Интихоботи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи  6-уми ноябри соли ҷорӣ баргузор мегардад. Ҷаласаи муштараки Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 30-юми август, дар ин бора қарор қабул намуд.

Пешниҳоди раиси Маҷлиси Намояндагон Шукурҷон Зуҳуровро дар бораи баргузории интихоботи Президенти ҷумҳурӣ ба санаи 6-уми ноябри соли ҷорӣ аз сӯи вакилони Маҷлиси Намояндагон ва аъзои Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аксари овоз (30 аъзои Маҷлиси Миллӣ ва 63  вакилони Маҷлиси Намояндагон) қабул шуд.

Дарвоқеъ, 6-уми ноябр дар Тоҷикистон ба унвони Рӯзи қабули Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ рӯзи истироҳат аст.

 

Раиси ҲНИТ ва вакили  Маҷлиси Намояндагон Муҳиддин Кабирӣ дар зимни суханронӣ дар ҷаласаи муштараки Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон аз санаи  баргузории интихобот дар 6-уми ноябр истиқбол карда, гуфт, ки "ман шаке надорам, ки интихобот дар фазои босубот, ором ва озод нагузарад". Муҳиддин Кабирӣ афзуд, ки "чун маъракаи интихоботӣ муваққатӣ аст, мансабҳо муваққатӣ аст, бояд тарзе рафтор кунем, ки фардо ба чашми ҳамдигар нигоҳ карда тавонем".

Дигар вакили ҳизбӣ, раиси Ҳизби комунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов  дар зимни суханронӣ гуфт, ки "шаффофияти интихоботӣ дар ҳеҷ кишвари дунё сад дар сад таъмин нахоҳад шуд, аммо ба қадри имкон мешавад, ин меъёрро таъмин кард".

Гуфтанист, ки то ба ҳол  аз аҳзоби сиёсӣ ва шахсиятҳои маъруф касе ба ҳайси номзад аз худ дарак надодааст. Ҳарчанд дар доираҳои ҳукуматӣ аз эҳтимоли дар интихобот пешбарӣ шудани номзадии президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ  Эмомалӣ Раҳмон гоҳ-гоҳ сухан мегӯянд, худи ӯ дар ин бора ҳанӯз изҳори назар накардааст.

Дуруст аст, ки ҳафтаи охир раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров дар расонаҳо дар интихобот ба ҳайси номзад иштирок карданашро пинҳон надошт ва  раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов ба расонаҳо гуфт, ки ҳизби коммунистон ба муборизаи интихобот мустақилона ва бидуни шарик шудан ба эътилофҳо, ворид хоҳанд шуд. Тибқи иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, имсол тақрибан 4 миллион нафар сокинони ҷумҳурӣ  ҳаққи раъйдиҳӣ дар интихоботро доранд ва аз ин теъдод ҳудуди 900 ҳазор нафарашон дар хориҷ аз кишвар кору зиндагӣ доранд.

Odob.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер