Варақаи иттилоотӣ

Имрӯз 17 майи соли 2011 аввалин семинари омӯзишӣ аз
силсилаи семинарњои ихтисосӣ барои журналистони ҷумњурӣ дар
толори маҷлисгоњи телевизиони Симои мустақили Тоҷикистон
баргузор гардид.

Узви Шӯро Рустами Ҷонӣ дар сӯњбати кушоду ошкоро бо
намояндагони радиоњои ғайрињукуматии шањри Душанбе изњор
дошт, ки мақсади асосӣ аз фаъолияти шӯрои ВАО худтанзимкунии
фаъолияти журналистӣ буда, њалли қазияњо то додгоњ мебошад.
Намояндагони радиоњои «Ватан», «Имрӯз», «Азия плюс» ва
телевизиони «СМТ» ба суолњои сершумори худ перомуни риоя ва
эътирофи Меъёрњои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон
посух пайдо карданд.

Тавре Раиси Шӯрои ВАО Зинатулло Исмоилов иттилоъ дод,
дар назар аст, ки тӯли соли 2011 15 семинар дар шањрњои Душанбе,
Хуҷанд, Хоруғ, Ќӯрғонтеппа, Кӯлоб, Турсунзода, Панҷакент ва
ноњияњои Мастчоњ, Вањдат, Рашт гузаронида шавад. Њадафи
асосии ин чорабинињо бештар ба маълумоти рӯзноманигорони
минтақавӣ расонидани њадафњои Меъёрњои ахлоқии фаъолияти
журналистӣ дар Тоҷикистон мебошад. Ба сифати тренер дар ин
семинарњо аъзои раёсати Шӯрои ВАО баромад мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки Шӯрои ВАО
ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии
ғайритиҷоратӣ, ихтиёрӣ, мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунии
ВАО буда, фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон,
санадҳои меъёрии байнулмилалӣ, Оиннома ва Меъёрҳои ахлоқии
фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ мекунад.
Муассисони ин созмон Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, АМВАОТ,
АМВЭАОТ, Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистон,
ҶДММ «Оила», «Азия-Плюс», «Бонувони Тоҷикистон» ва СМТ
мебошанд.

Телефон барои маълумоти иловагӣ  2385407

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер