Соати 9.00-и 6-уми сентябр (рӯзи ҷумъа) дар толори ошёнаи дуюми бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон, мулоқоти аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъпурсии ҶТ  (КМИР ҶТ) бо журналистон баргузор мегардад.

Тавре ки раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, узви КМИР  Акбаралӣ Сатторов ба Odob.tj хабар дод, дар ин нишаст масъулини КМИР ба рӯзноманигорон тартиби кори Коммисияи марказии интихобот ва шеваи муносибати он бо намояндагони ВАО-ро  шарҳу тавзеҳ медиҳанд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар рафти мулоқот суханронии раиси Комиссияи  мапнтихобот ва раъпурсии ҶТ  Шермуҳамади Шоҳиён,  раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов ва раиси Шӯрои ВАО-и ҶТ Қироншоҳи Шарифзода ва саволу ҷавоб миёни аҳли нишаст дар назар аст.

 

Odob.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер