Дирӯз дар факултети журналистикаи ДМТ «Ёддошти ҳусни тафоҳум дар бораи ҳамкориҳо дар самти рушди худтанзимкунии ВАО» миёни Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ва ташкилоти ибтидоии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар ДМТ ба имзо расид.

Дар «Ёддошти ҳусни тафоҳум…» омадааст, ки ҳамкории ҷонибҳо баҳри татбиқи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» ба таври муколамаву машваратҳои мунтазам муайян гардида, ҷараён меёбад. Дар санади баимзорасида аз ҷумла таъкид меёбад, ки ҷонибҳо самтҳои зайли ҳамкориро афзалиятнок меҳисобанд:

а) ташвиқу тарғиби мунтазами «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» миёни кормандони Ташкилот ва таъмини риояи бемайлони «Меъёрҳо…» аз ҷониби аҳли эҷоди муасссиса;

б) инъикоси мавзўъ ва масъалаҳои вобаста ба усули худтанзимкунии ВАО ва тадбирҳои дар ин росто андешидаи Шўрои ВАО-и ҶТ дар барномаҳои Ташкилот;

в) табодули мунтазами иттилооти вобаста ба усули худтанзимкунии ВАО ва дигар иттилооти ба озодии баён дахлдор дар миёни ҷонибҳо;

г) дастгирӣ ва ҳамёрӣ дар татбиқи иқдомоти андешидашавандаи ҳамдигар дар бахшҳои гуногуни фаъолияти касбӣ ва мусоидат ба рушди худтанзимкунии ВАО.

Раиси созмони ибтидоии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар ДМТ, мудири Кафедраи журналистикаи байналхалқии факултети журналистика, дотсент Сангин Гулов ба Odob.tj гуфт, ки  устодони факултети журналистика ба рушди принсипи худтанзимкунии ВАО бетараф нестанд, балки ҳам дар таълими фанни «Этикаи касбии журналист» ва ҳам дар машғулиятҳои амалии маҳорати журналистӣ, дарку омӯзиши меъёрҳои ахлоқи касбиро аз ҷониби шогирдон ба ҳайси яке аз омилҳои муассири омодагии касбӣ меҳисобанд.

Ба ақидаи Сангин Гулов, баимзорасии«Ёддошти ҳусни тафоҳум…» миёни Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ва ташкилоти ибтидоии ИЖТ дар ДМТ, барои бо низоми муайян пеш бурдани ҳамкориҳои минбаъда мусоидат хоҳад кард.

Odob.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер