Мониторинги сомонаҳои электронӣ дар мавриди риояи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» дар доираи Лоиҳаи «Меъёрҳои ахлоқӣ» ( 26 октябр 3 ноябри с. 2013)

Дар матлаби «Бозпурсии Амонулло Ҳукумов барои садамаи писари ноболиғаш», ки дар сомонаи ozodagon.com 26 октябри  2013, 17:49 ба нашр расидааст, (http://www.ozodagon.com/13116-bozpursii-amonullo-ukumov-baroi-sadamai-pisari-noboliash.html) дар бораи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон оид ба бозпурсии Амонулло Ҳукумов, раиси ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” вобаста ба садамаи шаби 9-уми октябр, ки бо иштироки писари 16-солааш Расули Амонулло сар задааст, сухан меравад. Худи хабар ба таври касбӣ омода шудааст, аммо дар баҳсҳои хонандагон баъзе ҳолатҳои вайроншавии «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» ба мушоҳида мерасад. Аз ҷумла, вақте хонандаи зерин бо ин шева назари худро изҳор намудааст:

«Сафар

28 октябр 2013 12:42

Гуруҳ: Гости

Ин бозпурсии Хукумов хамон латифаи "мебахшед кунам дар пот зад"-ро дар автобус мемонад. "Озодагон" бучопуш!».

Ин гуна матлабро ҷо додан ба банди 7-и « Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон», ки «Ҳифзи шаъну шараф ва эътибори шахс» ном дорад, мухолиф аст. Дар ин банд омадааст: «Паст задани шаъну шараф ва эътибори шахс бо алфози қабеҳ, калимаю ибораҳои таҳқиромез ва аксу тасвири номуносиб, ҳамчунин тўҳмат ва ситоиши беҷо хилофи одоби касбии журналист аст».

Матлаби дигар дар сомонаи faraj.tj  нашр шуда, ба қалами Ҷамила Мирбозхонова мансуб аст, ки «Ғаффоров: Нарзиевро чормех мекунам!» номгузорӣ шудааст  (http://faraj.tj/politics/3281-1170afforov-nazrievro-chormeh-mekunad.html)

Дар ин матлаб гуфта мешавад, ки Абдуҳалим Ғаффоров, раиси эътирофшудаи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва номзад ба мақоми президентӣ, зимни сӯҳбат бо хабарнигори «Фараж» бо нигаронӣ аз изҳороти ахири Мирҳусейн Нарзиев, раиси эътирофнашудаи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, гуфтааст, ки «ман хиёнаткор нестам». Сухан аслан дар бораи як изҳороти қаблии Мирҳусейн Нарзиев меравад, ки Абдуҳалим Ғаффоровро муттаҳам карда буд, ки ҳанӯз 30 марти соли 2000 бинобар хиёнати молиявӣ (азхудкунии 165 ҳазор маблағҳои пулии ҲСТ) ва риоя накардани Оинномаи ҲСТ аз сафи ҳизб хориҷ карда шуда, аз соли 2004 ин ҷониб бо дахолат ва дастгирии руйрости ҳукумат дар асоси маводҳои қалбакӣ мақоми роҳбарикунандаи ҲСТ-ро тасарруф намудааст. Аммо Абдуҳалим Ғаффоров ба навиштаи ин сомона гуфтааст, ки дигар тоқати шунидани дурӯғу тӯҳмати рӯирости Мирҳусейн Нарзиевро надорад ва баъдан изҳор менамояд:

- Ман қасам мехӯрам, ки ин дафъа вайро чормех мекунам. Ҳоло ман дар роҳ, барои тарғиби ҳизбам ба ноҳияи Ҳамадонӣ сафар дорам. Баъди бозгашт бо аризаи даъвогӣ ба суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт муроҷиат карда, тамоми ҳуҷҷатҳои лозимаро пешниҳод месозам. Ана баъд мебинем, ки чӣ мешавад. Ман номзад ба мақоми президентӣ ҳастам ва статуси дахлнопазирӣ дорам. Ман дар суд ӯро шарманда мекунам.

Ба эҳтимоли қавӣ Ғаффоров ин суханонро аз сари эҳсос гуфтааст ва зикри он дар матлаб зарурат надошт. Зеро банди 10-и « Меъёрҳо…», ки «Гузоришҳои барангезанда ва ҳифзи ноболиғон» ном дорад, ба чунин шева пешниҳод намудани матлабро хилофи одоби касбӣ медонад.

Матлаби «Ёрони вафодор», ки бо имзои Шамсиддини НУРУЛҲАҚ дар «Ҷумҳурият» санаи 2.11.13 нашр шудааст (http://www.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=11949) дар бораи аз назари муаллиф умумиятҳои се нафар – Додоҷони Атовулло, Ҳоҷӣ Акбари Тўраҷонзода ва Раҳматилло Зойиров нақл мекунад. Чунин шеваи навишт ва баҳогузорӣ бешак метавонад дар журналистика ҷо дошта бошад, аммо агар дар матлаб таҳқиру ҳақорат ва аз одоби касбӣ берун нарафта бошаду далелҳояш қавӣ бошанд. Мутаассифона, чунин ҳолат дар навиштаи мазкур хеле бисёр аст, аз ҷумла вақте муаллиф менависад:

«Додоҷони Атовулло дар давраи ҷавонию айни ташаккулёбӣ ҳамчун шахс  дар ботлоқи дасисаву моҷаро ғӯтид ва оқибат ғарибу дарбадар шуд. Аз аввалин соатҳои ғарибӣ луқмаи муфте дар дасти ҳамкасбони ҳозиру нозири "лаззат" - и кумаку грантҳои ғарбиро чашидаи Маскав гашт. Онҳо ба номи "қурбонӣ"-ҳои сиёсие монанди ӯ, аз институтҳои ба истилоҳ "ҳомии ҳуқуқи башар" маблағ "меканданд"-у барои ӯ низ тангае чанд медоданд.... ....Соли 2001 ба Ватан баргашт. Бо чашми худ дид, ки касеро аз буду набудаш парво нест. Ҳатто ҳамқаламонро ба ӯ эътиное набуд. Дид, ки "барҷаста" буданаш хаёлест  маҳсули мағзи тиҳии худаш ва саробро мемонад андар биёбон. Хеле зуд рафт он ҷое, ки омада буд. Бо эҳсоси буғзу кин нисбат ба Ватан. То ҳол дарк кардан намехоҳад, ки ҳамчун шахсият ҳеҷ аст. Дар пушташ касе нест, ҷуз як-ду авбоши интернетӣ, ки шояд кӯдакони мактабхон бошанд. Созмони хаёлие низ дорад, номаш "Ватандор". Беасноду бемаҷлису беаъзо. Аз ин дид ӯ сиёсӣ будан ҳам наметавонад. Мақомотро мебояд Додоҷони Атовуллоро берун аз сиёсат бубинанд. Мисли як авбош, як ноқисулақле, ки аз таъсири беморӣ васваса мехонад. ...

.... Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода бошад, дар тӯли умри худ танҳо арзишу ақидаҳоеро парастиш карда, ки дар миёнашон ҷойи Ватану миллат холист. Ӯ ҳеҷ гоҳ арабпарастии худро (сухан сари исломпарастӣ намеравад, хоҳишмандам ин ду мафҳум махлут карда нашавад) инкор накардааст ва намекунад. Ин дигарпарастии ӯ боиси кадом бадбахтиҳои умумимиллӣ гаштанд, ҳоҷат ба такрорашон нест. Вале сабақе аз он набардоштааст. Гӯиё фармудаи Арастуро ботил бароварданист, ки мегӯяд: "Инсон наметавонад дар як роҳ ду бор иштибоҳ кунад". Ва мардумро боз ба ҳамон чоҳе тела додан дорад, ки як дафъа ғалтонда будашон....

... Аз ин ҷо бармеояд, ки ангезаи адами меҳру муҳаббат ба ин сарзамину ин миллат дар пайдоиш, аниқтараш созмондеҳии ин дастаи сегона нақши асосиро бозидааст. Cегонае, ки яке дар гузари Посдорони инқилоби  Эрон хона дораду дигаре дар Узбекистону савумӣ дар Олмон. Онҳо фардои худро бо Тоҷикистон диданӣ нестанд. Ва омили мазкур дар дасти манфиатдорон риштаест, ки онҳоро бо ҳам баставу нӯги ришта барои  идораашон истифода мегардад. Он сӯйе ҳаракат мекунанд, ки таҳрикашон медиҳанд....

...Гуфтаю амали Раҳматилло Зойиров саропо мазҳакаи сиёсист. Танҳо супориш иҷро мекунад. Агар дар ҲНИТ тавассути Кабирӣ рӯҳияи миллию ватанпарастӣ боло гирифтан дорад, Р. Зойиров то ҳол пойбанди ҳамон рӯҳияи туркии тоҷикбадбинонаи солҳои 90-ум аст, ки боиси қатли садҳо одамони бегуноҳ дар водии Рашт гашта буд.  Вагарна имрӯз тоҷики узбекистонӣ дигар мактаб надорад, дар шиноснома миллаташ иваз шуда, забони модариаш ҳатто дар хонааш нимшунаво садо медиҳад, аммо Раҳматилло Зойиров, оне,  ки ҳатто муддаии курсии президентӣ дар Тоҷикистон буду номзадиашро баъзе мухолифини миллатпарасти ИНИТ рад карданд, сари ин масъала ҳарфе намезанад. Барои чӣ?...

... Имрӯз Акбари Тӯраҷонзода даркору нодаркор аз камбуду мушкилоти иқтисодии Тоҷикистон садо мебароварад, аммо калимае аз роҳбандию роҳканиҳои бародарони узбеки мо ба забон намеорад. Барои чӣ?».

Хулоса, дар матлаби мазкур меъёри тавозуни назарҳо риоя нашудааст, вожаю калимаҳои таҳқиромез зиёданд ва аз далелҳое истифода шудааст, ки ба воқеияти онҳо шубҳаи хонанда бедор мешавад. Ба ин тариқ, дар матлаби мазкур бандҳои 1 («Рисолати ВАО ва журналист»), 2 («Сареҳияти ахбор»), 4 («Ақида, далел ва гумону тахмин»), 7 («Ҳифзи шаъну шараф ва эътибори шахс») халал ёфтааст.

Дар маҷмўъ, дар ин давра матолиби вайронкунандаи « Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» назар ба ҳафтаҳои қаблӣ коҳиш ёфта бошад ҳам, ҳамоно онҳоро вохўрдан имкон дорад ва аз роҳбарони сомонаву журналистон дархост карда мешавад, ки зимни нашр ба ин нукта таваҷҷўҳ зоҳир намоянд.

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер