Темур Варқӣ, масъули шабакаи телевизионии “Сафо”  дар сафҳаи Фейсбукиаш аз пахши дубораи ин ТВ ва тағйири хатти мавҷ хабар дод.

Ин шабака баъди 25 рӯзи масдуд шудани барномаҳояш рӯи мавҷи нав дар моҳвораи Hotbird пайдо шудааст.

Масъулони ТВ “Сафо” ба Радиои “Озодӣ” гуфтаанд, пахши озмоишии барномаҳои ин шабака аз рӯзи 12 сентябр шурӯъ шуда, аз рӯзи 14 сентябр пахши барномаҳои муаллифии ТВ “Сафо” низ ба сурати мунтазам аз сар гирифта шуд. Ҳоло барномаҳои ТВ “Сафо” дар моҳвораи Hotbird рӯи мавҷи 12 380V (кунҷи вертикал), бо суръати 27 500 қобили дарёфт аст.

Темур Варқӣ – сардабири ТВ “Сафо” рӯзи 15 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтааст, онҳо асосан барномаҳоеро пахш карданд, ки тайи 25 рӯзи масдуд будани пахши барномаҳои ТВ “Сафо” ҷамъ шуда, танҳо барои иддаи маҳдуди корбарон дар шабакаи иҷтимоии Facebook дастрас буд.

Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки барномаҳои ахбори  тоҷикии онҳо ҳар шом соати 21-00 ба вақти Душанбе ва ахбори русӣ соати 22-00 пахш шуда, ба дунбол барномаи таҳлилии худи ӯ бо номи “Личное дело” ва барномаҳои дигар, аз ҷумла барномаи фарҳангии "Ба сӯи нур" ва ғайра, тақдим мешаванд ва дар давоми рӯз ин барномаҳоро такроран пахш хоҳанд кард.

Темур Варқӣ гуфтааст, бо дарназардошти таҷрубаи талхи аввала, ки пахши барномаҳои “Сафо” баъди ҳамагӣ 12 рӯз, дар таърихи 20 август дигар комилан масдуд шуд, ин бор онҳо дар моҳвора ҳадафмандона мавҷеро интихоб карданд, ки заданаш аз Душанбе ва ҳар гӯшаи дигари Тоҷикистон номумкин бошад: “Мо мавқеъияти моҳвораро дигар кардем. Мавҷи қаблии мо барои ҳамлаҳои Душанбе дастрас буд. Мавҷи нав барои чунин ҳамла дастрас нест. Заданд, албатта, кӯшиш карданд, ки тамоми пакетро, ки дар он ягон 10 барнома пахш мешавад, бисӯзонанд, вале натавонистанд.”

Odob.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер