Мониторинги ВАО-и чопӣ ( 19 - 25  ноябри  с. 2013):

«Ҷумҳурият»,(Сармуҳаррир: Муҳаммад Ғоиб). № 152 (22-289) ,  панҷшанбе, 21 ноябри соли 2013:

Ин ҳафта «Ҷумҳурият» дар саҳифаҳои худ силсилаи фармонҳои президенти мамлакат, Тавзеҳот ба фармони Президенти ҶТ «Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроичи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», як шеър ва чанд матлаби дигарро ба чоп расонидааст, ки дар онҳо «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» риоя шудаанд.

«Садои мардум». (Сармуҳаррир: Ҷумъахон Наботов). № 146 ( 3131) шанбе, 23 ноябри соли  2013:

«Садои мардум» дар ин шумораи худ фармонҳои президент, суханрониҳои ў ва қарорҳоро ба нашр расонидааст, ки дар онҳо нақзи бевоситаи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» мушоҳида нашуд.

«Народная газета», (Сармуҳаррир: Сироҷиддин Изатуллоев). №49  (19915), 20 ноябри соли 2013:

«Народная газета» ин ҳафта дар ҳаҷми 8 саҳифа чоп шудааст. Дар чор саҳифаи аввал матолиби гуногун дар бораи ҷамъбасти  интихоботи президентӣ, суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати савгандёдкунӣ, як матлаби яксаҳифагӣ дар бораи «Роғун», дар чор саҳифаи дигар эълону рекламаҳо  чоп шудаанд, ки дар онҳо «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» нақз нагардидаанд.

«Минбари халқ», (Сармуҳаррир: Бахтиёр Ҳамдамов). № 47 (922), панҷшанбе,  21 ноябри соли 2013:

Ҳафтаномаи «Минбари халқ» низ чун ҳафтаномаҳои дигар савгандёдкунии президент, суханронии президент, фармонҳои президент, тавзеҳот ба фармони президент, номаҳои шодбошӣ ба унвони президент ва якчанд матлаби дигарро нашр намудааст, ки дар онҳо «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»  риоя гардидаанд.

«ҶавонониТоҷикистон», (Сармуҳаррир: Самариддин Асоев). № 47 (9317), 21 ноябри соли 2013:

«Ҷавонони Тоҷикистон» ин ҳафта аз ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию варзишии кишвар ва ҷаҳон хабару матолиби зиёдеро ба нашр расонидааст, ки дар онҳо нақзи бевоситаи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» мушоҳида нашуд. Аммо дар саҳифаи охир зери рубрикаи «Фароғат» ёздаҳ адад латифа ба табъ расидааст, ки дар зери он номи муаллиф наомадааст, ки ин амал метавонад боиси шубҳа гардад.

«Омўзгор», (Сармуҳаррир: Ноилшо Нуралиев). №47 (11908),

22 ноябри соли 2013:

Ҳафтаномаи «Омўзгор» низ савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суханронии ўро ҳамроҳ бо матолиби дигар ба нашр омода намудааст, ки дар онҳо нақзи бевоситаи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» дида нашуд. Аммо ба монанди «Ҷавонони Тоҷикистон» дар саҳифаи охир, зери рубрикаи «Хандарез», панҷ латифа чоп кардааст, ки моли кӣ ва аз куҷо омаданаш номаълум мондааст.

«Asia - Plus», (Сармуҳаррир: Умед Бобохонов). №87 (872), 21 ноябри соли 2013:

Ҳафтаномаи «Азия-Плюс» ин ҳафта низ, «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» -ро риоя  кардааст.

«Фараж», (Сармуҳаррир: Хуршедҷон Ниёзов). №47 (364), чоршанбе, 20 ноябри соли 2013:

«Фараж» ин ҳафта низ бо замимаи худ  «Интихобот-2013», «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» -ро риоя кардааст.

«Самак», (Сармуҳаррир: Ҷасур Абдуллоев). № 47 (107), чоршанбе, 20 ноябри соли 2013:

«Самак» ин ҳафта ҳам «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» -ро риоя  кардааст.

«СССР», (Сардабир: Сайёфи Мизроб). № 47 (272), панҷшанбе, 21 ноябри соли 2013:

Агар истифодаи як-ду калимаи забони ғайрро ба назар нагирем, гуфтан мумкин аст, ки ин  ҳафта «СССР» «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» -ро риоя кардааст.

«Озодагон», (Муҳаррир: Азизи Нақибзод). № 44(304), чоршанбе, 20 ноябри соли 2013:

Ҳафтаномаи «Озодагон»  ин ҳафта «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» -ро риоя кардааст.

«Миллат», (Муассис ва сардабир: Умарова А.М.). № 47 (429), 20 ноябри соли 2013:

Ҳафтаномаи «Миллат» ин ҳафта низ «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» -ро риоя кардааст.

«Чархи гардун», (Сармуҳаррир: Муҳаммадалӣ Мақсадуллоҳ). № 47 (898), 20 .11.2013:

 

Шумораи навбатии ҳафтанома«Чархи гардун»-ро саропо хондам. Дар он оид ба сиёсат, ахлоқ, иҷтимоиёт, фарҳанг маводи мухталифе рўи чоп омадааст, ки дар аксари кулли онҳо бидуни як хабар аз дафтари ВКД бо номи «Лату кўби ноболиғ», ки дар он банди 10-и «Меъёрҳои ахлокии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» халалдор шудаанд, дигар ҷурмеро дида натавонистам. Аз ин лиҳоз, гумон мекунам, ки ин ҳафта кормандони «Чархи гардун» кўшидаанд, ки маводи нашрияашонро бидуни ягон фишору фармоишҳо, бо назардошти меъёрҳои ахлоқӣ рўи чоп оваранд.Шояд як сабаби ин дар он бошад, ки сўҳбати хосаи корманди бахши мониторинги мо бо яке аз муаллифони доимии бахши ахбори ҷиноӣ Ҷалолиддин Садриддинов, оид ба нодида гирифтани меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби кормандони ҳафтанома, то андозае ишонро сари андешаи масъулиятшиносӣ водор намуда бошад.

Тавсия:

Ба аҳли эҷоди ҳафтаномаи  «Чархи гардун» тавсия доданием, маводашонро дар пайроҳаи хештаншиносӣ ва дар майдони ору нангу номус, ормонҳои миллиро пеши назар дошта, бо эҳтироми меъёрҳои ахлоқӣ, омода ва нашр намоянд.

«Муҳаббат ва оила», (Муҳаррир: Нуъмон Низомӣ). № 47(651), 19-25,11.2013:

Муаллифи «Зино накун, оча!», ки саҳифаҳои ҳафтаномаи «Муҳаббат ва оила»-ро бо саҳнаҳои пурфаҳш ва алфози қабеҳ пур мекунад, ин бор низ аз ҳамон  бадгўиҳои худ даст накашида, боз саҳнаи нави фосиқии қаҳрамонаш Мастонаро бо тарзи навин, баён медорад, ки он ҳама хилофи бандҳои 5 ва 10-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» мебошанд.

Ҳафтанома дар нигоштаи давомдори «Оча, маро бикуш!», ки аз найрангҳои модари бадандеш қисса мекунад, бо овардани саҳнаҳои моҷароҳои оилавӣ ва истифодаи калимаву ибораҳои фаҳш, ба косташавии меъёрҳои ахлоқӣ роҳ додаст.

Дар қиссаи «Нони шўри сағера», ки дар чанд шумораи «Муҳаббат ва оила» идома дорад, ин дафъа низ бо овардани саҳнаи зиште аз хушунату зўроварӣ, банди 10-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро коста намудаанд.

Тавсия:

Мо аз кӣ гила мекунем, киро зери маломати хеш қарор медиҳем?! Магар бо рўи чоп овардани ин фосиқкориҳо мо метавонем, ки ҷомеаро эъмор бахшем? Оё мо бо рўи чоп овардани чунин фисқу фуҷур, миллати хешро шармсору русияҳ намесозем? Наход моҳияти ибораи «иффату фарҳанги миллӣ» барои кормандони  ҳафтаномаи  «Муҳаббат ва оила» нофаҳмову бетафовут бошад?! Ба ҳар ҳол, хуб мебуд агар эшон боре ба «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» рў оварда, нигоштаҳояшонро дар чаҳорчўби ин меъёрҳо рўи чоп меоварданд.

 

«Оила», (Сармуҳаррир: Фирўза Сатторӣ). № 47(719), 20.11.2013:

Ҳафтаномаи «Оила» аз шумора то шумораи дигар чунон илҳом мегирад, ки қиссаҳои бофтаву дуруғинаш аз пештара бешгтар дар гирдоби фисқу фуҷур ғутаваранд. Бо чунин рафтори пур аз фаҳш ин ҳафтанома камар бастааст, ки миллати бофарҳангу номдореро дар сиёҳкорӣ ба хоки сиёҳ яксон намояд. Дар қиссаи «Қуръонзада» саҳнаи пур аз фаҳшу фуҷури раиси суду Ғамза ном наварўсеро инъикос намудааст, ки дар он ғайр аз таблиғи фоҳишӣ, ҳамзамон паст задани шаъну эътибори шахсият, алфози қабеҳ оварда шудааст, ки ин хилофи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» мебошад.

Масалан, овардани ибораи «Сараевичи лақай» ба нигоҳи инҷониб басо нораво ва таҳқиромез мебошад.

Дар қиссаи дигари ин ҳафтанома бо номи «Ишқи тиллоии муҳоҷири тоҷик» низ саҳнаи фисқу фуҷурро ба тасвир кашида, ба косташавии ахлоқӣ сабаб гардидааст.

«Ҷияни фосиқ», поёни қиссаи қаблӣ, ки аз ишқварзии янга бо ҷияни шавҳараш нақл мекунад, бо овардани саҳнаҳои пур аз лаззати шаҳвонӣ ва кирдорҳои номатлуби ҷияну янга, ҳафтанома иффат ва фарҳанги миллиро коста намудааст. Аз ҳама аламовар он аст, ки ҳафтанома барои худро дар ин ҷода сафед намудан, дар зери қисса бо ишораи Р/С чунин менигорад: «Мақсад аз дарҷ намудани чунин қиссаҳо дар он аст, ки мардум оқибати хиёнат ва зиноро дарк намоянд». Вале мо бар он ҳастем, ки ин ҳама қиссаҳо танҳо барои паст задану нодида гирифтани фарҳангу иффати миллӣ мебошад. Ва тамоми маводи фаҳши ҳафтанома танҳо ба ҳамин мақсад равона гардидааст.

Мо барои тасдиқи андешаи худ ба қиссаи дигари ҳафтаномаи «Оила» бо номи «Мамарозаро Худо зад», рў меоварем, ки дар он оид ба саҳнаҳои фаҳши рўзгори имрўз сухан рафта, дар рафти он ормонҳои миллӣ нодида гирифта шуда, «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» риоя нагардидаанд.

Тавсия:

Ба идораи ҳафтаномаи «Оила» тавсия мешавад, ба хотири пос доштани ормонҳои миллӣ, ба иффату фарҳанги он арҷ гузошта, меъёрҳои ахлоқиро риоя намоянд.

«Ману ту», (Сармуҳаррир: Парвина Бухориева). № 47(292), 20.11.2013:

«Ману ту» «Чаро ҷавонон ҷиноят содир мекунанд?» ном маводи таҳлилиеро рўи чоп овардааст, ки дар он банди 5-и «Меъёрҳои ахлоқии журналистӣ дар Тоҷикистон» - «ВАО ва журналист ба хотири ҳифзи ноболиғон ва ҷабрдидагон шахсияти онҳоро ифшо намесозанд»-ро нодида гирифтааст. Муаллифи ин мавод бо номи Арзанда, бо овардани ному насаб ва маҳалли зисту ҷои таҳсил, ки хилофи меъёрҳои ахлоқианд, зимни истифодаи мавод аз «Озодӣ», он камбуди радиоро айнан такрор кардааст. Новобаста аз он, ки мавод аз сарчашмаи дигар гирифта шудааст, эшон меъёрҳои ахлоқиро нодида гирифта, шахсияти ноболиғонро фош намужааст.

Тавсия:

Ба аҳли идораи ҳафтаномаи «Ману ту» тавсия дода мешавад, ки дар инъикоси мавод, ки дар онҳо шаъну шарафи ноболиғон коста мегарданд, бояд «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро мадди назар дошта бошанд.

«Зан ва мард», (Сармуҳаррир: Меҳрафрўз Неъмонзода). № 45(410), 20.11.2013:

Боз суханро аз он оғоз менамоем, ки кормандони ҳафтаномаи «Зан ва мард», гӯё аз ҳунари нигорандагӣ ва рўзноманигорӣ тамоман канора буда, заррае дар замирашон нисбати ин касб эҳтирому эътиқодеро соҳиб нестанд. Зеро чун ҳар нафар ба саҳифаи аввали ин ҳафтанома дида дўзад, ба хубӣ дарк менамояд, ки кормандони ин ҳафтанома аз рўзноманигорӣ то куҷо хабар доранд. Дар саҳифаи аввали шумораи навбатии ҳафтаномаи «Зан ва мард», ки дар он зери акси Шабнами Сурайё навиштани «Арўси бедомод», дар зери акси Суруш Холов «Агар мард наметавонад…», зери акси Нигина Амонқулова «Хушдомани золим», дар миёни акси Шаҳроми Абўбакр ва Фирўза Ҳафизова «Шавҳар: дўсти шаб-душмани рўз?» ва дар зери акси эшон навиштани «Кӣ зӯру кӣ нотавон?» ғайриҳирфавӣ буда, ба шаъну шарафи ин чеҳраҳо иснод овардан аст.

Имрўзҳо одати маъмулӣ шудааст, ки аксари ба ном рўзноманигорон, барои диққатҷалбкунии маводи хеш, ба қиссаву навиштаҳояшон сарлавҳаҳоеро мегузоранд, ки тамоман аз доираи одоби нигорандагӣ ориянд. Мисол, ҳамин сарлавҳаи «Дар ҷонум задӣ, пирхар!» аз он далолат мекунад, ки фарҳанги эшон то куҷост.

Ҳафтаномаи «Зан ва мард» бо номи «Арўси бедомод» қиссаи давомдореро рўйи чоп овардааст, ки дар инъикоси он бо овардани калимаву ибораҳои ноҷо, банди 5-и  «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро халалдор намуда, маданият ва фарҳанги миллиро зери суол қарор додаанд.

Тавсия:

Ба идораи ҳафтаномаи «Зан ва мард» тавсия доданием, ки сароғоз корро аз эҳтироми хеш шурўъ карда, боре хешро бо чунин тарзи таблиғи ноҷо тасаввур намоянд?! Шояд дар он сурат, ба қадри дигарон бирасанд. Ва ҳамзамон дар баёни гузоришу қиссаву хабарҳояшон ба саҳлангорӣ роҳ надода, нигоштаҳои худро дар доираи меъёрҳои ахлоқӣ рўи чоп оваранд.

 

«Мушфиқӣ», (Сармуҳаррир: Ҳ.Амир). № 46(482), 21.11.2013:

Ҳафтаномаи  «Мушфиқӣ» бо рўи чоп овардани идомаи қиссаи «Доми духтари наврас», ки дар он саҳнаҳои фисқу фуҷур ба тасвир кашида шудаву онҳо далолат аз таблиғи фаҳш менамоянд, боиси косташавии бандҳои 5,10 –и  «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» гардидааст.

Тавсия:

Ба идораи ҳафтаномаи «Мушфиқӣ» тавсия дода мешавад, ки меъёрҳои ахлоқиро риоя намуда, қиссаву нигоштаҳояшонро дар чаҳорчўби ин меъёрҳо рўи чоп оваранд.

«Нигоҳ», (Котиби масъул: Эраҷи Амон). № 35(361), 20.11.2013:

Ҳафтаномаи «Нигоҳ» бо номи «Қазияи Расули Амонулло. Кӣ ҳақ: ВКД ё суд?»-ро дар қатори дигар маводи хонданбобаш рўи чоп овардааст, ки дар он оид ба садамаи шаби 8 ба 9 октябри соли ҷорӣ дар хиёбони Рўдакии шаҳри Душанбе рӯйдода сухан меравад. Ҳамагон аз рафти ин ҳодиса тариқи ВАО хабар доранд, ки он боиси марги се нафар шаҳрванд гардида, писари Амонуллои Ҳукуматулло, раиси «Роҳи оҳани Тоҷикистон», гумонбар дониста мешуд. Мавод мантиқӣ ва нишонрас аст, вале ҳафтанома зимни баёни он аз мавқеи пешдоварӣ истифода карда, банди 8-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро нодида гирифтааст, ки дар он чунин омада: «То собит гардидани гуноҳи шахс дар суд, ВАО ва журналист наметавонанд дар бораи гунаҳкории ў қазоват кунанд».

Тавсия:

Ба идораи ҳафтаномаи «Нигоҳ» тавсия дода мешавад, ки дар ҳама ҳолат арҷ гузорӣ ба «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро пеши назар дошта бошанд.

 

«Тоҷикистон», (Муҳаррир: Абдумудассир Аҳмадзода). № 47(1038), 20.11.2013:

Дар саҳифаи 9-и шумораи навбатии ҳафтаномаи «Тоҷикистон», бо номи «Таҷовузи Шаҳбози 16-сола ба номуси ноболиғон», хабаре дарҷ гардидааст, ки дар он ному насаби ноболиғ оварда шуда, банди 10-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро халалдор сохтааст. Ин ҷо ба маврид аст, бигўем, ки аксари чунин хабарҳои номатлуб аз ҷониби Дафтари матбуоти ВКД пахш мегарданд ва мутаассифона, идораи ҳафтаномаҳо такя ба ин манбаъ иттилоотро бидуни таҳрир ва санҷиш, ба дасти чоп медиҳанд. Ин гунна мавод дар натиҷа, ба нодида гирифтан ва паст задани шаъну шарафи инсонҳо боис мегардад.

Тавсия:

Ба кормандони ҳафтаномаи «Тоҷикистон» тавсия дода мешавад, ки такя ба «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» намуда, ҳар маводи аз ҷониби мақомоти мухталиф дасрасшуда ва пешниҳодгардидаро бисанҷанд, таҳрир кунанд ва онҳоро баъдан бо назардошти одоби касбӣ, рўи чоп оваранд.

 

«Рўзгор», (Сармуҳаррир: Султони Ҳамад). № 25(025), 20.11.2013:

Ҳафтаномаи «Рўзгор» дар шумораи навбатии худ бо рўи чоп овардани хабару гузориш ва иттилооти мухталиф аз ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, бо назокати сухан ва ҷо ба ҷо гузории гузоришу хабарҳояш, намуна аст.

Хулоса, дар ин ҳафта нашрияҳои «Чархи гардун», № 47(898), 20.11.2013; «Муҳаббат ва оила», № 47(651),19-25.11.2013; «Оила», № 47(719), 20.11.2013; «Ману ту», № 47(292), 20.11.2013; «Зан ва мард», № 45(410), 20,11.2013; «Мушфиқӣ», №46(482), 21.11.2013; «Тоҷикистон», № 47(1038), 20.11.2013; «Нигоҳ», № 35(363), 20.11.2013, дар баёни ҳодисаву воқеаҳо бандҳои 5,7,8,10-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро нақз кардаанд.

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер