Суди кассатсионии вилояти Суғд шикояти адвокати рӯзноманигор Маҳмадюсуф Исмоиловро, ки бо ҳукми суди ноҳияи Мастчоҳ аз 28 октябри соли 2013 бар асоси моддаҳои 250 («Тақаллубкорӣ») ва 247 («Тамаъҷӯӣ»)-и КҶ ҶТ ба муддати 11 сол равонаи зиндон шуда буд, бетағир гузошт.

Бозбинии марҳилаи кассатсионии суди вилояти Суғд имрӯз, 27 ноябри соли 2013, дар толори суди вилояти Суғд баргузор шуд.

Чанде пеш Садриддин Саидов, адвокати Маҳмадюсуф Исмоилов, ба суди марҳилаи кассатсионии вилояти Суғд шикояти кассатсионӣ бурда, талаб карда буд, ки зерҳимояаш пурра сафед карда шавад.

 

Маркази матбуотии ВКД зимни шарҳи боздошти рӯзноманигор Маҳмадюсуф Исмоилов навишта буд, 24 июни соли равон ба ШВКД дар ноҳияи Ашт сокини ин ноҳия Санавбар Аҳадова муроҷиат кардааст, ки 21 июн дар ҳудуди шаҳраки Шайдон, шаҳрванд Исмоилов Маҳмадюсуф аз ӯ бо таҳдиди ифшои маълумоти бадномкунанда бо роҳи тамаъҷӯӣ 100 сомонӣ гирифтааст.

- Сипас, такроран рӯзи 24 июн Исмоилов М. барои нашр накардани ин маълумотҳо бо роҳи тамаъҷӯӣ 100 доллари амрикоӣ талаб кардааст,- омадааст дар хабари маркази матбуотии ВКД.

Ба иттилои ин манбаъ, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Ашт дар ҳудуди шаҳраки Шайдон шаҳрванд Исмоилов Маҳмадюсуф Абдуғаниевич баъди гирифтани маблағи пулӣ – 400 сомонии бо роҳи тамаъҷӯӣ талабнамудааш дастгир карда шуда, далели шайъӣ гирифта шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар соли 2011 рӯзноманигор Маҳмадюсуф Исмоилов пас аз 11 моҳи боздошт бо ҳукми суди шаҳри Табошар бо пардохти беш аз 35 ҳазор сомонӣ ҷарима ва се соли худдорӣ аз фаъолияти хабарнигорӣ аз зиндон озод шуда буд.

Он замон мақомоти маҳаллӣ ӯро барои "тамаъҷӯӣ, маҳалгароӣ, тӯҳмат ва таҳқир" гунаҳкор дониста буданд ва қазияи судии ин хабарнигор вокунишҳои густардаи созмонҳои дохилӣ ва хориҷиро ба вуҷуд овард.

Пас аз шикояти вай суди касатсионии вилояти Суғд ҳукми суди Табошарро бетағир гузошта, Исмоиловро тибқи қонуни «Афв» озод карда буд.

Алишер Охунов, faraj.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер