Тасмими масъулини ҳукумати Қубодиён бори дигар собит намуд, ки сиёсати давлатии Тоҷикистон дар самти расонаҳо, на дар асоси барномаву таҳлилҳои коршиносона, балки аз рўи хостаҳои ҳавасакӣ ва тасмимҳои манфиатҷўёна сурат мегирад.

“Антенга келинг!”

Мақомоти Тоҷикистон ба ҳар василае талош доранд, ки сафи тамошобинҳои телевизионҳои давлатиро бештар гардонанд. Ҳатто барои ҷалби тамошобин ба мардум антенна тақсим мекунанд. Тасмими масъулини ҳукуматӣ дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон далели ин гуфта аст.

Ҳафтае пеш ҳукумати ноҳияи Қубодиён ба сокинони ўзбактабори ноҳия барои тамошои барномаҳои телевизионҳои Тоҷикистон 5 ҳазор антена тақдим намудааст. Онҳо ҳадаф аз ин иқдомро ҷалби сокинон барои тамошои телевизионҳои Тоҷикистон ва ба ин васила омўзондани забони тоҷикӣ маънидод карданд. Масъулини олиҳиммат ният доранд, ки боз 5 ҳазори дигар чунин антенаҳо тақсим кунанд. Ин тасмим бори дигар собит намуд, ки сиёсати давлатии Тоҷикистон дар самти расонаҳо, на дар асоси барномаву таҳлилҳои коршиносона, балки аз рўи хостаҳои ҳавасакӣ ва тасмимҳои манфиатҷўёна сурат мегирад. Чаро? Поёнтар шарҳ медиҳем. Аммо ҳоло дар бораи К+ ва ТВ Сафо.

Ҳуҷум ба моҳвора

Хелеҳо огаҳанд, ки  аз моҳи июл инҷониб, дастрасӣ ба мавҷи шабакаи телевизионии «К+», ки тариқи антенаҳои моҳвораӣ пахш мешуд, дар Тоҷикистон ба мушкилӣ мувоҷеҳ гардидааст.

Шабакаи телевизиони «К+» дар баробари телевизионҳои Тоҷикистон ягона манбаи алтернативии иттилоъ барои хеле аз сокинони Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Раҳбарияти ин шабака эълон дошт, ки Тоҷикистон бо истифода аз таҷҳизоти махсус сади роҳи паҳн гардидани мавҷи телевизиони «К+» гардидааст. Чун ин шабакаи телевизионӣ  то ҷое муғризона фаъолият мебурд, маҳдуд шудани ин шабакаро ҷомеа трагедия қабул накард. Аммо чанд рўз пештар,  мавҷи шабакаи телевизиони навтаъсис-«Сафо ТВ» низ дар Тоҷикистон маҳдуд гардид.

Ширкати аврупоии EUTELSAT, ки молики моҳвораи HotBird мебошад, хабар дод, ки мавҷи телевизиони «Сафо» дар ҳудуди Душанбе бо истифода аз таҷҳизоти махсус зада шуд. Тахмини корбарони Фейсбук дар мавриди дастрас кардани таҷҳизоти махсуси мавҷзан бо харҷи миллионҳо доллар аз Хитой рост баромад.

Дигар шубҳае намонд, ки ҳукумати феълии Тоҷикистон ба ҳар баҳое набошад, омода аст, ки ба роҳ ёфтани манбаҳои дигари хабарӣ, хоса мустақилу мухолифи ҳукумат дар баробари телевизионҳои Тоҷикистон монеъ шавад.

Дар назари аввал, ин ҳама гуиё тадобири хубе ҳастанд. Вале оё ин ҳама воқеан, таъмини амнияти иттилоотии кишвар аст? Оё  ҳамчунин муносибати ҳукумат бо расонаҳо дар асри нав «дар кўфтани хирман бо барзагов рақобат кардани буз»-ро намемонад?

Амнияти иттилоотӣ амнияти кист?

Бардошт аз барномаву сиёсатҳои ҳукумат дар ин самт чунин аст, ки зери мафҳуми «амнияти иттилоотӣ» пешгирӣ аз паҳншавии ҳаргуна иттилоъ, ки ба манфиати ҳукумат ва гуруҳи ҳукмрон нест, фаҳмида мешавад.

Дар ҳоле, ки ба гуфтаи коршиносон чунин фаҳмиши «амнияти иттилоотӣ» танҳо дар кишварҳои собиқ шўравӣ чанд соли пеш роиҷ буду дигарҳо аллакай муносибаташонро бознигарӣ кардаанд, аммо дар Тоҷикистон ҳанўз ҳам аз он кор бурда мешавад.

Ба таъкиди коршиносон,  мафҳуми «амнияти иттилоотӣ» дар асли худ ҳифзу нигаҳдории иттилооти шахсӣ дар бонкҳо, вазорату идораҳо, корхонаву ширкатҳои хусусию давлатӣ, мактабу донишгоҳҳо ва ҳар ҷои дигар аст.

Дар ҷаҳоне, ки васоили иртиботӣ, назири Интернет ашхосу ҷомеаҳоро ба ҳам меорад, дўздии иттилооти шахсӣ аз ҷониби «роҳзанҳои интернетӣ”-афроди ҷиноятпеша, ширкатҳои бузург ва ҳатто сохторҳои ҳукуматӣ як амали маъмулист.

Ба ин делел, амнияти иттилоотӣ аҳамияти бештар пайдо кардааст. Албатта, на бо он манзуре, ки дар ҳукумати Тоҷикистон таъбир мекунанд.

«Амнияти иттиллотӣ»-е, ки ҳукумат рўи он кор мекунад, дар асли худ мушкили амниятӣ нест. Онро мешавад, «мушкили расонаии ҳукумат» маънидод кард. Ба таври дигар, масъала на дар амният аст, балки адами сиёсати давлатии соҳа, заифии расонаҳо ва надоштани менеҷменти муваффақи соҳа барои ҳукумат мушкилофар шудааст. Ва на танҳо дар бахши расонаҳои электронӣ, яъне радио ва телевизион, балки дар расонаҳои чопӣ, Интернет ва алоқаи мобилӣ низ. Вале дуруст аст, ки нақши телевизион ва хоса низоми барномаофарӣ дар он қобили таваҷҷуҳи андешамандон аст.

Телевизион ва картошка

Низоми барномаофарии шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон борҳо дар маркази таваҷҷўҳи Президент Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст. Ў боре ҳатто нақл кард, ки як хабарнигори телевизион барои таҳияи гузориш ҳангоми ҳосилғундорӣ чи талабҳое ба кишоварз дорад.

Мавзўи асосии барномаҳои хабарии телевизионҳои Тоҷикистон низ маҳз кишоварзон мебошанд. Хабарҳо бештар аз ҳосили картошкаву сабзӣ, рушду нумўи боғдорӣ, токпарварӣ, чорводорӣ ва амсоли ин мебошад. Барои як тамошобини телевизион муайян намудан душвор нест, ки шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон дар кадом мавсим, дар кадом рўзи ҳафта, дар кадом бахши “Ахбор” чи хабаре омода мекунанду мавзўи гузоришҳо чист. Дар бораи пахши хабарҳои сиёсӣ ҳоҷат ба ҳарф задан нест. Танҳо дар ҳолати сафари президент ва маҷлисҳои ҳукумат шоҳиди пахши хабарҳои сиёсӣ дар телевизионҳо мегардем, ки онҳо ҳам расмӣ мебошанд.

Сарфи назар аз таъкидҳо ва пешниҳоди чандин дафъинаи коршиносон сатҳ ва сифати барномаҳои телевизионӣ тағйире намебинанд. Солҳо боз далели ғайрирасмӣ вале хеле муҳками масъулин ҳам дигар нашуд: “Мо як тамошобин дорем, ба ў маъқул бошад, шуд!”

Ростӣ, ба чунин далел, пеш овардани ваҷҳи зид имконнопазир аст.

Иддаои дигари масъулини Кумитаи радио ва телевизион ин аст, ки қариб ба тамоми Тоҷикистон мавҷи шабакаҳои телевизионӣ пахш мешавад. Аммо паҳн гардидани мавҷи телевизионӣ дар саросари кишвар маънои онро надорад, ки ҳама тамошобини телевизионҳои Тоҷикистон мебошанд.

Мўҳтаво ва сифати барномаҳои шабакаҳои ватанӣ тамошобини тоҷикро маҷбур кардааст, ки бинандаи телевизионҳои русӣ, ўзбакӣ, эронӣ, ҳатто афғонӣ гарданд.  Љои телевизионҳои тоҷикро на танҳо шабакаҳои телевизионӣ, ҳатто филмҳои туркӣ танг намудаанд.

Сатҳи барномаофарӣ дар телевизионҳои Тоҷикистон ҳатто дар сатҳи телевизионҳои маҳаллии Русияву Қирғизистону Афғонистон қарор надорад. Инро сабаб алгоритми хоси барномасозӣ аст: Гузоришгар як бало карда, иҷозати камераро мегираду бо харҷ аз ҷайби худ мавзуву қаҳрамон мекобад. Қаҳрамони навбатиро “розӣ кунонда”, навор мегирад. Бо баргаштан ба марказ режиссеру директори барномаҳоро “ризо мекунад”. Хуллас, харҷи гузориш 200-400 доллар мешаваду ягон кафолат нест, ки пахшаш мекунанд ё на. Натиҷаи ин пахши гузоришҳои монанду дилгиркунандаи пай дар пай дар ТВ аст. Ин аст, ки мардум шухӣ мекунанд: “А, бача, туалети нав сохтӣ, телевизиона заказ накардӣ?!”.

Вақте ҷомеа интизориҳои худро аз шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон бароварда наметавонанд, эҳтиёҷи худро аз шабакаҳои дигари хориҷӣ таъмин менамояд, хоҳ телевизионӣ бошаду хоҳ радиоӣ.

Радио: истисно ё исботи вазъи мавҷуда

Фазои мавҷудаи радиоӣ аз телевизионҳо ба куллӣ фарқ мекунад. Танҳо дар шаҳри Душанбе якчанд радиои мустақил фаъолият мекунанд, ки рақобат хеле кордонашон кардааст. Ин шабакаҳо аз паҳн намудани хабари сиёсӣ ҳам рў наметобанду барномаҳои тафреҳиро низ канор намегузоранд. Барои васеъ намудани доираи шунавандагон ва чалби рекломдиҳанда даст болои даст намонда, кор мекунанд.

Масъулини онҳо, на ин, ки дар бораи муҳтавои барномаҳо меандешанд, балки формати радиоӣ меофаранд. Формати радиоии «хабар+мусиқӣ» сирф бо забони тоҷикӣ натиҷаи ҳамин бозори рақобат буд, ки деворҳои зиндони иттилотии русҳову русгароҳоро дар ин бахш шикаст. Он аз ҷониби  тими «Имрўз» пиёда гардиду «Ховар» аз он пайгирӣ кард. Ин ду тарҳ исбот краданд, ки барои муваффақ шудану муҳити иттилоотии ватаниро соҳиб шудан пули зиёд лозим нест. Агар миллионҳо сомонии ҳукумат сабаби наҷот мешуд, расонаҳои чопии он ба ин рўзи бад гирифтор набуданд.

Матбуоти ҳукуматӣ: хушбоварии фиребанда

Се мутахассиси номии ИМА – Алберт Фред С., Шрим Уилберг ва Петерсон Теодор дар соли 1956 чаҳор назарияи матбуотро таъриф додаанд: авторитарӣ, либертарианӣ, назарияи масъулияти иҷтимоӣ ва назарияи Шўравии коммунистӣ. Ин чаҳор назарияи матбуот пеш аз ҳама на бо нуқтаҳои назари гуногун ва консепсияҳо, балки аз нигоҳи вобастаӣ ба кадом режими ҳокимияти вақт ва ҷомеа тафовут доранд. Аз рўи ин назарияҳо шакли фаъолияти матбуоти расмии Тоҷикистон хоси назарияи авторитарӣ, ё худ идомаи фаъолияти коммунистии матбуот мебошад.Чизе, ки режими мавҷуда аз матбуот хоҳад, аз рўи он бояд амал намояд. Натиҷааш ҳам маълум.

Матбуоти расмии Тоҷикистон айнан боқимонда аз замони Шўравӣ буда, бо такя ба шонаҳои кулли кормандони соҳаи буҷавӣ «зинда» мебошад. Обунаи иҷборӣ омили гардиши миллионҳо сомонӣ дар фурўши нашрияҳо гардидааст. Барои матбуоти расмӣ ҷалби хонанда муҳим нест, зеро дар аввали сол хонандаи онҳоро “муайян кардаанд”-у маблағашонро супурдаанд. Бо чунин ҳол, аз ин нашрияҳо умед кардани он, ки дар пур кардани халои иттилоотӣ нақше дошта метавонанд, камоли хушбоварии фиребандае беш нест.

Чунин намуди матбуот айни замон дар таҷрибаи ҷаҳонӣ амсол надораду мавҷудияти ҷомеаи моро дар “колонияи умумӣ” таъмин мекунад.

Аз «зиндон» ба «колонияи умумӣ»

Коршиносон қаблан мегуфтанд, ки моро муҳити расонаии русӣ фаро гирифта, худ гирифтори «зиндони иттилоотӣ»-и русҳо гардидаем. Онҳо ба сифати далел теъдоди чопи нашрияҳои русӣ, назорати бозори реклом аз ҷониби расонаҳои русӣ, таваҷҷуҳи бештари мардум ба шабакаҳои телевизионии русӣ ва ғ.ҳ.-ро меоварданд. Ҳоло метавон гуфт, ки рушди фановариҳои муосир ва имконоти он, ба вуҷуд омадани як гуруҳ расонаҳои мустақили чопӣ ва сомонаву пойгоҳҳои хабарӣ ҷомеа ва ҳукумати кишварро аз «зиндони иттилоотӣ»-и русҳо то ҷое берун кард. Аммо аз зиндони иттилоотии русҳо берун гардида, ҳоло мо дар «колонияи умумӣ» қарор дорем.

Бале, шароит дар ин ҷо аз зиндон беҳтар аст. Имкони шунидан, тамошо кардан ва хондани хеле чизхо ҳаст. Аммо ин имконро баъзе аз масъулини ниҳодҳои зирабт ба қадри тавонашон маҳдуд намуда, дастрасӣ ба матолиби “бегона”-ро то ҳади тавон зери назорат мегиранд. Хеле аз ин кўшишҳо хандаовар низ ба назар мерасанд.

Аммо дар ҷаҳони муосир ин роҳи ҳал нест. Маҳдуднамоӣ, шикастан, бастан ва амсоли ин дигар амалҳо ҳади ниҳоӣ дорад ва метавонад аксуламали ҷиддитаре ба миён орад.

Агар ҳатто  ҳукумат дар самти иттилоот таҳдиде ба амнияташ эҳсос мекунад, боз ҳам шикастану бастан роҳи ҳал нест. Амалияи расонаии кишварҳои ҷаҳон роҳҳои сабуктар ва манфиатовареро таҷриба кардаанд, ки фурсати он расидааст, ки Тоҷикистон низ аз он кор бигирад. Дар ин самт танҳо хостан кифоя нест. Бояд ба масъала аз мавқеъи давлатмеҳварона нигаристу даст ба кор шуд:

1.Шакли маблағгузории давлатии телевизионҳои Тоҷикистонро бояд тағйир дод. Бигзор шабакаҳои телевизиони давлатӣ дар асоси озмун 80 дарсади барномаву тарҳҳои телевизиониро аз студияҳои хусусӣ ва ҷамъиятӣ харидорӣ намоянд. Ин амал роҳи рақобати солимро боз мекунад. То вақте, ки Кумитаи телевизион ва радио аст, ин кор ношуданист. Аз ин рў, салоҳиятҳои ин кумитаро ба Вазорати фарҳанг ва иттилоот дода, худи онро барҳам задан айни муддао мебуд;

2. Чун ҳич зарурате барои пахши хабарҳои ҷаҳон дар се шабакаи давлатӣ нест, бубояд, ки шабакаи “Ҷаҳонннамо”-ро ребрендинг карда, онро ба шабакаи хабарии минтақавӣ бо 5 дафтари корӣ дар кишварҳои Осиёи марказӣ табдил диҳем. Аз барои Худо айб аст, ки шабакаҳои афғонӣ дар ҳудуди Тоҷикистон афкорсозӣ кунанду мо як шабакаи минтақавӣ надошта бошем. Ин кор харҷи иловагиро талаб, ки намекунад;

3. Вақти он расидааст, маблағгузории нашрияҳои соҳавӣ, минтақавӣ ва дигар нашрияҳое, ки дар пур кардани халои иттилоотӣ нақше надоранд, аз ҳисоби буҷаи давлат қатъ шавад. Эълони озмун барои амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ дар бахшҳои зарурӣ миёни расонаҳои мустақили электрониву чопӣ ва шабакавӣ салоҳ аст;

4. Ҳукумати Тоҷикистон аз имконоти интернет барои ба вуҷуд овардани фазои маънавиву фарҳангии тоҷикӣ бояд васеъ истифода барад. Интернет, шароитеро фароҳам овадааст, ки Тоҷикистон метавонад, на танҳо барои сокинонаш балки барои тоҷикони бурунмарзӣ низ фазои фарҳангиву маънавии худиро талқин намояд. Аз ҷумла барои 10 млн насли нави тоҷикони Ўзбакистон бо забони тоҷикӣ ва бо хати лотинӣ ва барои тоҷикони Афғонистону дигар манотиқ бо хати ниёкон сомонаву пойгоҳҳое роҳандозӣ намояд. Бахшҳои узбакии /лотинии “Азия-плюс”-у “Тоҷнюс” ва “Озодагон” ба фоидаи коранд, ки ба зарар на.

Барои ин бор, ҳамин пешниҳодотро ироа карда, умед мебандем, ки масъулини ҳукумати феълӣ низ хостори онанд, ки мардуми кишвар на дар колонияи умумӣ, балки дар муҳити озод зиндагӣ кунанд.

 

Абдуазими Абдуваҳҳоб.

(Аз ҳафтаномаи "Нигоҳ", (5 сентябри 2013).

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер