Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон рӯзи 6-уми сентябр зимни як маҳфил дар толори Маркази тадқиқоти стратегӣ ба журналистон тартиби кору иштирок дар интихоботро шарҳ медиҳанд. Дар ин бора ба Odob.tj раиси ИЖТ Акбаралӣ Сатторов хабар дод.

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, бо пахши як муроҷиатнома таваҷҷуҳи зиёди расонаҳоро ба интихоботи президентӣ таъкид карда, меафзояд, ки барои иҷрои ин вазифаи хеле пурмасъулият хабарнигорон бояд омодагии хуб дошта бошанд. Бо ин мақсад барои ошно намудани журналистон бо тартиби иштирок ва инъикоси маъракаи интихобот дар ВАО бо раиси КМИР Шермуҳаммади Шоҳиён ва дигар масъулини комиссия мулоқот доир мекунанд.

Odob.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер