Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Бан Ки Мун дар гузориши солонаи худ ба баста шудани созмони ҳуқуқшиносони ҷавон “Ампаро” таваҷҷӯҳ намудааст.

Дабири кулли СММ дар гузоришаш ишора кардааст, ки ин созмон дар мубориза алайҳи шиканҷа ва бархӯрди нодуруст ба қазияҳои он, бо ниҳодҳои СММ оид ба ҳуқуқи башар ҳамкорӣ дошт.

Бояд тазаккур дод, ки созмони мазкур дар самти даъвати шаҳрвандон ба хизматӣ ҳарбӣ ба ҳимояи ҳуқуқи даъватшудагон машғул буд.

Моҳи июни соли 2012 Раёсати адлияи вилояти Суғд ҷиҳати барҳам додани Анҷумани ҳуқуқшиносони ҷавон - «Ампаро», ки ба ҳифзи ҳуқуқи даъватшавандагон ва хизматчиёни ҳарбӣ машғул буд, бо аризаи даъвогӣ ба Суди шаҳри Хуҷанд муроҷиат кард ва.24 октябри соли 2012,  Суди шаҳри Хуҷанд фаъолияти созмони ҳуқуқшиносони ҷавон "Ампаро"-ро мамнӯъ донист.

 

Odob.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер