Баъзе аз истифодабарандагони шабакаҳои мобилӣ ва интернетрасони Тоҷикистон ҳанӯз ҳам бо овардани баҳона маҳдудияти ворид шудан ба сайти хабаргузории “Озодагон”-ро нигаҳ медоранд. Дар ин бора сомонаи хабаргузории "Озодагон" иттилоъ додааст.

Истифодабарандагони интернетии шабакаи мобилии “Билайн” ва ширкатҳои интернатрасони “Телеком Технолоҷӣ” ва “Тоҷнет” шикоят аз он доранд, ки аз рӯзи 5 ноябри соли ҷорӣ ба ин сӯ наметавонанд, бевосита ба сайти “Озодагон” дастрасӣ дошта бошанд. Аксари онҳо ба хабаргузорӣ гуфтаанд, барои ворид шудан ба ин торнамо аз филтршиканҳо ё проксӣ истифода мебаранд. Дар хабар омадааст, ки ин муштариён ҳангоми муроҷиаташон ба  шабакаҳо аз кормандони он, танҳо як посухро мешунаванд: “Мушкили мо нест, Шумо ба худи маъмурияти “Озодагон” шикоят баред.” Аммо муштариёни нахустин шабакаи интернетрасони Тоҷикистон “Телеком Технолоҷӣ” аз он дар ташвишанд, ки намедонанд, ба куҷо шикоят ё муроҷиат кунанд. Зеро яке аз онҳо дар сӯҳбат бо мо гуфт, чун ба кормандони колл сентри ширкати мазкур муроҷиат кардем, онҳо мегӯянд, мо низ ба ин торнамо ворид шуда наметавонем, “аслан ингуна сайт вуҷуд дорад?”

- Дастрасӣ ба сайти хабаргузории “Озодагон” шоми 4 ноябр, дақиқтараш як рӯз пеш аз интихоботи президентии Тоҷикистон қатъ гардида буд. Вале баъд аз баргузории ин маъракаи сиёсси кишвар дастрасӣ ба торнамои “Озодагон”тавассути аксари шабакаҳои интернетрасон дубора имконпазир шуд. Аммо танҳо се ширкат -- “Билайн”, “Телеком Технолоҷӣ” ва “Тоҷнет” ин иқдоми маҳдудкуниро идома медиҳанд,- овардааст хабаргузорӣ.

Odob.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер