Аммо, фақат дар Пруссия не!

Нақл мекунанд, ки наздик ба 300 сол пеш дар Пруссия шоҳ Фридрихи бузург хост осиёберо, ки дар наздикии кохи ӯ буд ва бо сару садоҳояш музоими ӯ шуда буд, худсарона аз соҳибаш, ки як кишоварз буд,  бигирад. Кор ба таҳдид расид. Ҳине, ки шоҳ кишоварзро таҳдид мекард, кишоварз дар ҷавоб ба шоҳ гуфт:  «Вале ҳанӯз дар Пруссия додгоҳҳо вуҷуд доранд!».

Яъне дар Пруссия додгоҳҳо ҳанӯз вуҷуд доранд ва кишоварз имкон дорад ба онҳо аз ҳукумат ва шоҳ шикоят намояд. Шоҳ аз ин суханони кишоварз то ҳадде хурсанд ва ҳаяҷонзада шуд, ки дастур дод дар кохаш ин суханони кишоварз нақшбандӣ бишаванд…

Аммо ҳар замон вақте мавзӯи мустақилияти парлумон, судяҳо ва матбуоти Тоҷикистон пайдо мешавад, дигар маълум аст, ки мамлакат ба сохтани ҷомеаи шаҳрвандӣ, қонунманд, ислоҳоти амиқи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ниёз дорад. Аммо бояд ба назар гирифт, ки ин дар он сурат ба даст хоҳад омад, ки дар ҷомеа ҳар инсон аз ҳуқуқи баробар бархӯрдор бошад. Дар ҷомеае, ки додгоҳҳо (судҳо) комилан номустақиланд, ҳатто онҳо наметавонанд рафторе анҷом бидиҳанд, ки хилофи Қонуни асосӣ ва дигар қонунҳои кишвар нест, пешрафтеро интизор гардидан номумкин аст. Яъне бояд дар назди қонун ҳама баробар бошанд, ҳам дар масъулият ва ҳам дар бахши ҳимояти озодиҳои инсонӣ.

Ин тарзи андешаву суолгузории Шумо мавзӯи сохти низомҳои машрутахоҳӣ (монархияи конститутсионӣ) ва ҷумҳурӣ аст. Ҳукуматҳои ҷумҳурихоҳӣ ва машрутахоҳиро бо ин мақсад ба миён кашидан зарур аст, ки дар минтақаи мо - Осиёи Марказӣ ба таҳаввулоти сиёсии шаклгиранда бояд бархӯрди оқилона намоем. Ман худам ҷонибдори ҷумҳурӣ ҳастам, вале на ба он шакле, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз он ёд мешавад. Ба таври дигар, дар минтақаи мо аз ҷумҳурият танҳо ном аст ва системаи мавҷуд дар ин кишварҳо кратократӣ, яъне зӯргӯӣ ва таҷовузгарона аст. Ба асли асосии ҷумҳурият, ки раъйи мардум мебошад, низомҳои мавҷуд шадидан дар мухолифат қарор доранд. Аз ин рӯ, риояи қонунҳо интихобӣ сурат мегирад. Яъне, агар қонунро Алӣ вайрон кард, ба ӯ як ҷазо ва агар Валӣ вайрон кард, ҷазои дигар хоҳанд дод. Пеш аз ин, агар Алӣ қонунро вайрон кард, гап нест, аммо агар Валӣ на танҳо қонунро вайрон накард, балки ба касе маъқул нашуд, «статя» ва «ҷазо» -ро «метарошанд...

Умуман, дар Осиёи Марказӣ мо бо кишварҳои гуногуне рӯ ба рӯ ҳастем, ки таҷрибаи начандон калони давлатдории мустақил доранд, албатта ба истиснои Эрон, ки кишварест бо таърих ва фарҳанги чандинҳазорсолаи подшоҳӣ ( дар ёд дошта бошем, ки Эрон таҷрибаи машрутахоҳиро аз сар гузаронида, таҷрибаи ғании сиёсӣ ва зеҳнӣ дар ин замина дорад). Афғонистон дорем бо таҷрибаи азими шоҳаншоҳӣ ҳамчун бахше аз Эронзамин ва тақрибан 300 сол таҷрибаи мустақил, вале шоҳаншоҳӣ ва бо фарҳанги эронӣ ( юриши урдуи Русияи шӯравӣ ва оқибатҳои фоҷиабори он то ба ҳанӯз домангири мардуми ниҳоят ранҷкашидаи Афғонистон аст, давраи мустақил ва тӯлонӣ набуд). Кишварҳои тозаистиқлолёфтаи Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Тоҷикистон ва ӯзбекистон низ дорои таърихи мухталиф мебошанд, аммо бунёди фарҳангии ин кишварҳоро фарҳанги қадимии Эронзамин ташкил медиҳад.

Тавре ҳамагон огоҳанд, сарчашмаи низоми ҷумҳуриятхоҳонро халқ ташкил мекунад. Сарчашмаи истиқлол низ халқ аст, яъне ҳукумати мардумро эътироф мекунад. Ҳукумати мардум ҳатман қонунҳои демократиро ба бор дорад, дар маркази демократӣ- фардият қарор дорад, бидуни риояти фардият, ҳаққу ҳуқуқи инсон, ҷомеаи демократӣ наметавонад вуҷуд дошта бошад. Бидуни интихоботи озод ва комилан демократӣ ҳарфи ҳукумати мардумро матраҳ кардан ғайримантиқӣ ва комилан корест бемаъно ва ҳатто барои мавҷудияти кишварҳо хатарнок. Он чиро, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба унвони низоми ҷумҳурӣ ном мебаранд, дар асл низомҳои зӯргӯӣ, зидди ҳаққу ҳуқуқи инсон мебошанд. Ихтиёротеро, ки сарварони кишварҳои минтақа дар қабзаи худ нигоҳ медоранд, вақте дар интихоботҳои озоду демократӣ ва бо риояти ҳуқуқи фардият интихоб нашаванд, даврони худсариҳои қайсарон ё худ султонбошиҳои қуруни вусторо ба хотир меоранд.

Дар мо ҳамоно фикр мекунанд, ки  барои кишварҳои мо ҳукумати ҷумҳурихоҳ ба ҳеҷ ваҷҳ корсоз набуда, балки бӯҳронофарин низ хоҳад буд. Дуруст аст, ки  кишварҳое мисли мо дорои таърихи чандинҳазорсолаи салтанатӣ буданду гӯё фарҳанги сиёсии худкома ва худкомапарастӣ ҷузъи фарҳангу таърихи ин кишварҳост. Аз ин рӯ, подшоҳи одил ва ғамхору хирадманд дар зеҳни мардум аст. Салтанат дар ин кишварҳо ҷанбаи эътиқодоти мазҳабӣ низ дорад. Онҳо намояндаи худо ва ҳомиву пуштибони ахлоқиёт, пешрафти ҷомеа мансуб мешаванд.

Пас дар ин гуна кишварҳо чӣ гуна мешавад аз суди мустақил сухан гуфт?

Хоса, вақте ҳама аз болои судяҳо ба «подшоҳи одил» муроҷиат мекунанд...

Раҷаби Мирзо, «Фараж», №36, 5-уми сентябри соли 2013

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер