Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, ки сомонаи Ютуб барои онҳо дастрас шудааст.

Ин бори чандум аст, ки сомонаи Ютуб ба мизоҷони Тоҷикистонӣ дастнорас мегардад. Қаблан хабаргузориҳо дар мавриди дастнорас гардидани Ютубро ба пахши навори туйи писари Президенти Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ унвон карда буданд.

Охири моҳи майи соли ҷорӣ дастрасӣ ба сомонаи Ютуб масдуд гардида буд. Масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар бораи иллати маҳдудият изҳори беиттилоӣ намуда буданд.

Odob.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер