Фаъолияти боз се созмони ҷамъиятӣ бо пешниҳоди Вазорати адлия ва қарори суд қатъ карда шуд.

Сардори Раёсати сабти ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии Вазорати адлияи Тоҷикистон Раъно Каримова ба радиои «Озодӣ» гуфтааст, ки бинобар нақзи қонунҳои Тоҷикистон ва баромадан аз ваколат, суд бар асоси пешниҳоди раёсати мазкур, фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятии «Миллениюм - тараққиёт дар ҳамкорӣ», Ташкилоти  ҷамъиятии  хайриявии ҷавонон «Уфуқ» ва Маркази ҷамъиятии тарбия ва таълими ҷавонон»-ро баррасӣ намуда, бинобар ҷой доштани қонуншиканиҳо, фаъолияти онҳоро қатъ кардааст.

Ба таъкиди Раъно Каримова, дар тӯли соли ҷорӣ 33 адад созмонҳои ғайридавлатӣ бо хоҳиши худ фаъолияташонро қатъ кардаанд ва раёсати мазкури ин Вазорат ба унвонии 17 ташкилоти ғайридавлатии дигар ҷиҳати ислоҳи қонунвайронкуниҳо огоҳинома ирсол кардааст.

Odob.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер