Як масъули Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба шарти он ки номаш ифшо нашавад, гуфт, бо дастури ин ниҳод муваққатан дастрасӣ ба торнамои бахши тоҷикӣ (www.ozodagon.com) ва русӣ (www.catoday.org)-и “Озодагон” қатъ шудааст. Мусоҳиби мо афзуд, қарор аст, соатҳои наздик дастрасӣ ба торнамои Ютюб (YouTube) ҳам маҳдуд гардад. Шоми 4 ноябр баъзе аз ширкатҳои мухобиротӣ дастрасӣ ба торнамо ё сайти “Озодагон”-ро маҳдуд сохтанд ва то ҳол ин мушкил боқӣ мондааст. Аммо масъулони ширкатҳои мухобиротӣ дар посух ба суоли мо маҳдудияти дастрасӣ ба “Озодагон”-ро ё “мушкили фаннӣ” меномиданд ва ё бо “намедонем” иктифо мекарданд. Бархе аз хонандагони мо ҳам навиштаанд, дар ҳоли ҳозир танҳо тавассути филтршиканҳо метавонанд хабарҳои “Озодагон”-ро бихонанд. Агарчӣ хонандагони мо аз хориҷ мегӯянд, бидуни мушкил сайти “Озодагон”-ро мекушоянд.

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Хонандаи азиз, агар Шумо низ ҳангоми вуруд ба торнамои "Озодагон" мушкиле доред, лутфан аз филтршикан ё проксиҳо, аз ҷумла socialix.net истифода кунед.

Ozodagon

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер