Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон алайҳи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ ва ҳамҷавобон шабакаҳои телевизионии «Сафина», «Шабакаи аввал» ва «Ҷаҳоннамо» барои «фаъолиятҳои сиёҳкунанда» бар зидди ин ҳизб ба суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муроҷиат кардааст, ки «ташвиқоту тарғибот нисбати ҲНИТ»-ро қатъ намуда, аз он расман узр пурсад.

Чӣ тавре ки сомонаи ҲНИТ иттилоъ медиҳад, ин аризаи даъвогӣ бо имзои раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ ба Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ирсол шудааст.

Дар ин аризаи даъвогии ҲНИТ омадааст: «Вақтҳои охир бо наздик шудани маъракаи интихоботии Президенти ҶТ аз тарафи мақомоти телевизион ва радиои давлатии ҶТ ташвиқу тарғиботи зидди ҲНИТ ба роҳ монда шудааст, ки ин рафтор ва кирдори онҳо бар хилофи талаботҳои моддаи 26 ва 28-и Сарқонуни ҶТ мебошад».

ҲНИТ дар асоси гуфтаҳои боло ва бо дастрасии моддаҳои 30-и Сарқонуни ҶТ, Қонуни ҶТ «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ва Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» аз суд ду хоҳиш кардааст:

Якум, аризаи даъвогии ҲНИТ нисбати ҷавобгар - кумитаи мазкур ва ҳамҷавобони дигар («Сафина», «Шабакаи аввал» ва «Ҷаҳоннамо») ба истеҳсолоти судӣ қабул карда шавад.

Дуюм, ҷавобгар ва ҳамҷавобон ӯҳдадор карда шаванд, ки ташвиқоту тарғибот нисбати ҲНИТ қатъ карда шавад ва аз ҲНИТ расман узрхоҳӣ намоянд.

Odob.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер