Чанд нафари ношинос ба фурӯшандагони рӯзномаҳо гуфтаанд, ки нашрияи «Самак»-ро нафурӯшанд, зеро қонунан нашри онро манъ кардаанд.

Субҳи имрӯз, 27 ноябри соли 2013, чанд нафар аз паҳнкунандагони рӯзномаҳо дар шаҳри Душанбе ба Faraj.tj ва ҳамчунин идораи ҳафтаномаи «Самак» дар тамос шуда, иброз доштанд, ки нафарони ношиносе дар либоси мулкӣ ба онҳо гуфтаанд, нашрияи «Самак»-ро нафурӯшанд, зеро фаъолияти он аз сӯйи кадом мақомоте манъ карда шудааст.

Бино ба гуфтаи паҳнкунандагони рӯзнома, он нафарон худро шинос накардаанд ва сабаби гӯё манъ шудани фаъолияти ҳафтаномаро ҳам нагуфтаанд.

Ҳоли ҳозир дақиқ нест, ки он нафарон кӣ буданд, аммо сармуҳаррири нашрияи «Самак» Ҷасур Абдуллоев гуфт, ки ин қазияро ҳатман таҳқиқ мекунанд. Ба эҳтимоли зиёд, ин қазия ба матлабҳои таи ҳафтаҳои ахир нашркардаи «Самак» алоқамандӣ дорад.

Ёдовар мешавем, ки чанде пешт ҳафтаномаи «Самак» бо собиқ роҳбари Иттифоқи нависандагон, шоир Аскар Ҳаким баҳси судӣ дошт ва бинобар напардохтани боҷи давлатӣ аз ҷониби Аскар Ҳаким, суд баррасии парвандаро беҳаракат мононд. То ба имрӯз расман аз болои «Самак» касе ба суд шикоят набурдааст, ки ин далел аз фармоиши шахси манфиатдори алоҳида будани ин амр гувоҳӣ медиҳад.

А.Раҷабов, МТЖ

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер