Шермуҳаммади Шоҳиён раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзноманигорон хост, ки дар баргузории интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон масъулиятшинос бошанд.

6-уми сентябр мулоқоти раиси КМИР дар толори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон, бо журналистон баргузор гардид. Дар ин мулоқот Шермуҳаммади Шоҳиён аз умуми журналистон, бахусус кормандони расонаҳои мустақил даъват кард, ки дар ин самт ҳамкории зич дошта бошанд.

Ҳамчунин ӯ тазаккур дод, ки хабарнигорон метавонанд бо овоздиҳандагон ва нозирон сӯҳбат карда матлабҳо таҳия созанд.

Ва таъкид намуд, ки ҳар иттилое, ки дар бораи фаъолияти комиссияи интихоботӣ пайдо шавад пеш аз нашр назари намояндаи КМИР пурсида шавад.

Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов, ки узви КМИР мебошад дар ин ҳамоиш гуфт, ки нақзи ҳуқуқи журналистон дар мақомоти додситониву додгоҳ баррасӣ хоҳад шуд.

Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки журналистон ҳақ надоранд, ки ба овоздиҳанда бигӯянд, ки ба тарафдории ин ё он нафар овоз диҳед.

-Журналистон танҳо метавонанд дар маъракаи пешазинтихоботӣ фаъол бошанд ва мавод таҳия созанд, бо намояндаҳои аҳзоб гуфтугӯ кунанд, дар ҳавзаҳои интихоботӣ ҳузур дошта бошанд, -гуфт Акбаралӣ Сатторов.

Odob.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер