Мониторинги ВАО-и чопӣ ( 21 август - 7  сентябри с. 2013):

 

«Ҷумҳурият»,(Сармуҳаррир: Муҳаммад Ғоиб). № 116 (23253), сешанбе, 3 сентябри соли 2013:

«Ҷумҳурият» ин шумораи худро ба 5 вохӯрӣ ва ду сафари кории  Призидент бахшидааст. Инчунин дар ин шумора, 10 хабари хурд аз дохили кишвар ва ду фармони Президенти ҶТ нашр шудааст, ки дар онҳо нақзи бевоситаи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» ба назар нарасид. Аммо дар саҳифаи чорум, дар фармоиши Раиси кумитаи андоз  матлаб бо сарлавҳаи тоҷикию матни русӣ омадааст, ки ин амал риоя нагардидани қисми аввали банди 5-уми «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» мебошад.

 

ТАВСИЯ:

Ба аҳли эҷоди «Ҷумҳурият» тавсия дода мешавад, ки дар вақти таҳрир, ба маводи аз берун омада, махсусан, маводи хусусияти тиҷоратидошта, аҳамияти зиёдтар диҳанд.

 

«Садои мардум», (Сармуҳаррир: Ҷумъахон Наботов). № 110 ( 3095),сешанбе, 3 сентябри соли  2013:

Дар шумораи мазкури «Садои мардум», ки асосан фармону қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба табъ расонидааст, ҳамаи бандҳои «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» риоя гардидааст.

 

«Омӯзгор», (Сармуҳаррир: Ноилшо Нуралиев). №36 (11897),ҷумъа, 6 сентябри соли 2013:

Ин ҳафта «Омӯзгор» «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» -ро пурра риоя кардааст.

 

«Ҷавонони Тоҷикистон», (Сармуҳаррир: Самариддин Асоев), № 36 (9306),5 сентябри соли 2013:

Ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ин ҳафта дар саҳифаи 3 –юми худ зери рубрикаи «Андеша», маводе бо унвони «Кӣ аз соддагии Қувватов истифода бурд?»- ро нашр намудааст, ки дар он бандҳои 4 ва 6-уми «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» риоя нашудааст.

ТАВСИЯ:

Ба «Ҷавонони Тоҷикистон» тавсия дода мешавад: маводе, ки дар он, дар байни мафҳумҳои «далел» ва «гумон» фарқ гузошта нашудааст, қобили нашр нест.

 

«Народная газета», (Сармуҳаррир:  Сироҷиддин Изатуллоев). № 41  (19907), чоршанбе,  4 сентябри соли 2013:

Ин ҳафта «Народная газета» саҳифаҳои худро зиёд кардааст. Саҳифаҳои асосӣ ва чор саҳифаи иловагӣ, асосан ба мавзӯҳои сиёсию иҷтимоӣ бахшида шудааст. Дар ин шумора нақзи бевоситаи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» мушоҳида нашуд.

 

«Миллат», (Муассис ва сардабир: Умарова А.М.). № 36 (418),чоршанбе, 04 сентябри соли 2013:

«Миллат» дар ин шумораи худ  кулли «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» -ро риоя кардааст.

 

«Озодагон», (Муҳаррир: Азизи Нақибзод). № 35 (295), чоршанбе,  4 сентябри соли 2013:

Ин ҳафта «Озодагон» матолиби зиёди доғи рӯзро нашр намудааст, ки дар аксари онҳо халал ёфтани Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ ба назар нарасид. Аммо дар яке аз хабарҳои саҳифаи 14- ум зери рубрикаи «Ҷомеа», додани сарчашмаи ахбор нишон дода нашудааст, ки ин халалдор шудани банди 3-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» мебошад.

ТАВСИЯ:

Ба аҳли эҷоди «Озодагон» тавсия дода мешавад, ки дар шумораҳои оянда ба чунин хатоиҳо роҳ надиҳанд.

 

«Фараж», (Сармуҳаррир: Хуршедҷон Ниёзов). №36 (353), чоршанбе, 5 сентябри соли 2013:

«Фараж» ин ҳафта замимае дар ҳаҷми чор саҳифаи формати А-4 ба таври илова, нашр намудааст, ки он аз се хабару панҷ матлаб дар бораи интихобот иборат аст. Гуфтан мумкин аст, ки дар ин шумора «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»  нақз нагардидааст.

 

«СССР», (Сардабир: Сайёфи Мизроб). № 36 (261), панҷшанбе, 5 сентябри соли 2013:

Ин шумораи «СССР»-ро аз назар гузаронида  метавон гуфт, ки «СССР» бар зидди банди 5-уми «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» «ҷанг» эълон кардааст! Чунки ҳар ҳафта банди мазкур аз тарафи «СССР» нақз мегардад. Ин ҳафта низ дар саҳифаҳои «СССР» калимаю ибораҳои русию арабии нозарур зиёд ба чашм мерасад. Азбаски ин ҳафта нисбат ба ҳафтаҳои гузашта шумораи чунин калимаю ибораҳо зиёд буданд, овардани онҳо нозарур дониста шуд.

ТАВСИЯ:

Тавсия ба ҳафтаномаи «СССР» ҳамон аст, ки чанд маротиба пешниҳод шуда буд, яъне даст кашидан аз ин амали номатлуб ва ба ҷои онҳо ба кор бурдани калимаҳои ноб!

«Самак», (Сармуҳаррир: Ҷасур Абдуллоев), № 36 (96), чоршанбе, 4 сентябри соли 2013:

Матолиби ҳафтаномаи «Самак» ин ҳафта ба «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» мувофиқ аст. Аммо ҳаминро ҳам бояд гуфт, ки шумораи мазкур, як рӯз пеш аз таърихи рӯзи нашр, ки дар ҳафтанома сабт шудааст, ба дасти хонанда расид. Яъне, ин шумораи «Самак» рӯзи сешанбе – 3-юми сентябр нашр шуда, дар байни хонандагон тақсим шуд.

Хулоса, ин ҳафта ВАО-и чопӣ, бештар ба масъалаҳои интихоботи дарпешистодаи призидентӣ дахл кардаанд. Дар шумораҳои нашрияҳои ин ҳафта нақзи бевоситаи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон», нисбат ба ҳафтаҳои гузашта, камтар мушоҳида карда шуд.

«Бонувони Тоҷикистон»,(Сармуҳаррир: Шаҳлои Насриддин), июли 2013:

Маҷаллаи ҳармоҳаи «Бонувони Тоҷикистон», тавре ки аз номаш бармеояд, минбари бонувон аст. Маҷалла ин шумораи худро ба масоили иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсии занони Тоҷикистон бахшидааст. Ҳар як нашрия рақами тартибӣ дорад, вале мутаассифона, «Бонувони Тоҷикистон» ин амалро риоя накардааст. Дар шумораи мазкур нақзи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» мушоҳида нашуд.

 

«Бонувони Тоҷикистон», (Сармуҳаррир: Шаҳлои Насриддин), августи 2013:

Шумораи моҳи августии «Бонувони Тоҷикистон» ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз – худкушии занону духтарон, маводи бештар бахшидааст. Саҳифабандӣ хуб, рубрикаҳо мувофиқ, сифати маҷалла баланд аст. Дар ин шумора тақозои «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» риоя шудааст.

ТАВСИЯ:

Ба «Бонувони Тоҷикистон» тавсия дода мешавад, ки барои осон шудани дастрасии ҳар як шумора ба хонандагон, шумораҳоро рақами тартибӣ гузоранд,беҳтар мешавад. Аз тарафи дигар, ин талаботи қонунҳои соҳа низ мебошад.

«Чархи гардун», (Сармуҳаррир: Муҳммадалӣ Мақсадуллоҳ). № 34(885), 21,08.2013:

«Бачабозӣ ва куштори кӯдаки 9-сола дар Хатлон». Бо чунин ном ҳафтанома дар саҳифаи 13 –умаш маводи таҳия намудаи С.Салмон ном кормандашро руи чоп овардаст , ки дар он банди 10 «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» коҳиш ёфтааст. Гарчанде дар ин мавод  идораи ҳафтанома маҳрамияти мақтулро нигоҳ доштааст, вале гузоштани чунин сарлаҳва  басо нигаронкунанда аст.

Тавсия:

Ба идораи ҳафтаномаи «Чархи гардун» тавсия дода мешавад, ки дар гузоштани чунин сарлаҳваҳои  ноҷо худорӣ карда, «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро риоя намоянд.

 

«Нигоҳ», (Раиси Шӯрои муҳаррирон: Саймиддин Дӯстов).№ 22(350),  21,08.2013:

«Истиқболи самимӣ» аз «Мегафон». Ҳафтанома бо чунин ном дар саҳифаи 13-и худ маводеро дарҷ намудааст, ки хусусияти рекламавӣ  дошта, рафти фаъолияти ин ширакатро таблиғ менамояд. Мувофиқи банди 12-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» бояд чунин маводи хусусияти рекламавӣ дошта, дар гӯшаи алоҳида ва ё зери рубрикаи «реклом» ва ё бо навиштаҷоти «Ин мавод хусусияти рекламавӣ дорад» рӯи чоп меомад вале, ин тақозо аз дидгоҳи кормандони ҳафтанома канора мондааст. Гарчанде мавод бо хатҳои барҷаста ва фон ҷудо гардида, дар гӯшаи болоии сарлаҳва бо шакли ноаён аломати ®(агар ин аломат ифодакунандаи маводи рекламавӣ бошад) гузошта шудааст, вале он ба пуррагӣ талаботи меъёриро риоя наменамояд. 

Тавсия:

Пеш аз ҳама ба идораи ҳафтаномаи «Нигоҳ» ва баъдан ба ҳамаи нашрияҳо тавсия дода мешавад, ки дар истифодаи матолиби хусусияти рекламавӣ дошта меъёрҳои фаъолияти кассбии худро мавриди назар дошта бошанд. Зеро мутобиқи банди 12-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» - «Рисолати касбиро қурбони аҳдофи тиҷорат набояд кард… Маводе, ки ба хотири тиҷорату реклама ва тарғиботи манфиати гурӯҳе  ва ё шахсе ба нашр мерасад, бояд мушаххас бошад ва аз маводи дигар ҷудо ҷой дода шавад, то хусусияти тиҷоратии он аён гардад».

 

«Тоҷикистон», (Муҳаррир: Абдумудассир Аҳмадзода). № 34(1025), 22,08.2013:

«Хитоӣ духтараки 11 соларо таҷовуз кард». Ин сарлаҳваест, ки ҳафтаномаи «Тоҷикистон» зери он хабареро оид ба гумонбарии тоҷири чинӣ барои даст доштанаш ба таҷовузи духтари 11 -сола дар саҳифаи худ ҷой додааст. Мо низ бар онем, ки ин гуна мавод рӯи чоп оянду масъала роҳи ислоҳи худро ёбад. Вале,  паҳлӯи дигари ин масъала роҳнамоӣ ба сӯи таҷовуз аст. Магар мақомоте гуфта метавонанд, ки бо ба рӯи чоп омадани чунин хабари ҳаводиси нангин онҳо кам гардида, ин ҳаводис ангуштшуморанд? Аз рӯи оморҳои мавҷуд, ба назар чунин мерасад, ки сол то сол ин ҳодисаҳо аз пеш бештар зуҳур кардаанд.

Мо бо рӯи чоп овардани  ин ҳодисаҳо аз рафти кори иддае аз мақомоти дахлдор агар ҳисобот диҳем вале, дар асл  барои косташавии ахлоқи ҷомеа саҳмгузор низ мебошем. Зеро ҳар як ҳодиса ва тафсири он ду паҳлӯ дорад.

Ҳамзамон дар сарлаҳва агар аломати саволро мегузоштанд, хубтар буд, зеро дар чунин шакл омадани сарлаҳва аз он далолат мекунад, ки ҳафтанома ба ҳукми пешдоварӣ гузаштааст.

Яъне, дар ин ҷо банди 8-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» - «Эҳтимолияти бегуноҳӣ» ва банди 10 «Гузоришҳои барангезанда ва ҳифзи ноболиғон», яъне «Журналистон ва ВАО аз гузоришҳои барангезанда ба таҷовузу хушунат, ранҷу куштор,  инчунин дигар ҷиноятҳо худдорӣ мекунанд», нақз гардидааст.

Тавсия:

Хуб мебуд, агар кормандони ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар рафти омода намудани чунин матолиб ба «Меъёрҳои ахлоқиии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» арҷ мегузоштанд.

 

«Миллат», (Сармуҳаррир: Умарова А.М.). № 34(415), 21,08.2013:

«Куштори ваҳшиёнаи ноболиғи 9-сола». Аҳли эҷоди «Миллат» чун дигар ҳафтаномаҳо, ин хабарро, ки аз ҷониби мақомоти умури дохила  пахш гардидааст, оид ба куштори ноболиғ  бо сурати корди хунолуд, ки дар бинанда ҳиссиёти ногувореро бедор менамояд, рӯи чоп оварда, банди 10- уми «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро  нодида гирифтаанд.

Тавсия:

Азбаски чунин як хабарро тамоми ВАО бо шакл ва сарлаҳваҳои гуногун рӯи чоп овардаанд, ба идораи нашрияҳо тавсия дода мешавад, ки аз чопи ин гуна ахбори ҳангоматалаб  худдорӣ карда, барои эъмори ҷомеаи солим саҳмгузор бошанд.

 

«Оила», (Сармуҳаррир: Фирӯза Сатторӣ). № 34(706), 21,08.2013:

«Оила» ин ҳафта низ аз чопи саҳнаҳои фисқу фуҷури худ даст накашида, бо имзои кадом як Бахтиёре, маводеро бо номи «Падари шайтонсират» дар саҳифаи 5-уми худ ҷой додааст, ки дар он аз рӯзгори як падари бадахлоқ, ки бо ҳамасари худ ваҳшиёна  муносибати ҷинсӣ намуда ва  духтари худро гӯё таҷовуз карда бошад, сухан меравад.  Кас ин ҷо дар тааҷҷуб мемонад, ки ин ҳафтанома наход дигар мавзӯъе надошта бошад, ки танҳо бо чунин ҳодисаҳои  ғайриахлоқӣ рӯй меоварад.

Ҳамчунин  дар  рафти баёни мавзӯъ ибораву калимаҳои носазо аз қабили «фоҳиша», «хари якрав», «духтари хуб мебудӣ, падарат ба ту намерасид», «синаҳош таранганд», «назоидаст!», мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки ба фарҳанг ва маданияти  мардуми кишвар таъсири манфие  мерасонад.

Дар ин маврид, дигар намедонем, ки бо кадом роҳ ба идораи ҳафтаномаи «Оила» бифаҳмонд, ки инъикоси чунин ҳаводис бо чунин тарз, нанги миллат аст, набояд ин гуна мавзӯъ дар сахифаи ҳафтаномаҳо роҳ биёбанду пешкаши ҷомеа бигарданд. Ин ҳафтанома барои паст задани ҳайсияти миллӣ бисёр маводеро ба табъ расонидааст, ки дар онҳо тоҷик чун зинокору таҷовукор муаррифӣ мешавад.

Дар матлаби мазкур, банди 5-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» - «ВАО ва журналист бояд иффат ва фарҳанги миллиро ҳангоми инъикоси ҳамагуна матолиб пос доранд. Аз тарғиби фисқу фуҷур, ки боиси косташавии иффати миллӣ  мегардад, худдорӣ кунанд», сахт коста гардидааст.

Тавсия:

Бо назаврдошти банди 5-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон», ба идораи ҳафтаномаи «Оила» тавсия дода мешавад, ки  аз инъикоси ин гуна мавзӯъҳои  ноҳинҷори зиндагӣ, ки боиси паст задани  иффат ва фарҳанги миллӣ мегарданд, худдорӣ намуда, дар баёни калимаву ибораҳо нармгуфтор бошанд.

 

«Оила», (Сармуҳаррир: Фирӯза Сатторӣ). № 34(706), 21,08.2013:

«Домоди кур» -қиссаи дигари ин ҳафтанома аст, ки дар саҳифаи 11-умаш рӯи чоп омадааст. Дар ин мавод низ, косташавии иффат ва фарҳанги миллӣ ба назар мерасад. Ин ҷо низ банди 10-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»  коҳиш ёфтаанд.

«Оила», (Сармуҳаррир: Фирӯза Сатторӣ). № 34(706). 21,08.2013:

«Ишқбозӣ дар курорт». Аз силсилақиссаест, ки дар чандин шумораи ҳафтанома рӯи чоп меояд. Дар ин ҷо низ, бо инъикоси саҳнаҳои фоҳишаҳо ва иддае аз мардуми шаҳватпараст, ҳафтанома дар косташавии иффат ва фарҳанги миллӣ саҳмгир аст. Ҳафтанома бо идома додани чопи чунин қиссаҳои пур аз саҳнаҳои фисқу фуҷур, рӯз то рӯз ба маънавиёти мардуми кишвар таъсири манфӣ мерасонад. Ин ҷо низ бандҳои 5 ва 10-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» коста гардидаанд.

Тавсия:

Ба Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, НАНСМИТ, Медиа-алянс, дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ, тавсия дода мешавад, ки барои омӯзиши қиссаҳои пур аз саҳнаҳои фисқу фуҷури ҳафтаномаи «Оила» як гурӯҳи корӣ таъсис дода, паҳлӯҳои гуногуни ин қиссахо дар раванди паст задани иффат ва фарҳанги миллӣ омӯхта шуда,  аҳли эҷоди ҳафтаномаро барои идома надодани инъикоси чунин мавзӯъҳои хилофи одоб, огоҳ намоянд.

Хулоса: Ҳафтаи сипаришуда нашрияҳои кишвар, аз қабили «Чархи гардун», № 34(885), 21,08.2013, «Оила», № 34(706), 21,08.2013, «Тоҷикистон», № 34(1025), 22,08.2013, «Миллат», № 34(415), 21,08.2013, «Нигоҳ» № 34(1025), 22,08.2013, дар рафти ба табъ расонидани як қатор мавод, бандҳои 5,8,10,12-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро  халалдор намудаанд. Ин ҷо бояд ёдовар шуд, ки дар аксари матолиби ба табъ расонидаи ҳафтаномаҳои «Оила», «Муҳаббат ва оила» иффат ва фарҳанги миллӣ сахт коҳиш ёфтааст. Шояд кормандони ин ҳафтаномаҳо ба хотири бозоргир шудани маҳсулоташон баъзе ҳангомаҳои гӯшношунидеро рӯи чоп меоранд, ки онҳо миллати тоҷикро дар маҷмӯъ беобру ва шармсор менамоянд. Мо то кунун ба моҳияти масъала сарофаҳм нарафтаем, ки ин хизмати «хирсона»-и ин ҳафтаномаҳо ба хотири чист? Ба хотири паст задани ормонҳои миллӣ? Ва ё ба хотири таблиғу тарвиҷи фисқу фуҷур  ва вайрон кардани ахлоқи ҷомеа?! Бо кадом  мақсаде ки набошад, бояд кормандони ин ҳафтаномаҳо пеш аз ҳама дар инъикоси  маводи барангезанда ба таҷовузу хушунат, ранҷу куштор ва пос доштани иффат ва фарҳанги миллӣ,  сари андеша қарор дошта бошанд. Ҳар фарде, ки ин ҳафтаномаҳоро ба даст мегирад, ба чунин хулоса меояд, ки Тоҷикистони  азиз саросар аз фисқу фуҷур асту дар он муқаддасоте вуҷуд надорад.

 

«Овоза ва ҳақиқат», (Сармуҳаррир: Ҳикматёри Ҳикматзод). № 32-33 (118), 28,08.2013:

«Шаш зарбаи корд ба ҷисми ҳамсар ва фарзанди ҳаштмоҳаи худ». Аз он чӣ дар саҳифаи ҳафтанома мехонеду мебинед, маълуматон мегардад, ки ин мавод мутобиқи банди 6-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» рӯи чоп омадааст. Яъне, «Интишори маълумот бояд бо иҷозати ашхос  ва риояи маҳрамии  аснод» сурат гирифтааст. Лек бояд иқор кард, ки дар мавод то андозае таблиғи хушунат ва зуроварӣ дида шуда, сарчашмаи аввалияи он нишон дода нашудааст. Ҳамчунин маълум нест, ки ин мавод аз худи идораи ҳафтанома аст ва ё он дар асоси матолиби радиои «Озодӣ» омода гардидааст. Идораи ҳафтанома дар се ҷо ишора мекунад, ки  ин матолиб  ба «Озодӣ» рабт дорад.  Аммо аз чӣ бошад, ки идораи ҳафтанома дар  зер нишон надодааст, ки ин мавод  моли «Озодӣ»  аст.  Мутобиқи  банди 3-и «Меъёрҳои ахлоқиии фаъолияти  журналистӣ дар Тоҷикистон»- «ВАО ва журналист  ҳангоми аз манбаъ гирифтани ахбор  ба он эҳтиром мегузоранд…». Яъне, кормандони ҳафтанома масъул буданд, ки дар ҳошияи мавод нависанд, ки ин мавод аз «Озодӣ» аст ва ё агар дар он тағйиру иловаҳо ворид шуда бошад,  чунин зикр бояд мекарданд: «Бо истифода аз маводи Озодӣ …»

Тавсия:

Ба идораи ҳафтанома тавсия дода мешавад, ки ҳангоми аз дигар манбаъ гирифтани чунин иттилоот, ба он арҷ гузоранд, заҳмати ҳамкасбони худро қадр намоянд.

«Овоза ва ҳақиқат», (Сармуҳаррир: Ҳикматёри Ҳикматзод). № 32-33 (118), 28,08.2013:

Зери рубрикаи «Танз» ҳафтанома дар ду шумораи худ шеъргунаи сурати бе номро бо сарлавҳаҳои  «Ҳами қадар, ки мегум… ва  «Савол -ҷавоб» рӯи чоп овардааст, ки онҳо аз лиҳози маънӣ ва мазмун сатҳи кӯчагӣ дошта, фарҳанги миллиро сахт коҳиш медиҳанд. Мақсад аз рӯи чоп овардани ин гуна таҳқирномаҳо нисбати фарҳангу забони миллат ба хотири чист? Агар мо сатҳи маърифати мардумро ба сатҳи маърифати кӯчаю пасткӯчаҳо фарорем, қадру қимати забони адабӣ ва назокати сухан куҷо мешавад?

Сад афсӯс, ки чунин як раванди номатлуби кӯчагӣ кардани фарҳангу маданияти пурғановати миллатро иддае аз ҳафтаномаҳо бо ҳар роҳу васила таблиғ  доранд, ки ин оқибати хубе ба бор нахоҳад овард.

Дар чунин матлабҳо ва танзҳои ноҷо, бандҳои 5 ва 15-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъорлияти журналистӣ дар Тоҷикистон» нақз гаштааст.

Тавсия:

Ба идораи ҳафтаномаи «Овоза ва ҳақиқат» тавсия дода мешавад, ки ба фарҳанг ва забони  миллӣ  эҳтиром зоҳир намуда, аз инъикоси ҳамагуна маводи пастзанандаи фарҳангу маданияти миллӣ худдорӣ намоянд.

 

«ИмрӯзNews», (Сармуҳаррир: Назири Нусрат). № 143(682), 23,08.2013:

«ИмрӯзNews» зери рубрикаи «Даҳшат» маводеро бо номи «Дасти падару домони духтар…» аз саҳ 1 ба саҳ 2 ҷой додааст, ки дар он  оид ба рафторҳои бадахлоқонаи ду падари ҷоҳил сухан меравад, ки духтарони худро таҷовуз кардаанд.  Мо бори дигар сари он андеша бармегардем, ки ҳар чи қадар мо дар ин бора нависем, ҳамон қадар чунин ҳодисаҳои нангин аз пеш бештар зуҳур мекунанд. Яъне, мо бо ин роҳ барои дигарон роҳнамоӣ мекунем. Иддаи мағз тиҳӣ ва ё сустиродаву беимон дар мағзи худ ҷой медиҳанд, ки «чаро фулонӣ ин корро карду ман накунам…».  Мо аз ибтидо то ба ҳол бар онем, ки чунин ҳодисаҳо тамоман байни мардум ифшо нагарданд. Он чизе, ки ҳафтанома ба гуфтаи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон такя намуда, ному насаби гунаҳкорон ва ҷабрдидаҳоро меоранд, хилофи бандҳои 8 ва 10-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» буда, чунин тарзи баён ҳаёти минбаъдаи ҷабрдидагонро доғдор менавмояд. Аз ҷумла, дар банди 10-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» чунин гуфта мешавад, ки «ВАО ва журналист ба хотири ҳифзи ноболиғон ва ҷабрдидагон  шахсияти онҳоро ифшо намесозанд». Лек чунин паҳлӯи масъала аз назари аҳли эҷоди ҳафтанома канора мондааст. Яъне, дар рафти баёни воқеа ному насаби ҷабрдидагон «Азизова Насиба Авазҷоновна, соли таваллудаш 1991, Тахминаи Муқим, соли таваллудаш 1994» пурра оварда шудааст, ки хилофи меъёрҳои ахлоқӣ мебошад.

Тавсия:

Ба идораи рӯзномаи   «ИмрӯзNews», тавсия дода мешавад, ки дар ҳангоми инъикоси чунин маводи ғайриахлоқӣ, тақозои «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро дар назар дошта бошанд. Гарчанде мавод аз сарчашмаи дигар аст, вале бояд идораи рӯзнома барои ҳифзи ҷабрдидагон, шахсияти онҳоро фош нанамояд.

 

«ИмрӯзNews», (Сармуҳаррир: Назири Нусрат). № 143(682), 23,08.2013:

Рӯзнома зери рубрикаи «ВКД хабар медиҳад», хабареро дарҷ намудааст, ки дар он  барои таҷовуз ва куштори  ноболиғи 9 –сола, дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ноболиғи дигаре бо номи Ғоибназари Холиқназар, соли таваллудаш 1998, хонандаи синфи 9-уми мактаби таҳсилоти умумии №3, гунаҳкор эълон дошта шудааст.  Дар ин хабар оид ба эҳтимолияти бегуноҳии ин ноболиғ чизе зикр карда намешавад. Яъне ҳам ВКД ва ҳам идораи рӯзнома, пешдоварӣ намуда,  ӯро гунаҳкор эълон доштаанд.

Ҳол он ки дар банди 8-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» гуфта мешавад, ки «Ҳангоми гузориш дар мавриди инъикоси қазияи ҷиноӣ ва амсоли он ВАО ва журналист  аз пешдоварӣ худорӣ мекунанд. То собит гардидани гуноҳи шахс дар суд ВАО ва журналист  наметавонанд дар бораи гунаҳкории ӯ қазоват кунанд».

Тавсия:

Идораи рӯзнома новобаста аз он ки мавод аз ҷониби ВКД омода гардидааст, бояд бо дарназардошти меъёрҳои ахлоқӣ, хабарро омода менамуданд. Аз ин рӯ, ба идораи рӯзнома тавсия дода шавад, ки аз ин ба баъд, дар инъикоси чунин ҳаводис ба «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» арҷ гузор бошанд.

 

«Муҳаббат ва оила», (Сармуҳаррир: Асҳобиддин Суннатӣ). № 35 (639), 27,08.2013:

Ҳафтанома дар идомаи ҳамон қиссаи пур аз фисқу фуҷури «Зино накун, оча!» саҳнаҳои фоҳишагии як зани бероҳаро инъикос менамояд. Дар он тавре ки пештар гуфта будем, бандҳои 5, 10-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» коҳиш ёфтаанд. Бо хондани чунин қиссаҳо ба хулосае омадан мумкин аст, ки  ҳафтаномаи «Муҳаббат ва оила», дар қатори «Оила», «Овоза ва ҳақиқат»,  дар пос доштани иффат ва фарҳангу маданияти миллӣ масъулиятро эҳсос наменамоянд.  Чунки дар шумораҳои худ ба ҷои ислоҳ шудан, боз қиссаву ҳаводиси гӯшношунидро бо тамоми саҳнаҳои фаҳш  рӯи чоп меоваранд.

Тавсия:

Ба идораи ҳафтаномаи «Муҳаббат ва оила» тавсия дода мешавад, ки дар инъикоси ингуна саҳнаҳои фаҳш, сари андеша рафта, ба «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»  як назар афкананд.

 

«Чархи гардун», (Сармуҳаррир: Муҳаммадалӣ Мақсадуллоҳ). № 35 (886), 27,08.2013:

Ҳафтанома дар саҳифаи 11-уми худ зери рубрикаи «Ҷиноят ва ҷазо» панҷ маводиеро рӯи чоп овардаст, ки  аз вазъи ҷиноии кишвар хабар медиҳанд. Мо ин ҷо тасмим гирифтем, ки танҳо оид ба ду хабари ин саҳифа «Боздошти ду падар бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси фарзандони худ» ва «Ноболиғ ноболиғ мекушад», ибрози ақида намоем.

Аҳли эҷоди нашрия дар маводи «Боздошти ду падар бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси фарзандони худ»,  ки аз ҷониби мақомоти ВКД паҳн карда шудааст, баръакси рӯзномаи «ИмрӯзNews»  ва ҳафтаномаҳои дигар, бо риояи бандҳои 6 ва 10-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон», аз овардани ному насаби гумонбарон ва ҷабрдидагон худдорӣ намудаанд, ки ин бозгӯи бетараф набудани кормандони идораи ҳафтанома ба меъёрҳои ахлоқӣ мебошад.

Вале дар маводи «Ноболиғ ноболиғ мекушад», бандҳои 6,8,10-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» риоя нагардидааст, яъне, идораи ҳафтанома аз пешдоварӣ  худорӣ карда натавонистааст. Агар идораи ҳафтанома  ҷумлаи якуми худро чунин меовард: «Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон ноболиғи 15-сола Ғ.Х.ро бо гумони содир намудани ҷинояти махсусан вазнин, дастгир карданд»,  Меъёрҳои ахлоқӣ коҳиш намеёфт.

 

Тавсия:

Ба идораи ҳафтаномаи  «Чархи гардун» тавсия дода мешавад, ки  боз ҳам барои беҳбуд шудани кору фаъолияти ҳафтанома ва эътимоднокии муштариёнаш,  «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» -ро сармашқи корихуд қарор бидиҳанд.

 

Хулоса: Дар нисбати ҳафтаи гузашта, эҳсос мегардад, ки дар ҳафтаномаҳои хусусии кишвар, то андозае  ба «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» арҷгузорӣ менамоянд. Аммо бо вуҷуди ин, маълум гардид, ки ҳафтанома ва рӯзномҳо  ҳанӯз ҳам  дар инъикоси масоили ахлоқӣ камэътиборӣ менамоянд. Масалан, дар ҳафтаи ҷорӣ ҳафтаномаҳои «Овоза ва ҳақиқат»,№ 32-33(118), 28,08.2013; «Чархи гардун», № 35 (886), 27,08.2013; «Муҳаббат ва оила»,№ 35 (639), 27,08.2013; рӯзномаи  «ИмрӯзNews», № 143(682), 23,08.2013; бандҳои 3,5,6,8,10,15-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро нақз кардаанд.

 

«Оила», (Сармуҳаррир: Фирӯза Сатторӣ). № 36(708),04.09.2013:

«Моиндари бачакуш». Бо чунин ном ҳафтанома дар саҳифаи сеюмаш оид ба куштори  ваҳшиёнаи кудаки хурдсол аз ҷониби моидар, қиссаеро дарҷ намудааст, ки  дар он  таблиғи таҷовузу хушунат, ранҷу куштор дида мешавад. Яъне, дар инъикоси ин ҳаводис банди 10-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» коста гардидаст.

Гумон меравад, ки идораи ҳафтанома ҳамаи он бофтаю тофтаи муштариёнашро, ки ба унвони озмуни  «Маҷрои зиндагӣ» ирсол мегарданд,  рӯи чоп меоварад, ки онҳо аз касбияти  рӯзноманигорӣ фарсахҳо дуранд.

 

Тавсия:

Ба идораи ҳафтанома тасия дода мешавад, ки аз ин ба баъд, дар  инъикоси масоили  марбут ба ахлоқи ҷомеа нозукбинона дидадӯзӣ намоянд, то бо инъикоси ҳаргуна саҳнаҳои фаҳш  дар тафаккури мардум таъсири манфиеро ворид насозанд.

 

«Оила», (Сармуҳаррир: Фирӯза Сатторӣ). № 36(708),04.09.2013:

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома идома аз қиссаи нангини «Падари шайтонсират»  ба табъ расидааст, ки дар он низ бо ибрози саҳнаи таҷовузи падари бадахлоқ  бандҳои 5,10-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» халалдор шудаанд. Гарчанде ин қисса анҷоми нек дорад, вале аҳли идораи ҳафтанома бо инъикоси саҳнаҳои номатлуб ба иффат ва фарҳанги миллӣ  аз паси панҷа назар дӯхтаанд.

Тавсия:

Хуб мебуд агар идораи ҳафтанома, минбаъд чунин маводро бо тавсияи рӯҳшиносон, табибон, коршиносон ва ҳуқуқдонҳо  рӯи чоп меоварданд. Аз ин рӯ, ба идораи ҳафтанома тавсия дода мешавад, ки  барои пос доштани фарҳангу иффату маданияти миллӣ, ба тақозои «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» рӯ биёранд.

 

«Овоза ва ҳақиқат», (Сармуҳаррир: Ҳикматёри Ҳикматзод). № 33(118),04.09.2013:

«Дар Кӯлоб устои сартарош мизоҷашро 54 корд зада кушт!». Ҳафтанома бо чунин ном маводеро рӯи чоп овардааст, ки дар он коҳишёбии банди 10-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» дида мешавад.

Азбаски чунин хабарҳо дар саҳифаҳои ҳафтаномаҳо аз ҷониби ВКД рӯи чоп омадаанд, ҳафтаномаҳо бо андешаи худ тамоми масъулиятро ба дӯши ВКД вогузор кардаанд. Ҳол он ки дар паҳн намудан ва таблиғкардан, идораи ҳафтаномаҳо низ масъуланд дар ин ҷо онҳо аз рӯи одоб рафтор нанамудаанд. Ҳамзамон мавод бидуни таҳрир ва коркарди идораи ҳафтаномаҳо пешкаши ҷомеа гардидаанд, ки хилофи одоби касбии рӯзноманигорист.  Тай ин ду ҳафтаи охир тамоми ВАО аз ҳаводиси куштору ранҷу шиканҷа ва таҷовуз ҳарф мезананд, ки он ба руҳонияти ҷомеа бетаъсир намемонад.

Тавсия:

Ба идораи ҳафтанома тавсия дода мешавад, ки дар коркарди ахбору маводи ахлоқӣ, басо дақиқкор буда, некназар бошанд.

 

«Нигоҳ», (Раиси Шӯрои муҳаррирон: Саймиддин Дӯстов). № 24 (352),04.09.2013:

Дар матлаби «Шикояти адвакати таҷовузшуда аз Прокуратураи генералӣ» чунин омадааст: «Маросими ба ном «никоҳ» бо иштироки тағои ноболиғу модараш дар як хонае, ки  дар рӯ ба рӯи Қасри Президенти Тоҷикистон ҷойгир асту  мутааллиқ  ба Эргаш Даминов ном ёвари Вазири хоҷагии қишлоқ Қосим Қосимов мебошад, баргузор мегардад».  Дар ин ҷо овардани номи вазири хоҷагии қишлоқ чи маънӣ дорад ва ё ба хотири чист?  Вазири кишоварзӣ дар ин ҷо чӣ гуноҳе дорад? Чунин ба назар мерасад, ин рафтори идораи ҳафтанома ғаразҷуйӣ буда, он барои паст задани шаъну шараф ва обрӯи вазир нигаронида шудааст. Зеро имкон дошт, ки  ин ҷумларо дар чунин шакл: «Маросими ба ном «никоҳ» бо иштироки тағои ноболиғу модараш дар хонаи Эргаш Даминов, ёвари вазири хоҷагии қишлоқ, баргузор мегардад»  қаламдод кард.

Гарчанде дар назари аввал ин масъала сатҳист, вале он ба иззати нафси ашхоси шомили воқеа набуда, ки номашон бидуни ҳеҷ ҷурме он ҷо оварда мешавад, мерасад. Дар инҷо банди 7-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» халал ёфтааст.

Тавсия:

Ба аҳли эҷоди «Нигоҳ» тавсия дода мешавад, ки минбаъд барои эътибор ва обрӯи ҳафтаномаи худ аз ингуна тарзи баён худдорӣ намуда, бидуни кину ғараз маводро пешкаши муштариёнашон намоянд.

 

«Муҳаббат ва оила», (Сармуҳаррир: Асҳобиддин Суннатӣ). № 36(640),03-09.09.2013:

Ин ҳафта  ба гуфте ин ҳафтаномаи розу ниёз дар баёни саҳнаҳои пур аз фисқу фуҷури  қиссаи давомдори «Зино накун,оча!» чунон иффати миллӣ ва фарҳанги онро ҳақир нишон додаву пайи таблиғи фисқу фуҷур ва таҷовузу хушунат  рафтааст, ки гӯё аслан кормандони ин ҳафтанома аз мавҷудияти «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» огоҳие надоранд. Дар натиҷа онҳо бандҳои 5 ва 10-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро  нақз кардаанд.

Тавсия:

Ба идораи ҳафтаномаи «Муҳаббат ва оила» тавсия дода шавад, ки  иффат ва фарҳанги миллиро пос дошта, дар инъикоси  гузоришҳои барангезандаи таҷовузу хушунат ва ранҷу куштор  худорӣ намоянд.

 

«Тоҷикистон», (Муҳаррир: Абдумудассир Аҳмадзода). №36 (1024),чоршанбе, 4 сентябри с.2013:

«Тоҷикистон» дар саҳифаи 16, зери рубрикаи «Хандеду наранҷед!» маводе бо номи «Какой привет, такой ответ…» ба нашр додаст, ки дар он банди 5-уми «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» халал ёфтааст.

ТАВСИЯ:

Ба ҳафтаномаи «Тоҷикистон» тавсия дода мешавад, ки дар вақти навиштани ҷавоб, арҷгузорӣ ба фарҳанг ва истифода аз лаҳни мулоимро фаромӯш накунанд.

 

Хулоса, дар ин ҳафта нашрияҳои «Нигоҳ»,№ 24(352),04.09.2013; «Овоза ва ҳақиқат», № 33(118),04.09.2013; «Оила», № 36(708),04.09.2013; «Муҳаббат ва оила», № 36(640),03-09.09.2013; «Тоҷикистон», №36 (1024); дар баёни ҳодисаву воқеаҳо бандҳои 5,7,10-и  «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро нақз кардаанд.

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер