Амонулло Ҳукумов, сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” як гурӯҳ журналистонро аз тариқи поездҳои мусофирбарӣ ба Русия фиристод.

Маъруфҷон Маҳмудов, котиби масъули ҳафтаномаи “Минбари халқ”, ки дар рӯихати сафаркунандагон шомил гаштааст, ба Хабаргузории «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки бо мақсади санҷиши ҳолати риояи қонунгузорӣ марбут ба ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон дар поездҳои мусофирбарии Душанбе-Масква-Душанбе, инчунин шинос гардидан бо вазъи хизматрасонӣ ба мусофирон, ҳолати санитарӣ-техникии поездҳои мусофирбар сафарбар шуданд.

Дар ин ҳайат, журналистон аз шабакаҳои телевизионии “Ҷаҳоннамо”, “Шабакаи  Аввал” хабарнигори ҳафтаномаи “Нақлиёт” ва “Минбари халқ”, инчунин муовини сардори Шӯъбаи раёсати оперативӣ-ҷустуҷӯйи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Ҳукумати ҶТ, сарнозири шӯъбаи иттилооти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ ҳамроҳӣ хоҳанд кард.

Маъруфҷон Маҳмудов инчунин хабар дод, ки ин сафар аз 1-уми октябр то 10 -уми октябри соли 2013 идома хоҳад кард.

Аҳлиддин Салимов, Азия-Плюс, 01/10/2013 10:51

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер