Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) ҷомеаи журналистиро даъват намудааст, ки дар баррасии лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонунгузории зидахли танзими Интернет ширкати фаъол дошта бошанд.

Раиси АМВАОМТ Нуриддин Қаршибоев ба Odob.tj гуфт, ки сабаби чунин даъват ғайришаффоф ҷараён доштани омодагардии  тағйиру иловаҳо ба қонунгузории зидахли танзими Интернет аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ аст ва АМВАОМТ аз Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост кардааст то матни чунин тағйиру иловаҳоро барои идораҳои ВАО пешниҳод намояд.

Нуриддин Қаршибоев мегӯяд, аз мавҷудияти лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонунгузории зидахли танзими Интернет аз намояндаи АМВАОМТ, ки дар ҳайати гурӯҳи кории тањиясозии он огоҳ гардидааст, вале намояндаашон низ аз тақдири минбаъдаи лоиҳа хабар надорад.

Ба ақидаи Раиси АМВАОМТ лоиҳаи тағйиру иловаҳо то ба Парламент расидан, бояд мавриди назар ва баррасии ҷомеаи журналистӣ ва коршиносони мустақили соҳаи Интернет қарор гирад.

Odob.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер