Омӯзгор» чоп менамуданд. Аммо мутаассифона, чунин рафтор накардаанд. Инчунин мақолаи аввалӣ бо лаҳни тунд ва аз сари эҳсос навишта шудааст, хусусан ин байт:

Дар миёни рӯз, гуфтан, рӯз ку?

Хеш расво кардан аст, эй тундхӯ!

ТАВСИЯ:

Ба аҳли эҷоди «Омӯзгор» тавсия дода мешавад,ки дар вақти омода намудани ҷавоб «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро риоя кунанд.

«Asia - Plus»,(Сармуҳаррир: Умед Бобохонов). №89 (874), 28 ноябри соли 2013:

Ҳафтаномаи «Азия - Плюс» ин ҳафта низ «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» -ро риоя кардааст.

«Фараж», (Сармуҳаррир: Хуршедҷон Ниёзов). №48 (365), чоршанбе, 27 ноябри соли 2013:

Ин шумораи «Фараж» низ «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» -ро риоя кардааст.

«Самак», (Сармуҳаррир: Ҷасур Абдуллоев). № 48 (108), чоршанбе, 27 ноябри соли 2013:

«Самак» ин ҳафта ҳам «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» -ро риоя кардааст.

«СССР»,(Сардабир: Сайёфи Мизроб). № 48 (273),  панҷшанбе, 28 ноябри соли 2013:

Ин ҳафта «СССР» «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» -ро риоя кардааст.

«Озодагон», (Муҳаррир: Азизи Нақибзод). №45 (305), чоршанбе, 28 ноябри соли 2013:

Ҳафтаномаи «Озодагон» низ ин ҳафта «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» -ро риоя кардааст.

«Миллат», (Муассис ва сардабир: Умарова А.М.). № 48 (430), 27 ноябри соли 2013:

Ин ҳафта «Миллат» масъалаи иҷтимоиро дар ҷои аввал гузоштааст. Матолибе ба монанди «Позор аз «Наша Раша» то «Орёл и Решка» ё ҳамаи қурутобхонаҳоро бубандед» ва «Русия ҳиллаи шаръии муллоҳои тоҷикро амалӣ мекунад» аз ҳамин қабил аст. Инчунин хабарҳои зиёди сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию варзишӣ оварда шудааст, ки дар онҳо нақзи бевоситаи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» ба назар нарасид.

«Чашма», (Сармуҳаррир: Камол Насрулло). №8,2013:

Моҳномаи кӯдакони ҷумҳурӣ «Чашма» ин шумораи худро бештар ба масъалаҳои тарбия ва ахлоқ бахшидааст. Дар ин шумора рубрикаҳое ба монанди «Дарси одоб», «Адибони ҷаҳон барои бачагон», «Гӯшаи табиатдӯстон», «Хандонак» ва ғайраҳо чоп шудаанд, ки дар онҳо нақзи бевоситаи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» дида нашуд.

«Офтобак», (Муҳаррир: Шаҳбоз Норов). № 8,2013:

«Офтобак» бо се забон нашр шудааст. Ҳар як маводи нашршуда ба забонҳои русӣ ва англисӣ тарҷума шудаанд. Бештари маводи нашршуда аҳамияти тарбиявӣ доранд. Рубрикаҳои «Муаммо», «Бозӣ» ва «Панд» бештар ба жанри адабӣ наздиктар ҳастанд. Дар ин шумораи «Офтобак» «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» халал наёфтаанд.

«Зангӯла», (Муҳаррир: Абдувоҳиди Зевар). № 11-12,2013:

«Зангӯла» дар ин шумораи муштараки худ, бештар маводеро ба нашр расонидааст, ки манбаи дониши иловагӣ барои мактаббачагон аст. Мақолаҳои «Ҷавонтарин номзад барои ҷоизаи Нобел», «Ҷарроҳи ҳафтсола», «Ба ҳайвонҳо дум чӣ лозим?» ва «Шаккарро аз чӣ тайёр мекунанд» аз ҳамин қабилҳост. Дар ин шумораи «Зангӯла» нақзи бевоситаи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»  мушоҳида нашуд.

«Навниҳол», (Муассис: И.Ҷ «Навниҳол»). № 30,2013:

Дар ин шумора «Навниҳол» маводи зиёди омӯзишӣ нашр намудааст, ки дар онҳо нақзи бевоситаи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» дида нашуд.

 

«Чархи гардун», (Сармуҳаррир: Муҳаммадалӣ Мақсадуллоҳ). № 48 (898), 27 .11.2013:

Дар шумораи навбатии ҳафтаномаи «Чархи гардун» маводе ба табъ расидаанд, ки онҳо аз рафти ҳаводиси кишвар: сиёсат, иҷтимоъ, фарҳанг хабар дода, бо тарзи баён ва назокати сухан аз шумораҳои  қаблӣ фарқ мекунанд. Аммо бояд хотиррасон кард, ки гоҳу ногоҳ истифодаи баъзе калимаву ибораҳо ва кӯчагуфтоириву ба сатҳи кӯчагӣ поин овардани забони матбуот дар навиштаҳои ҳафтанома ҷой доранд. Бояд бигӯем, ки дар хабаре бо номи «Ноболиғи мошинрабо» ҳамон нозукии банди 10-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» халалдор шудааст, ки шахсияти ноболиғро фош менамояд.

Тавсия:

Ба аҳли эҷоди ҳафтаномаи «Чархи гардун» тавсия доданием, ки маводашонро бо дарназардошт ва эҳтиром ба меъёрҳои ахлоқӣ омода ва нашр намоянд.

«Муҳаббат ва оила», (Муҳаррир: Нуъмон Низомӣ). № 48(652), 26.11-02,12.2013:

Аз мутолиаи маводи «Зино накун, оча!», ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки муаллиф бо баёни саҳнаҳои фаҳши қиссаи пургунаҳаш дар доираи ахлоқи шарқиёна нағунҷида, ору номуси миллиро як сӯ гузошта, иффату фарҳанги миллиро нодида гирифта, бо чунин тарзу услуби нигорандагӣ, ки хоси матбуот нест, бандҳои 5 ва 10-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро нодида гирифтааст.

Ҳамзамон ҳафтанома дар нигоштаи давомдори «Оча, маро бикуш!», ки аз найрангҳои модари бадандеш қисса мекунад, бо овардани саҳнаҳои моҷароҳои оилавӣ ва истифодаи калимаву ибораҳои фаҳш, ба косташавии меъёрҳои ахлоқӣ роҳ додаст.

Дар нигоштае бо номи «Азоби духтари «Нодухтар», ки худ сарлавҳааш зишт асту нафратовар, костагии фарҳанг ва иффати миллӣ ба назар расида, хилофи банди 5-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» мебошад.

Тавсия:

Ба аҳли эҷоди ҳафтаномаи «Муҳаббат ва оила» тавсия мешавад, то ба «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» рӯ оварда, нигоштаҳояшонро дар чаҳорчӯби ин меъёрҳо интишор диҳанд.

«Оила», (Сармуҳаррир: Фирӯза Сатторӣ). № 48(720), 27.11.2013:

Ҳафтаномаи «Оила» дар қиссаи давомдори худ бо номи «Қуръонзада», ки саропо таблиғи фаҳш аст, чун пештара иффату фарҳанги миллиро нодида гирифтаааст. Ҳамзамон дар ин қисса паст задани шаъну эътибори шахсият, алфози қабеҳ оварда шудааст, ки ин хилофи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» мебошанд. Ҳар нафари бофаросат агар навиштаҳои ин ҳафтаномаро бо диққат хонда бошад ба хубӣ дарк менамояд, ки аксари қиссаҳои ин ҳафтанома маҳсули чанд нафареанд, ки бо ин тарзи нигориш дар коҳишёбии ахлоқи ҷомеа сабабгоранд. Эшон иддао бар он доранд, ки бо инъикоси чунин паҳлӯҳои фисқу фуҷур ҷомеаро солим гардонида, дар раванди маърифати миллӣ саҳмгузор мебошанд. Вале, чун дар оина мунъакис аст, ки ин рафтори эшон боиси рӯз то рӯз хуруҷ  кардани фаҳу фоҳишӣ дар кишвар мегардад.

Дар қиссаи дигари ин ҳафтанома бо номи «Найрангҳои Марҷонаи бачабоз», ки бону Гулнисои Ҳикматулло нигоштааст, низ саҳнаи фисқу фуҷур ба тасвир кашида шуда, ба косташавии ахлоқӣ сабаб гардидааст. Баъди хондани ҳар яки ин қиссаҳо ҳар нафари солимақл ба андешае фурӯ меравад, ки магар ин миллат дар гирдоби фисқу фуҷур ғутавар гардидааст, ки ин ҳафтанома саҳифа –саҳифа оид ба ин саҳнаҳои нангин менависанду пешкаши муштариён мегардонанд?

«Ишқи тиллоии муҳоҷири тоҷик», идомаи қиссаи қаблӣ, ки аз ишқварзии тоҷикписаре бо русдухтар нақл мекунад, бо овардани саҳнаҳои пур аз лаззати шаҳвонӣ иффат ва фарҳанги миллиро коста намудааст.

Қиссаи дигари ҳафтанома бо номи «Мамарозаро Худо зад», мебошад, ки дар он оид ба саҳнаҳои фаҳши рӯзгори имрӯз сухан рафта, дар баёни он ормонҳои миллӣ нодида гирифта шуда, «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» риоя нагардидаанд.

Тавсия:

Ба аҳли идораи ҳафтаномаи «Оила» тавсия мешавад, ки боре аз аспи ғурури хешт фуроянду бо чашму дарку фаросати дигарон лаҳзае ба навиштаҳояшон назар афкананд, то бубинанд, ки он ҷо киро мебинанд?! Мо чун дарк менамоем, ки ба эшон сари баҳс шудан фоидае надорад, лек боз ҳам барои сари андешаи солим қарор гирифтани эшонро таманно дорем, то ба хотири пос доштани ормонҳои миллӣ, ба иффату фарҳанги он арҷ гузошта, меъёрҳои ахлоқиро риоя намоянд.

«Ману ту», (Сармуҳаррир: Парвина Бухориева). № 48(293), 27.11.2013:

Хабарҳои саҳифаи дуюми ҳафтанома бо номҳои «Меладзеро занаш талоқ медиҳад», «Ҳунарманди Голливуд арӯси рус мехоҳад?», «Торт-4160$» ва маводи дигаре бо номи «Ҷастин Бибер «Бачаи беодоби Голливуд-2», ки аслан аз сарчашмаҳои гуногуни иттилоотӣ дастрас гардидаву бо тариқи тарҷума ва ё коркарди хабарнигорон, бидуни нишон додани манбаъ рӯи чоп омадаанд, ки ин хилофи банди 14-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» («Асардуздӣ» (плагиат) мебошад. Дар ин банд чунин омада «… Асардуздӣ ин гирифтани матн, тасвиру садо аз манбаи дигар ва ҳамчун моли худ муаррифӣ кардан аст Журналист бояд ба заҳмати ҳамкасбонаш арҷ гузорад».

Тавсия:

Ба аҳли идораи ҳафтаномаи «Ману ту» тавсия дода мешавад, ки дар инъикоси мавод, ки аз сарчашмаи дигар мегиранд, нишон додани манбаъро фаромӯш накунанд. Зеро арҷгузорӣ накардани заҳмати ҳампешагон ин хилофи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» мебошад.

«Зан ва мард», (Сармуҳаррир: Меҳрафрӯз Неъмонзода). № 46(411), 27.11.2013:

Ҳафтаномаи «Зан ва мард» бо номи «Арӯси бедомод» қиссаи давомдореро рӯйи чоп овардааст, ки дар инъикоси он бо овардани баъзе калимаву ибораҳои ноҷо, банди 5-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро халалдор намуда, маданият ва фарҳанги миллиро зери суол қарор додаанд.

Агар ҳамин норасогиҳои қиссаи номбурдаро сарфи назар намоем, мебинем, ки дар баёни дигар маводи ҳафтанома меъёрҳои ахлоқӣ риоя гардидаанд. Гарчанде дар навиштаҳои ҳафтанома  ҳанӯз носуфтагиҳо  ба назар мерасад, вале ин қадамест ба пеш.

Тавсия:

Ба идораи ҳафтаномаи  «Зан ва мард» тавсия дода мешавад, ки нисбат ба касби хеш серталабу масъулиятшинос буда, «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро риоя намоянд.

«Мушфиқӣ», (Сармуҳаррир: Ҳ.Амир). № 47(483), 28.11.2013:

Ҳафтанома дар баёни хабару гузоришҳояш ин ҳафта ба риояи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» рӯ овардааст.

«Нигоҳ», (Котиби масъул: Эраҷи Амон). № 36(362), 27.11.2013:

Ҳафтаномаи «Нигоҳ» бо рӯи чоп овардани маводи мухталиф аз ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ кӯшиш ба харҷ додааст, ки «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро коста нагардонад. Муҳтаво ва тарзи пешниҳоди маводи ҳафтанома басо касбӣ ба назар расида, хонандаро дилгарм менамоянд.

«Тоҷикистон», (Муҳаррир: Абдумудассир Аҳмадзода). № 48(1038), 28.11.2013:

Хафтаномаи «Тоҷикистон» дар шумораи навбатии худ хабару гузоришҳояшро аз инъикоси масоили гуногуни рӯзмарраи ҷомеаи кишвар бо назардошти одоби касбии нигорандагӣ  омода намудааст, ки ҳамагӣ дар чаҳорчӯби «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» рӯи чоп омадаанд.

«Рӯзгор», (Сармуҳаррир: Султони Ҳамад). № 26(026), 27.11.2013:

Шумораи навбатии ҳафтаномаи «Рӯзгор» бо рӯи чоп овардани хабару гузориш ва иттилооти мухталифи баҳсноку мубрам аз ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, бо назокати сухан ва ҷо ба ҷо гузории гузоришу хабарҳояш, эстафетаи риояи бемайлони «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» -ро ҳанӯз дар даст дорад.

Хулоса, дар ин ҳафта нашрияҳои «Чархи гардун», № 48(899), 27.11.2013; «Муҳаббат ва оила», № 48(652), 27.11-2.12.2013; «Оила», № 48(720), 27.11.2013; «Ману ту», № 48(293), 27.11.2013; «Зан ва мард», № 46(411), 27,11.2013; дар баёни ҳодисаву воқеаҳо бандҳои 5,10,14-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро нақз кардаанд.

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер