Искандари Фирӯз, журналисти шинохтаи тоҷик,  корманди бахши Тоҷикистонии радиои ВВС дар сӯҳбати телефонӣ бо Odob.tj гуфт, ки саломатиаш беҳ гардидааст ва шурӯъ аз рӯзи  душанбе, 2-юми сентябр ба кори худ бармегардад.

Ёдовар мешавем, ки Искандари Фирӯз 9-уми октябри соли 2012 дар як садамаи нақлиётӣ, ки ӯро писараш Ҷавоншери Фирӯз ҳамроҳӣ мекард, ҷароҳати вазнин бардошт ва тӯли 11 моҳ табобат гирифт.

Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сабабгори ин садама Нурулло Шарифовро муттаҳам дониста, ба муҳлати се солу се мҳ аз озодӣ маҳрум кард.

 

Odob.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер