Медиа Алянси Тоҷикистон дар бораи оғози лоиҳаи махсуси «Ман ҳамраъй ҳастам» хабар дод, ки Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии журналистон - 8 сентябр бахшида шудааст. Имрӯзҳо гурӯҳи МАТ бо гурӯҳи Сафорати ИМА дар Душанбе футболи дӯстона бозида, ҳамзамон бо ҷалби ситораҳои санъат ва дигар чеҳраҳои машҳури ҷамъиятӣ аксияи махсус гузаронида истодааст. Ҳафтаи сипаришуда 15 расонаи ватанӣ дар саҳифаҳои худ баннерҳоро бо акси шахсиятҳои намоён ва сарояндагони эстрада ҷой доданд, ки аз забони ҳар яке гуфта мешавад: «Ман ҳамраъям!». Онҳо бо журналистон ҳамраъянд ва баҳри дастгирии ин аксия, ки Медиа Алянс ҳамасола барои рӯзноманигорон доир мекунад, изҳори омодагӣ менамояд. Дар ин хусус котиби нави генералии Медиа Алянс Гулнора Амиршоева назарҳои худро иброз медорад.

- Гулнора, сароғоз мехостем чанд сухан дар бораи Рўзи ҳамраъйии журналистон мегуфтед?

- Бояд зикр намуд, ки МАТ ташаббускори асосии ҷашн гирифтани ин рўзи ҳамраъйӣ дар Тоҷикистон (International Day of Journalists' Solidarity) мебошад, ки ҳамасола рўзи 8-уми сентябр қайд карда мешавад. Ҳанўз соли 2005, замоне, ки МАТ нав таъсис ёфт, ташкилоти мо дар бораи ҷашнгирии ин рўз эълон дода буд. Ин замоне буд, ки ҳанўз ташкилотҳои журналистӣ на он қадар фаъол, балки то ҷое ҳатто пароканда буданд. Ва андешаҳое низ ҷой доштанд, ки журналистони Тоҷикистон байни ҳамдигар ҳамраъйӣ надоранд. Ҳамон вақт МАТ аз ташкилотҳои ҳампеша ва журналистон даъват карда буд, ки сари як миз ҷамъ оянду баҳри пешбурди бозори ягонаи ВАО андешаҳои судманд пешниҳод намоянд.

Инак, бо гузашти чанд сол, ҳоло мебинем, ки вазъият дигар шудааст. Имрўзҳо бисёр муроҷиатномаҳо ва аксияҳои ташкилотҳои журналистӣ дар ҳамроҳӣ бо якдигар мувофиқ карда мешаванд, мавқеи умумии ВАО дар муносибат бо давлат ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ низ ба андозае ягона аст, ки дар ин ҷо албатта саҳми МАТ низ ҳаст.

- Барои чӣ дар лоиҳаи охирини шумо акси намояндагони ҷамъиятӣ ва ё ситораҳои мусиқӣ ҷой гирифтаанд?

- Чеҳраҳои шинохташуда на танҳо дар кишвари мо, балки дар хориҷа низ нақши калидиро дар муттаҳидсозии ҷомеа доранд. Дар аксияи мо онҳо нақши пайвандгари гурўҳҳои журналистӣ дар Тоҷикистон, баҳри гул-гулшукуфонии ватанамонро доранд. Ҳамчунин ин он маъноро дорад, ки ВАО дар Тоҷикистон бештар ранги касбӣ гирад, мустақил шавад. Воқеан, ин амал шояд такондиҳандаи бозори таблиғотии нашрияҳо дар самти рекламаи шоу бизнес, варзиш ва фарҳанг низ гардад.

Аз фурсат истифода бурда, мо ба чеҳраҳои шинохтаи соҳаи фарҳангу варзиш ва мусиқӣ: оҳангсози машҳур Толибҷон Шаҳидӣ, режисёри барҷаста Барзу Абдураззоқов, варзишгарони шинохтаи тоҷик Дилшод Назаров ва Расул Боқиев, ситораҳои эстрада Ҷонибек Муродов, Парвин Юсуфӣ, Таҳмина Ниёзова, ки ин лоиҳаи моро дастгирӣ намудаанд, изҳори миннатдорӣ мекунем.

- Воқеан, бозии дўстона оид ба футбол бо сафоратхонаи Амрико ба кадом маънист?

- (Механдад). Аслан ин як вохўрии дўстона мешавад, ки миёни аъзоёни МАТ ва кормандони сафоратхонаи ИМА мегузарад. Вале баргузории ин бозӣ низ, ки тамоми хароҷоташ аз ҳисоби МАТ мегузарад, ишораҳои рамзӣ дорад. Бо ин мо ба тамоми ташкилотҳои донориву миссияҳои дипломатие, ки бо мо ҳамкорӣ доранд, гуфтанием, ки моро ҳамчун шарикони баробар қабул кунанд. Яъне доираи журналистии Тоҷикистонро на чун доимо танқидкунандагон ё мухолифон ва ё доимо грантпурсандагон, балки ҳамчун шарики баробар қабул кунанд. Мо як ҷузъи ин ҷомеа ҳастем ва ҷониби дигар низ ҷузъи ин ҷамъият ҳастанд. Дар навбати лоиҳаи мо боз ҳукумат ҳаст, ҳукуматҳои маҳалӣ ва ҳатто соҳибкорон низ. Мо бо ҳамаи онҳо бо навбат вохўрданӣ ҳастем, тариқи бозии футбол ё дигар намуди мусобиқа, муҳим нест. Муҳим ин ки, дискуссия шавад, мо бояд фаҳмем, ки ҳамаи мо узви як тан ҳастем.

Айни замон, мо бисёр шод ҳастем, ки сафоратхонаи ИМА ҳамраъйии худро бо доираи журналистии Тоҷикистон нишон дода, ин таклифи варзишии моро қабул кард. Аъзоёни дастаи МАТ то ҳол таҷрибаи дар ягон намуди варзишӣ як даста шуда бозӣ карданро надоштанд ва ин як имтиҳоне дар якдигарфаҳмӣ барои бачаҳои мо хоҳад шуд. Умед мебандем, ки дар ин бозии дўстона дастаи МАТ ғолиб мебарояд.

- Дар тими МАТ киҳо бозӣ мекунанд ва бозӣ кай баргузор мешавад?

-  Гуфтан мумкин аст, ки тими МАТ аз роҳбарони нашрияҳои шинохтаи кишвар иборат аст: капитани даста Шўҳрат Негматуллаев - сармуҳаррири нашрияи «Варзиш-спорт», Фирўз Ҳасанов - BTL-директори ҷамъияти кушодаи "Тотал Эдвертайзинг Групп",  Дилшоди  Абдулмаҷид - директори иҷроияи МТЖ (газетаи «Фараж»), Зафар Абдуллоев - директори маркази «Контент», Муним Оламов - директори генералии газетаи «Имрўз News», Субҳон Ҷалилов - муҳаррири радиои «Ватан», Ҷамшед Улмасов - директори ОИ «Авесто».

Вохўрӣ 7-уми сентябр, соати 11 дар толори нави комплекси варзишии Яккачинор баргузор мешавад. Марҳамат, метавонед биёед ва дастаи дилхоҳатонро дастгирӣ намоед.

Сўҳбати Фирўз ҚОСИМОВ

 

Барои маълумот:

Медиа Алянси Тоҷикистон аввалин ассосиатсияи журналистии кишвар аст, ки барои муттаҳид намудани ВАО-и касбиву рӯзноманигорони таҷрибаомӯз ва рушд ёфтани бозори матбуот дар ҷумҳурӣ кор мебарад. Он соли 2005 таъсис дода шуда, айни замон 25 нафар журналисти беҳтарини Тоҷикистон аъзояш ҳастанд. Доираи фарогирии Медиа Алянс (хонандагону шунавандагон) аз 1,5 млн. нафар дар шаҳри Душанбе, водии Ҳисор ва шаҳри Қӯрғонтеппа иборат аст.

Ҳафтаномаи «Фараж» №36, 5-уми сентябри соли 2013

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер