Тӯли ду рӯз аст дар ҳудуди Тоҷикистон пахши барномаҳои Телевизиони моҳвораии "Сафо", ки ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рабт медиҳанд, маҳдуд шудаст.

Дар Телевизиони "Сафо", ки дар Маскав мустақар аст, ба TojNews гуфтанд, пахши мавҷи барномаҳои ин шабака тариқи моҳвора дар ҳудуди Тоҷикистон аз дирӯз 8-уми ноябр, соати 13:00 бо вақти Маскав, (14:00 бо вақти Душанбе) масдуд шудааст. Дар назар аст соатҳои наздик баёнияи ТВ "Сафо" дар ин бора пахш шавад.

Дар Кумитаи радио ва телевизион масдуд кардани мавҷи барномаҳои моҳвораиро аз нигоҳи техникӣ номумкин медонанд.

Ҳодисаи монанд моҳи май низ рух дода буд, вақте Додоҷон Атовуллоев, журналисти мухолифи ҳукумати Тоҷикистон ба интиқоди шадиди низоми ҳукмрон тариқи Шабакаи моҳвораии "К+" шуруъ кард.

 

Саъдулло Сафаров, муҳандиси Шабакаи "Телерадиоком"-и Тоҷикистон гуфта буд, "барои таҷҳизонидани чунин дастгоҳҳое, ки мавҷро дар фазои як кишвар қатъ кунад, садҳо ҳазор доллар маблағ сарф мешавад. Ҳамзамон, мутахассисони варзидае дар ин соҳа лозим аст, ки тавонад ба моҳвора “вирус” фиристад. То ҷое ман медонам, мо дар Тоҷикистон чунин имкониятро надорем.

- Барои мисол, дар ин шабака ман метавонам чунин кореро анҷом диҳам, вале амалан мо ин корро накардаем, зеро барои анҷом додани чунин корҳо таҷҳизоти заруриро дар дохили шабака надорем, - мегӯяд Саъдулло Сафаров.

Вай мегӯяд, Чин ва Эрон дар ин самт таҷрибаи зиёде доранду техника низ дар ин кишварҳо пеш рафтааст.

- Тоҷикистон ва ҳар давлати дигаре ҳам метавонанд, ки пахши дилхоҳ шабакаро аз беруни кишвар тавассути дастгоҳҳои махсус қатъ кунанд ва барои ин корро кардан низ ҳам пули зиёде масраф хоҳад шуд. Бо ин усул агар шабакаи телевизионие аз моҳвора қатъ карда шавад, тамошои он дар тамоми кишвар ғайриимкон мегардад.

Коршиносони мустақил мегӯянд, чунин имконият дар Тоҷикистон кайҳост, ки арзи вуҷуд кардааст.

Асомиддин Атоев, раиси Анҷумани дастраскунандагони Интернет дар Тоҷикистон гуфт: - Шояд, имконияти техникии масдуд кардани барои мисол "К+" дар Тоҷикистон набошад, шояд, бошад. Мо ин чизро дақиқ гуфта наметавонем. Аммо имкони масдуд кардани пахши барномаҳои он тавассути оператори моҳвора ҳаст.

Дар Тоҷикистон қатъи сомонаи интернетии Ютюб ва шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар вақтҳои зарурӣ, барои мисол пеш аз маъракаҳое чун интихобот ба ҳукми анъана даромадааст.

ТВ "Сафо"-ро, ки худро як телевизиони мустақил ва барои ниёзи муҳоҷирини кории тоҷик дар Русия меномад, дар расонаҳои наздик ба ҳукумат моли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон номиданд.

Аз ҷумла «Народная газета»-нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Исломии Эронро ба маблағгузории мухолифин ва пуштибонӣ аз роҳандозии телевизиони «Сафо» муттаҳам кард.

Ин нашрияи ҳукуматӣ навишт, ки маъмулан маблағгузори умури Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон  ҷониби Эрон аст, ки бо ин мақсад (яъне таъсиси «Сафо») 2,5 миллион доллар ҷудо кардааст».

Дархости ҲНИТ ба Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикитстон дар бораи таъсиси як шабакаи телевизионӣ бо баҳонаҳои бюрократӣ рад карда шуд. ТВ "Сафо" бори аввал нест, ки масдуд мешавад. Масъулини ТВ "Сафо" моҳи сентябри соли ҷорӣ аз қатъ шудани мавҷи ин шабака дар ҳудуди Тоҷикистон хабар дода буданд.

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер