Сафорати Россия дар Тоҷикистон аз навиштаҳои матбуоти Тоҷикистон дар бораи нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони тоҷик дар Россия изҳори нигаронӣ кардааст.

Сафорат дар саҳифаи Фейсбуки худ навиштааст, ки аз матолиби матбуоти Тоҷикистон дар бораи нақзи ҳуқуқ ва ҷиноятҳо алайҳи шаҳрвандони тоҷик дар Россия тасаввуре ҳосил мешавад, ки "гӯё алайҳи онҳо дар Россия ҷанги воқеӣ идома дорад".

Ба навиштаи Сафорат, аз миёни “якуним ё ду миллион нафар“ аз муҳоҷирони тоҷик, фавтидан ё ба ҳалокат расидани теъдоде аз онҳо ҳодисаи ногузир аст, вале инро “онгунае ки бадхоҳон дар матбуоти Тоҷикистон шарҳ медиҳанд», дуруст нест, ки кори дасти «сартарошидаҳои» рус арзёбӣ намуд.

Ҳамзамон Сафорат дар такя ба омори Вазорати корҳои дохилии Россия, навиштааст, ки соли 2012 дар қаламрави Россия 1700 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ дар нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон сурат гирифтааст. Дар ин росто мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Россия дар нисбати қатли шаҳрвандони Тоҷикистон 66 парванда боз кардаанд.

Дар баробари ин, Сафорати Россия мунтазам дар бораи нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон навиштани матбуоти тоҷикро ноодилона хонда, шарҳ додааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон соли 2012 дар Россия ба 7005 ҷиноят, аз ҷумла 1201 қочоқи маводи мухаддир, 59 қатл, 57 таҷовуз ба номус ва 198 роҳзанӣ, даст задаанд.

Odob.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер