84 нафар журналистон таи соли 2012 дар саросари ҷаҳон ҳангоми фаъолият кушта шудаанд. То моҳи ноябри соли 2013 бошад, 58 нафар рӯзноманигорон ҳангоми ифои вазифа ба ҳалокат расидаанд. Дар баробари ин, айни замон беш аз 180 нафар хабарнигорон дар саросари ҷаҳон бо иттиҳоми иттилоърасонӣ дар зиндонанд.

Ин нуктаҳоро Муҳаммадризо Муинӣ, сардори раёсат дар умури кишварҳои Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистони созмони Хабарнигорони бидуни марз, имрӯз, 28 нобяри соли 2013, зимни як семинари омӯзишӣ барои рӯзноманигорони расонаҳои Тоҷикистон иброз дошт.

Семинари мазкур таҳти унвони «Бехатарии рақамӣ барои ВАО» бо ташаббуси АМВАОТ дар ҳамкорӣ бо созмони Хабарнигорони бидуни марз ва таҳти сарпарастии намояндагии САҲА дар Тоҷикистон таи 2 рӯз – 28 ва 29 ноябр дар меҳмонхонаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Нуриддин Қаршибоев, раиси АМВАОТ, дар ифтитоҳи семинар зимни хайрамақдами иштирокчиён гуфт, ки дар муддати 2 рӯз ба рӯзноманигорони расонаҳои тоҷик мураббиён аз созмони Хабарнигорони бидуни марз Жан Марк Боургуингнон ва Муҳаммадризо Муинӣ ҳамроҳ бо Рустам Қосимов, директори Фонди «Интернет», нозукиҳои бехатарии рақамиро меомӯзонанд.

- Умедворем, семинари мазкур барои шумо, кормандони ВАО-и кишвар судманд хоҳад буд, - таъкид дошт Нуриддин Қаршибоев.

Маркус Мюллер, роҳбари намояндагии САҲА дар Тоҷикистон, зимни суханронии худ гуфт, баргузории чунин семинар барои рӯзноманигорони тоҷик хеле саривақтӣ ва зарурӣ аст.

- Мураббиён тавсияҳои судмандеро барои бехатарии кори шумо ироа хоҳанд дошт, ки албатта, дар фаъолияти рӯзмарраи шумо заруранд. Инчунин, дар баробари нозукиҳои бехатарии рақамӣ талаботи қонунҳои байналмилалиро низ барои шумо шарҳ хоҳанд дод, - иброз дошт Маркус Мюллер.

Муҳаммадризо Муинӣ, сардори раёсат дар умури кишварҳои Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистони созмони Хабарнигорони бидуни марз ва ҳамзамон мураббии семинар, гуфт, ин созмони онҳо беш аз 25 сол аст, ки фаъолият дорад.

- Фаъолияти мо дифоъ аз иттилорасонӣ дар асоси Эъломияи ҳуқуқи башар аст. Таи 2 рӯзи баргузории ин семинар мо сайъ мекунем, ки нозукиҳои мавзӯи омӯзиширо бароятон ифшо созем, то дар оянда зимни фаъолият мавриди истифодаи шумо бошад, - афзуд Муҳаммадризо Муинӣ.

Faraj.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер