Қазияи судии рӯзноманигор Муҳаммадюсуф Исмоилов ба анҷом расид. Аммо 11 сол зиндон барои қаллобӣ (агар бигзор он воқеан ҳам бошад) аз рӯи ягон ахлоқ дуруст намегирад. Ин магар аз он шаҳодат намедиҳад, ки фаъолияти суд дар кишвар ба ислоҳоти хеле ҷиддӣ ниёз дорад?

Вақте ки ин ҳукмро шунидам, чанд лаҳза моро эҳсоси хомӯшӣ фаро гирифт ва ба худ савол гузоштам, ки чаро хомӯшем? То имрӯз нисбати тақдири ин ҳамкасби мо танҳо "Нигоҳ" 1 матлаб чоп намудаву ба он ҷиддӣ назар афканд.

Ҳамкасбон, ин эрод нест, ин муроҷиати як ҳамкасби шумост!

Мо бояд сарҷамъ шуда, ӯро дастгирӣ намоем. Зеро ин ҳодиса ба сари ҳар нафари мо омаданаш мумкин аст. Бубинед, дар баъзан маврид ҳатто ба одамкуш чунин ҳукм дода намешавад. Ва ё миллионҳо сомонӣ куҷое ғайб мезананду касе на суд мешавад, на пулҳо пайдо. Аммо ин нафар, ки рӯзноманигор аст, имрӯз ба ин ҳол ва ба чунин ҳукми ноодилона гирифтор шуд.

Воқеан, чаро дар музофот нисбат ба рӯзноманигорон бо чашми дигар менигаранд ва дар симои рӯзноманигорони ошкорбаён "правокатор" мебинанд?

Ёд дошта бошед, як сол қабл хабарнигори минтақавии ҳафтаномаи "Фараж" Маҳмудҷон Раҳматовро, ки ба таҳқиқоти ҷиддӣ машғул буд, фишор овардаву ӯро бо "супориши махсус" ба хизмати ҳарбӣ равон намуданд. Хуб, имрӯз Маҳмудҷон хизмати аскариро адо намудаву боз ба фаъолияти касбиаш баргашт, аммо нисбати Муҳаммадюсуф бояд инсоф мекарданд, ки бо синну соли ба ҷое расида ба муддати 11 сол аз озодӣ маҳкум мешавад.

Агар кор ин гуна сурат гирифтан гирад, пас фардо ҳуқуқҳои журналистӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна ҳимоя ва ҳифз мешаванд?

Ҳуқуқҳоямонро, ки аз тарафи қонунгузорӣ муайян шудаанд, чӣ гуна истифода намоем.

Имрӯз, ки нисбати як ҳамкори мо тӯҳмат карданд, фардо аз хомӯшиамон истифода бурда, нисбати дигари мо низ дастдарозӣ менамоянд.

Нафаре низ қазияи Муҳаммадюсуф Исмоиловро аз матбуот хонда, чанд сол пеш ба суд додани 3 нашрия - "Фараж", "Азия Плюс" ва "Озодагон"-ро ёдовар шуда, афзуд: "Қазияи ин 3 нашрия чунон ба дили сармуҳарриронаш зада буд, ки ҷон ба лабашон омад. Аммо имрӯз ба кадом ҳол гирифтор шудани яке аз 3 судяҳоро, ки нашрияҳоро ба суд кашида буд, ҳама дидем ва бори дигар дарк намудем, ки ҳеҷ амале беҷавоб нахоҳад монд, ҳадди ақал дар назди Парвардигор".

Хуршед Фозилов, Faraj.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер