Индекси мавод
Қарорҳои Шӯро
Суратҷаласаи Дастгоҳи Шӯрои ВАО ҶТ
Ҳамаи саҳифаҳо


Суратмаҷлиси № 3
ҷаласаи Шӯрои воситаҳои ахбори омммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
 аз   1. 04. 2011     ш.Душанбе

                                        Иштирок доштанд:
аъзои Шӯро Н. Қаршибоев,  Ш. Ҳамдамов,
З. Исмоилов, Р. Ҷонӣ, И. Иноятов, Қ. Аламшоев.
                     Ҳамчунин  иштирок доштанд:
А. Сатторов-раиси ИЖТ, муассиси Шӯро,
М. Унланд, Ф. Ҷунайдов - намояндагони САҲА,
С. Гулов-Дабири кулл, Ҷ. ҲаҚназаров -мушовири ҳуҚуҚии Шӯро

Рӯзнома ҷаласа:
1.  Дар  бораи аризаи раиси Шӯро, профессор Усмонов И.К
2. Дар  бораи тасдиҚи наҚшаи кори Дастгоҳи  Шӯрои ВАО ва Дастурамали  кормандони Шӯрои ВАО
3.   Масъалаҳои ҷорӣ
Нуриддин Қаршибоев, узви Шӯрои ВАО-и ҶТ ҷаласаро оғоз намуда,  аризаи  раиси Шӯро Иброхим Усмоновро бо иштирокчиёни ҷаласа ошно намуд. Мавсуф зикр намуд, ки аризаи навиштаи И. Усмоновро  дар  мавриди аз вазифаи Раиси Шӯро озод намудан бо вазъи саломатии раис вобаста аст.
Нуриддин Қаршибоев: Бояд аризаашонро  ба овоздиҳии кушод монем. Кӣ ба аризаи устод розӣ аст?
Тарафдор: 6 н. Зид, бетараф нест.
Шӯро Қарор мекунад:
Аризаи раиси Шӯрои ВАО-и ҶТ Иброҳим Усмонов дар бораи аз вазифаи раиси Шӯрои ВАО-и ҶТ бинобар вазъи саломатӣ озод кардан Қонеъ гардонида шавад.
Н. Қ.: ВаҚте ки дар асоси ариза раисро озод кардем,  аз моҳи апрел то  моҳи декабри соли ҷорӣ як нафар  бояд роҳбариро  ба ӯҳда гирад.
Иноят Иноятов: Барои он ки интихоби раиси нави Шӯроро гузаронем, бо кворуми имрӯза ин масъала  ҳал карда намешавад. Барои он ки интихоби нави раиси Шӯро тибҚи Оиннома ва Регламент   ба роҳ монда шавад, иштироки аҚаллан 8 нафар аъзои Шӯро ғайр аз Иброҳим Кенҷаевич зарур  мебошад.
Шариф Ҳамдамов: Имкон надорад, ки ба тариҚи пурсиш  назари онҳоро  гирем  ё бояд ҳатман  иштирок кунанд?
Н. Қ: Агар иштирок кунанд,  хуб аст. Агар  иштирок карда натавонанд, хаттӣ бояд аз тариҚи почтаи электронӣ фикрашонро гӯянд.
И. И.: Ин масъала тибҚи Оиннома дар  хонаи пӯшида байни 8 н. аъзои Шӯро ҳал карда мешавад.
Н.Қ.: Мо имконияти даъват кардани ду аъзои Шӯро, ки дар минтаҚаанд, дорем?
Сангин Гулов.:  Мо мумкин Сӯҳробшоҳро аз захираамон  даъват карда  тавонем, хароҷоташ он Қадар  зиёд намешавад, аммо барои нафари дуюм маблағ надорем.
Акбаралӣ Сатторов: Як роҳи дигар ин ки  фикри ҳамаро  бо тариҚи телефон ё электронӣ гиред. Ва  ҳафтаи оянда ҷамъ  шавему Сангин Гулов эълон кунад, чӣ хел мешавад? Иноятов, агар котиби генералии Шӯро пешакӣ мардумро  пурсад,  регламент вайрон намешавад?
И. И.: Бояд  тариҚи хаттӣ нависанд.
Н. Қ: Дабири кулл ба нафароне ки иштирок надоранд мактуб тайёр кунед, ки аризаи устод  Қонеъ гардонида шуд ва интихобт раис ба ҳафтаи оянда гузошта шуд. МувофиҚи регламент  ва ҳуҷҷатҳои тафсилотӣ  барои интихоби Раис ҳузури аксарияти аъзои Шӯро зарур аст, дар  ҷаласаи навбатӣ ки рӯзи 8-ум соати 11 баргузор мегардад, ин масъала баррасӣ карда мешавад, хоҳиш мекунем, ки назаратонро  вобаста ба  ҳамин  масъала иброз доред ё омода бошед, ки аз Шумо  тариҚи телефон   назар гирифта мешавад.  Кӣ ба ин тарзи масъалагузорӣ розист, мепурсам, мавҚеятонро муайян созед. Тарафдор 6 нафар. Зид, бетараф нест.
Шӯро Қарор мекунад:
Масъалаи интихоби раиси Шӯрои ВАО-и ҶТ ба ҷаласаи оянда вогузошта шавад.
Н. Қ: Масъалаи дуюм, НаҚшаи корӣ, наҚшаи корӣ дар дасти ҳамаатон ҳаст. Як маротиба назар кунед.
А. С.: ТасдиҚ  карда шавад!
Ш. Ҳ.: Ман савол  дорам! Ин чӣ лоиҳа аст?
С. Г.: Ин  лоиҳае, ки аз ҷониби Шӯрои ВАО  пешниҳод шуда буд ва аз моҳи март оғоз шудааст.
Ш. Ҳ.: Дар  бораи ин лоиҳа маълумот диҳед? Чӣ Қадар маблағ  ҷудо шудааст?   Ва  барои чӣ сарф карда мешавад? Мукаммал дар  бораи ҳамин маълумот диҳед.
С. Г.: Дастгирии  Шӯрои ВАО, аз ҷумла мо  гузаронидани 15 семинарро  дар  минтаҚаҳои Тоҷикистон  ба наҚша гирифтаем. Ҳамчунин мо  фаъолияти Шӯро, тартиби корашро  ба назар  гирифтаем.  Ҳудуди 13 ҳазор  евро ҷудо шудааст ва имрӯз  мо  Қисме аз таҷҳизот (компютер )-ро гирифтем,  ҳуҷраи кориамонро тағйир  доданӣ ҳастем. Ин ягон  сир нест, мо маблағашро  ба Шумо  пешниҳод мекунем.
Зинатулло Исмоилов: Бояд  ба ҳар  як  аъзои Шӯро чунин маълумотро пешкаш кунед,  дар  он ваҚт чунин  саволҳо  пайдо  намешаванд.
Ш. Ҳ.: ВаҚтро зиёд нагирем, то ҳафтаи оянда як  нусхагӣ барои аъзои Шӯро пешниҳод кунед.
Рустами Ҷонӣ: Агар ин  лоиҳа бошад,  мо  ҳамаамон шинос шавем. Асосноки ҳамин  семинарҳое, ки мешавад дар минтаҚаҳо бояд шарҳ  дошта бошад, ки чӣ аст, чигуна семинар аст, аз мавзӯяш огоҳ шавем. Ба фикри Шумо  ин семинарҳо  чӣ натиҷа медиҳад?
Ш. Ҳ.: Аъзои Шӯро иштирок мекунанд? Чаро дар ин ҷо зикр нагардидааст, ки кадом аъзои Шӯро иштирок мекунад? Ман фикр мекунам, ҳар  як  семинаре, ки дар  кадом минтаҚае нашавад, аъзои Шӯро  иштирок кунанд.
Н. Қ.: МаҚсади аслии семинарҳо  фаҳмонидани  меъёрҳои ахлоҚӣ, яъне сӯҳбатҳо  ба коллективҳои эҷодӣ, ҷалб намудани аъзо  ба Шӯро  ва муаррифии Шӯро. Барои ҳамин  наҚшаро пурра кардан  лозим аст. Аз апрел мемонед ва  мушаххас кардан  даркор, ки  ҳамин 15  семинарро  таҚсим кардан  даркор,  ки  дар кадомаш  кадом аъзои Шӯро  иштирок карда метавонад. Ҳаминро пешакӣ муайян кардан  лозим аст.  Масъалаи шарҳи меъёрҳо. Мо ҳам камтар пул дорем, барои пурра кардани шарҳҳо. Барои ҳамин маслиҳат кардан  даркор, ки ҳамин пулро  оҚилона истифода барем. 17 меъёр аст, худамон  9 нафар   аъзои Шӯро ҳастем, аҚаллан  дутогӣ шарҳ  навишта,  ҳар  яки онро бояд  аз назари ҳуҚуҚшинос гузаронем Вобаста ба он Қазияҳое, ки соли гузашта дида баромада будем, баъзе мисолҳоро  илова кардан  лозим аст, ки дар кадом ҳолат меъёрҳои ахлоҚӣ вайрон карда мешавад. Ин шарҳ  ҳам осон  шудани кори худамон ва ҳам ба фаҳмонидани ҳамин меъёрҳо мусоидат кунад. Ба ин Қироншоҳ Шарифзодаро низ  ҷалб кардан  мумкин. Ҳамин хел кунем, ки як  кори пухтаи нағз  барояд. Албатта, баъди 3-5 сол   зарурати илова  кардан пайдо мешавад.  Назари  Иброҳим Кенҷаевичро низ дар ин маврид гирифтан  мумкин  аст.
С. Г.: Муалилм як  наҚшаро низ  сохтанд, ки ҳамин шарҳ чӣ хел  бояд  бошад.   якҷоя Муаллим гуфтанд, ки як Қисматашро ман  мебинам, дигарашро ҳуҚуҚшинос мебинад.
Н. Қ.: Набошад  ҳафтаи дигар мӯҳлаташро  мушаххас кардан  лозим аст.
Ш. Ҳ.: Ҳар як  минтаҚа  махсусияти кори худашро дорад. Он ҷо радиову  телевизион аст,  нашрияҳои интернетӣ аст, мувофиҚи ҳамин  аъзои Шӯро омодагӣ гиранд.
С. Г.: Медонед, ин ҷо як  нозукӣ буд. Ман  мехостам  муайян кунам, ки аъзои Шӯро кадомаш  куҷо рафтан мехоҳад?  Агар ҳозир мо  муайян кунем ва  ҳамон  ваҚт расад, шояд  рафта натавонад.
З. И.: НаҚшаи 15 семинарро  ба аъзои Шӯро  пешниҳод кунед,  ҳар яке онро мебинаду муайян мекунад, ки ки ба куҷо мераваду ба гуфти Шариф Ҳамдамов, махсусияти ҳамон  минтаҚаро меомӯзад. Агар  ёриии ҳуҚуҚӣ лозим бошад, Иноят Иноятов меравад, агар  воситаҳои электронӣ бошад, Рустами Ҷонӣ мерававд.
Ш. Ҳ.: Агар номаш  муайян  бошад, ҳамон  шахс ҳаракат мекунад, ки ба хамон рӯз  ягон наҚшаи дигар нагузорад ва  тарҳашро мекашад.
С. Г.: Як  сабаби ба моҳи сентюбру октябр напартофтани семинарҳо ҳамин аст, ки агар  ягонтояш Қафо афтад, дар моҳи  сентябр тамом кунем, чунки дар  минтаҚаҳо барҚ намешаваду муаммо пеш  меояд.
Н. Қ.: Кӣ тарафдори он аст, ки наҚшаи корӣ бо назардошти фикру мулоҳизоти баёншуда Қабул шавад, овоз диҳед. Тарафдор 6 нафар. Зид, бетараф нест.
Шӯро Қарор мекунад:
НаҚшаи кори Дастгоҳи  Шӯрои ВАО тасдиҚ карда шавад.

Н. Қ.: Дастурамали  кормандони Шӯрои ВАО низ ҳаст.  Ҳар узви Шӯро то ҳафтаи оянда тағйиру иловаҳо  ворид намуда меорад.
И. И.: Ман пешакӣ бо ин  дастурамал шинос будам ва ба талаботи Қонунгузорӣ пурра  ҷавобгӯ мебошад.
Шӯро Қарор мекунад:
Дастурамали  кормандони Шӯрои ВАО тасдиҚ карда шавад.

С. Г.: Масъалаҳои ҷорӣ. Ман  сухан  дорам. Яке аз ҳадафҳо иҚтидори молиявии Шӯро  мебошад,  бояд  пурҚувват карда шавад. Ман  аз аъзои Шӯро  хоҳиш мекунам, ки ҳамин  иҚдоми пешгирифтаи дастгоҳро дар пардохти аъзоҳаҚҚии ҳам муассисон  ва ҳам аъзои Шӯро  дастгирӣ кунед.

Н. Қ.: Ман  мактубро  дидам, лекин  мактубро  ин хел намекунанд. Дар мактуб  ҳатман  бояд  суратҳисоб  навишта шавад. Барои он ки ҳар  як  роҳбар  дар  болояш  иҷозат мона,  ва  муҳосиб ин маблағро  ба суратҳисоби Шӯро гузаронад. ВаҚте  семинарҳо оғоз  мешаванд, ҳар касе минтаҚа меравад, рӯзи аввали рафтанаш вараҚи суратҳисобро бо мактуб мерасонад. Ин тарзи корро осон мегардонад.

Қарор карда шуд:

ИҚдоми дастгоҳи Шӯро дар самти ҷамоварии маблағи аъзоҳаҚҚӣ дастгирӣ карда шавад.


                               Раисикунанда                                Қаршибоев Нуриддин
                               Котиб                                                Гулов Сангин

 



 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер