Ирина Умарова, рӯзноманигори тоҷик, муаллифи матлаби “Боевой” жилет выживания или жизнь таджикских мигрантов в России” дар бахши русии сомонаи “Озодагон”, ба даври ниҳоии Озмуни байналмилалии “Қалами нуқраӣ-2013” роҳхат гирифт.

Мудири иҷроияи Ширкати иттилоотии «Озодагон» Хилватшоҳи Маҳмуд бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки дар матлаби мазкур, ҳаёт ва мушкилоти рӯзмарраи муҳоҷирони тоҷик дар Россия инъикос гардидааст.

Озмуни байналмилалии “Қалами нуқраӣ-2013” аз ҷониби Созмони ҷумҳуриявии Иттифоқи журналистони Украина дар Қрим баргузор гардида, дар он рӯзноманигорон қариб аз 20 кишвари дунё, аз ҷумла кишварҳои пасошӯравӣ, ширкат доштанд.

Ба иттилои созмондиҳандагони озмуни “Қалами нуқраӣ-2013”, аз миёни 700 матлаби расида ҳайати доварон 80 маводро чун беҳтаринҳо интихоб кардаанд.

Маросими ҷоизасупорӣ барои муаллифони матолиби беҳтарин дар шаҳри Судаки Украина аз 24 то 27-уми октябри соли ҷорӣ баргузор мегардад.

Odob.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер