Риояи бемайлони меъёрҳои ахлоқии касбӣ дар баробари риояи қонун, омили аслии фаъолияти озод ва таъсиргузори журналистон аст.

Ин нукта меҳвари суханронии раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон Қироншоҳи Шарифзода дар Конфронси ҷумҳуриявии «Риояи меъёр ва принсипҳои байналхалқии касбии журналистон дар журналистикаи тоҷик» буд, ки рӯзҳои 22 ва 23 ноябри соли равон, дар факултети журналистикаи ДМТ баргузор гардид.

 

Раиси Шӯрои ВАО аз таърихи таъсис ва фаъолияти қариб чорсолаи ин ниҳоди ҷамъиятии нозир ва танзимгари «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» маълумот дода, қайд намуд, ки ниҳодҳои ҳаммонанд барои журналистикае, ки рисолати худро дар хизмат ба ҷомеа меҳисобад, «сипари дахолати бемавриди ҳукумат ба фаъолияти озоди журналистон аст».

Ноиби ректори ДМТ, дотсент Ашӯрбой Солиев дар ифтитоҳи ин нишасти илмию амалӣ, бо таъкид ба нақши ВАО дар таҳкими давлатдории миллӣ ва демократисозии ҷомеаи Тоҷикистон, риояи одоби касбиро шарти ногузири пешрафти кор ва камолоти эҷодӣ ҳисобид.

Мудири Кафедраи журналистикаи байналхалқӣ, дотсент Сангин Гулов дар маърӯзаи «Меъёр ва принсипҳои байналхалқии этикаи касбии журналистӣ ва журналистикаи тоҷик» бо намунаҳое аз ВАО-и муосир, перомуни то куҷо риоя шудани меъёрҳои ахлоқии  фаъолияти журналистӣ дар ВАО-и Тоҷикистон ва мутобиқати онҳо бо  принсипҳои байналхалқии этикаи касбии журналистӣ сӯҳбат дошт. Ӯ  аз ҷумла қайд намуд, ки мутаассифона, дар ВАО-и чопӣ ва ҳам электронии мо нақзи меъёрҳои рисолати ВАО ва журналист; иффати миллӣ ва эҳтироми фарҳанги ғайр; гузоришҳои барангезанда ва ҳифзи ноболиғон; эҳтимоли бегуноҳӣ бисёр ба мушоҳида мерасад.

Профессор Ҷовид Муқим дар маърӯзаи «Одоби журналистӣ дар матбуоти ИМА» аз нақши кодексҳои ахлоқи касбӣ дар фаъолияти журналистони амрикоӣ дар ҳолати мавҷуд набудани қонуни матбуот дар ин кишвар, сухан ронда, омӯзиши таҷрибаи онҳоро бахусус дар риояи меъёрҳои шеваи ҷамъ овардани мавод ва ҷудо будани эҷодиёт аз тиҷорату реклама, барои журналистони тоҷик судманд хонд.

Дар маърӯзаи профессор Мурод Муродов «Баъзе масъалаҳои таълим ва омода кардани мутахассисон дар самти журналистикаи чандрасонаӣ» зарурати бознигарии нақшаҳои таълимии ихтисосҳои журналистӣ ва ҷалби устодону шогирдони факултет ва шӯъбаҳои журналистикаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба ошноӣ ва истифода аз технологияњои нави иртиботӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Odob.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер